Милитсияи шаҳри Душанбе як мардро бо гумони куштори фарзанди дусолааш боздошт ва бар зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як навор дар ин бора хабар дода, аз ин мард Ҷаҳонгир Қурбонзода ном бурдааст. Ӯ сокини ноҳияи Темурмалик буда, дар хонаи иҷора дар Душанбе зиндагӣ мекардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, гумонбаршуда рӯзи 14-уми сентябри соли равон вақте дар ҳолати мастӣ ба хонааш меояд, гиряву фиғони духтарчааш ӯро асабӣ мекунад. Ӯ тоқат накарда, аввал ҳамсарашро латукӯб карда, пасон духтарчаашро бо тасма мезанад ва дар охир ӯро буғӣ карда мекушад.
“Худи ҳамон шаб бо мақсади рӯйпӯш намудани изи ҷиноят ҷисми беҷони духтарашро ба ноҳияи Темурмалик бурда, ҳамчун марги табиӣ вонамуд сохта, бо баргузории маросими динӣ ӯро дафн намудааст”, - гуфта мешавад дар хабари РВКД дар пойтахт.
Манбаъ аз чӣ гуна дастгир шудани гумонбаршуда чизе нагуфтаст, аммо дар навор дида мешавад, ки боздоштшуда гуноҳи худро иқрор карда, нақл мекунад, ки чӣ гуна даст ба куштори духтари худаш задааст.
Пулис бар зидди ин мард бо моддаи 104 (одамкушӣ бо бераҳмии махсус)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардааст. Ин банди қонун аз 15 то 25 соли зиндон ва ё ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.
Имсол бори якум нест, ки пулис бо гумони қатли хешовандони наздик нафареро дастгир мекунад. Чанде қабл Неъматҷон Эшонқулов, сокини 30 солаи шаҳри Хуҷанд, ки бо гумони куштори ҳамсари ҳомилааш моҳи март боздошт шуда буд, барои одамкушӣ 25 сол равонаи зиндон шуд.
“Ҳукми сангин” ва “додгоҳ кӯдаки ширхорро ба инобат нагирифт”. Вокунишҳо ба ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимова
Нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?
Раиси вилояти Суғд: Соли гузашта дар вилоят беш аз 100 корхонаи саноатӣ аз кор монд
"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, гузаштани Тоҷикистон ба “алифбои дигар айни ҳол матраҳ нест”
Размикори тоҷики ММА Беҳрӯз Зуҳуров ба арсаи ҷаҳонӣ бармегардад
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони "парвандаи табаддулот"-ро эълон кард
Хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои пардохти қарзи давлатӣ хеле зиёд мешавад
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста