Дар шаҳри Панҷакент бар асари як ҳодисаи нохуш 7 корманди Корхонаи воҳиди давлатии Обу корез (“Водоканал”) ба ҳалокат расиданд. Фоҷиа шоми шанбеи 13-уми май дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон рух додааст. Дар ин бора аз шаҳрдории Панҷакент ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, коркунони Корхонаи Обу корези шаҳр қубурҳои канализатсияро таъмир мекарданд. Ба онҳо ду сокини маҳаллӣ кумак карданд.
“Мутаассифона, дар ҷараёни кор ҳама аз зиёд будани газ дар қубурҳои таъмиршаванда беҳуш шуданд. Сокинони маҳаллӣ онҳоро берун кашида, ёрии таъҷилиро даъват карданд, вале дар роҳ ба беморхона 7 нафар ҷон доданд”, - афзуданд дар шаҳрдории Панҷакент.
Дар миёни кушташудагон сармуҳандиси ин корхона низ ҳаст.
Баҳром Исломзода, раиси Корхонаи воҳиди давлатии Обу корези Панҷакент аслан аз ноҳияи Данғара буда, ҷасадаш ба онҷо фиристода шудааст. Ҷасади Ҷамолиддин Назиров, ки ба гуфтаи манбаъ, ӯ низ аз ноҳияи Данғара будааст, ба зодгоҳаш фиристода шудааст.
Ҷасади Дилшод Маҳмудов, Ғайрат Мустафоев, Ҳамроқул Самадов, Ризо Мустафоев, Саидҷон Самадов субҳи 14 май дар қабристони Таги Камари шаҳри Панҷакент ба хок супурда шуд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ду сокини маҳаллӣ Рустам Бобокалонов ва Комилҷон Бобоев, ки дар ин ҳодиса осеб дида, дар беморхонаи марказии Панҷакент бистарӣ шуда буданд, ҳоло мураххас шудаанд ва вазъи онҳо таҳти назорати табибон қарор дорад.
Мақомот мегӯянд, ки таҳқиқи ин ҳодисаро оғоз кардаанд.
“Душманонаш ташкил карданд”. Ҳамсари раиси пешини Конибодом боздошти шавҳарашро тасдиқ, аммо айбро рад кард
Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ
Қатар муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар фурудгоҳ даъват мекунад. Маош чӣ қадар аст ва талабот чист?
Арабистони Саудӣ ба ҳазор кӯдаки ятим дар Тоҷикистон ҳар моҳ $100 кӯмак мекунад
Маҷлиси миллӣ тасвиб ва президент имзо кард. Ҳамакнун барои дуздии барқ то 10 сол зиндонӣ мекунанд
ICB фоизи қарзҳо барои тиҷоратро паст намуд
“Муборак сабқати сахти “Парасту”. Гузориш аз рӯзи нахустини ҷашнвораи “Парасту - 2025”
Ҷаримаи 28 ҳазору 500 ронанда дар пайи амалиёти 10 рӯзаи “Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо”
Дар Тоҷикобод ду кӯдак дар дарё ғарқ шудаанд
"Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд". Гузориш аз Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста