Волидайни Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарони эҳтимолии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав гуфтаанд, ки шаш моҳ мешавад, ки бо писарашон мулоқот карда наметавонанд ва аз ҳоли ӯ хабар надоранд.
Дар ин бора Гулракат Мирзоева модари Далерҷон Мирзоев дар суҳбат бо хабаргузории "РИА Новости" гуфтааст.
“Мо ба назди писарамон рафта наметавонем, касе нест, ки моро бибарад, аз рӯзе ки ин ҳодиса рух дод, мо бо ӯ сӯҳбат накардаем ва ҳоло намедонем, ки ӯ чӣ ҳол дорад”,- гуфтааст Мирзоева.
Ҳамчунин, Барот Мирзоев, падари Далерҷон Мирзоев гуфтааст, борҳо аз маъмурони пулиси ноҳияи маҳалли зисташ пурсон шудааст, ки аз куҷо ва чӣ гуна аз ҳоли писараш хабардор шавад, аммо мақомот посух надодаанд.
Далерҷон Мирзоеви 32-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз чаҳор гумонбари асосӣ дар ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” аст. Дар наворе, ки ҳангоми боздошти ӯ сабт шудаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, мушоҳида мешавад, ки ӯро кормандони мақомоти Русия аз болои дарахте дар вилояти Брянск поин фароварда, ба дастонаш завлона мезананд.
Як рӯз пас Мирзоевро дар ҳоле ба додгоҳ оварданд, ки дар сару рӯяш осори латукӯб мушоҳида мешуд.
Падару модар, хешовандон ва омӯзгорони Далерҷон Мирзоев аз даст доштани ӯ дар ҳамлаи террористӣ бовар надоранд.
Ҳоло Далерҷон Мирзоев ҳамроҳи се гумонбари дигари ин ҳодиса то моҳи ноябри соли равон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ёдрас мешавем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод, ки дар натиҷа 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд. Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии “Давлати исломӣ” - Вилояти Хуросон ба ӯҳда гирифт.
Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.
Либияву Ироқи сонӣ ё лонаи ифротиён. Сурияро чӣ интизор аст ва ҳаводиси ин кишвар ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад?
Чанд соҳибкор барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд
Иттиҳоми нав дар парвандаи чеҳраҳои шинохта. Абдулфайз Атоӣ ба қаллобӣ ҳам муттаҳам шудааст
Кадом варзишгарони тоҷик дар рӯйхати футболбозони гаронарзиши Осиёи Марказӣ ҳастанд?
Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фармондеҳи ҷавон"
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 11 декабри соли 2024
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
“Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад...” Ёде аз Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов
Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста