Кормандони Раёсатҳои ВКД ва Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия дар вилояти Иркутск муовини раиси диаспораи тоҷикон ва раиси маркази миллии ӯзбеконро ба гумони даст доштан дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт намуданд. Ному насаби онҳо зикр нашудааст.

Ба иттилои Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Иркутск, аз моҳи январи соли ҷорӣ роҳбарони ду диаспора дар ҳамдастӣ бо маркази таълими иловагӣ “ба ивази пул ба шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия сертификат (гувоҳнома) дода, он минбаъд ба мақомоти муҳоҷирати ВКД пешниҳод мешудааст.

“Дар ҳамин ҳол, аксари хориҷиён дар амал дар ин бора дониши казоӣ надоштаанд. Ин амалҳои ҷинояткоронаи онҳо ба гирифтани патенти корӣ, инчунин Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар вилояти Иркутск мусоидат кардаанд”, - омадааст дар хабар.

Муайян карда шудааст, ки барои сертификати донистани забони русӣ роҳбарони диаспораҳо 8 ҳазор рубл маблағ гирифта, дар давраи фаъолияти ғайрмиқонунии худ ба сурати умум зиёда аз 1,5 млн рубл даромад ба даст овардаанд.

“Дар ҷараёни кофтуков дар дафтарҳои корӣ ва маҳалли зисти онҳо компютер, флеш-корт, 1,7 млн рубл, кортҳои бонкӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои собиткунандаи амалҳояшон дарёфту мусодира шуданд”, - гуфтаанд дар Сарраёсати ВКД.

Вобаста ба ин амалҳо мутобиқи моддаҳои 204 ва 322.1-и Кодекси ҷиноятии Русия парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудаааст. Яке аз гумонбаршудагон (кадоме аз онҳо зикр намешавад) ба ҳабс гирифта шуда, барои дигарӣ анҷоми амалҳои муайян манъ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.