Субҳи имрӯз, 26-уми май, Каромат Умедоваи 43-сола, яке аз маҷрӯҳони таркиши балоги газ дар ноҳияи Панҷ, ки дар шуъбаи эҳё буд, ҷон дода, вазъи 7 нафари дигар то ҳол вахим аст. Дар ин бора аз Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Манбаъ гуфт, ҳамчунин 9 маҷруҳи дигар аз беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ рухсат дода шуда, таҳти назорати табибон қарор доранд.
“Ҳоло 14 нафар маҷрӯҳ дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ, 2 нафар дар беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар ва 2 нафари дигар дар беморхонаи шаҳрии рақами 3-и Душанбе бистарӣ ҳастанд”, - гуфтанд аз Вазорат.
Аз Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ гуфтанд, аъзои бадани зани фавтида 70 фисад сухта буд.
Ба иттилои онҳо, ҳоло 7 нафар, аз ҷумла 2 кӯдаки хурдсоли 3 ва 4-сола дар шуъбаи наҷот қарор доранд. 7 нафари дигар дар шуъбаи ҷарроҳӣ бистарӣ шудаанд.
Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 20-уми май дар нуқтаи омода кардани хӯрокҳои зудтайёр дар маркази ноҳияи Панҷ балони гази моеъ таркид. Дар натиҷаи ин ҳодиса 28 нафар ҷароҳат бардоштанд. Синну соли қурбониён аз 3 то 70-сола мебошад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби таркишро риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми пур кардани балон бо гази моеъ номид.
“Душманонаш ташкил карданд”. Ҳамсари раиси пешини Конибодом боздошти шавҳарашро тасдиқ, аммо айбро рад кард
Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ
Қатар муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар фурудгоҳ даъват мекунад. Маош чӣ қадар аст ва талабот чист?
Арабистони Саудӣ ба ҳазор кӯдаки ятим дар Тоҷикистон ҳар моҳ $100 кӯмак мекунад
Маҷлиси миллӣ тасвиб ва президент имзо кард. Ҳамакнун барои дуздии барқ то 10 сол зиндонӣ мекунанд
ICB фоизи қарзҳо барои тиҷоратро паст намуд
“Муборак сабқати сахти “Парасту”. Гузориш аз рӯзи нахустини ҷашнвораи “Парасту - 2025”
Ҷаримаи 28 ҳазору 500 ронанда дар пайи амалиёти 10 рӯзаи “Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо”
Дар Тоҷикобод ду кӯдак дар дарё ғарқ шудаанд
"Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд". Гузориш аз Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста