Додгоҳи шаҳри Бохтар як мардро барои куштори ронандаи таксӣ дар ҳолати мастӣ 15 сол ва рафиқи ӯро барои хабар надодан дар бораи ҷиноят як сол равонаи зиндон кардааст.
Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони Додситонии вилояти Хатлон ба “Asia-Plus” аз қотил Рустамҷон Расулов ном бурд, ки охири моҳи январи соли равон дар ҳолати мастӣ ронандаи автомашинаи “Тайёта-корола” Саидҷон Шодиев, ки ба таксирон машғул буд, бо корд ба қатл расонидааст.
“Ҳодиса тақрибан соати 19:00 рӯзи 31-уми январи соли 2024 рух додааст. Рустамҷон Расулов дар ҳолати мастӣ бо Саидҷон Шодиев, ронандаи таксӣ муноқишаи лафзӣ мекунад. Ронанда аз ӯ хоҳиш мекунад дар дохили мошин суҳбатро давом диҳанд. Рустамҷон Расулов паҳлуи ронанда мешинад ва баҳсашон идома меёбад. Дар натиҷа, ронанда Рустамҷон Расуловро бо мушт мезанад. Расулов аз ин дар ғазаб омада, бо корди бо худ доштааш ба гардани Саидҷон Шодиев мезанад”, - гуфт Варқа Зайниддин.
Ба иттилои номбурда, аз захми корд ронанда Саидҷон Шодиев ба ҳалокат мерасад.
Гуфта мешавад, ки ҳамроҳи Рутамҷон Расулов рафиқаш Муродҷон Абдуллоев ҳам буд, ки дар ҷараёни куштор ширкат надошт, вале барои хабар надодан ва пинҳон крадани ҷиноят ӯ низ ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Ҳамин тариқ, бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Бохтар Рустамҷон Расулов барои куштор (модаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуда, 15 сол равонаи зиндон шуд.
Ҳамчунин, Муродҷон Абдуллоев барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он (моддаи 347) 1 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Назари худи Рустамҷон Расулов ва Муродҷон Абдуллоев, наздикон ва вакилони дифои онҳо маълум нест.