Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон ҳафтаи гузашта, 17-уми октябр, пеш аз баргузории намози ҷумъа, дар бораи ҷавоне, ки бештар аз як моҳ пеш ба ӯ бо корд ҳамла карда, захмӣ намуд, сухан гуфт. Ӯ гуфт, он ҷавон яке аз ифротагроён буд.
Ба Саидмукаррам Абдулқодирзода шоми рӯзи 11-уми сентябр, баъди намози аср як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо корд ҳамла кард.
Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфт, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд ба муфтӣ ҳамла карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуд. Аммо ному насаби он ҷавонро зикр накард.
Худи Саидмукаррам Абдулқодирзода бо гузашти бештар аз як моҳ, дар ҳоле, ки дар пешониаш осори захм намудор аст, ҳодисаро шарҳ дода, зикр кард, ки “мо намешиносем ӯро, падараш муаллим ва модараш фарроши мактаб будааст”. Ӯ низ ҳувияти ҷавони ҳамлаварро ошкор накардааст.
Дар наворе, ки Маркази исломии Тоҷикистон дар саҳифаи “YouTube”-и худ нашр кардааст, Саидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд, ин ҷавон “фикри ҳамин модарашро накард, ки то тамом шудани ҳисобу китоби вай чӣ қадар азоб мекашад?”. Зоҳиран муфтӣ зери мафҳуми “ҳисобу китоб” тафтиши парвандаи ӯро дар назар дорад.
“Як гурӯҳ, як маҷмӯа, ҷавонони камсаводи каҷфаҳм. Гӯё, ки хидмати ислом кардаанд. Ҳамин гурӯҳҳои тундрав, аслашонро бубинед, мусалмон нестанд. Инҳоро ба воситаи интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунанд. Ҳамон одамҳоеро, ки инҳоро даъват кардаанду роҳнамоӣ кардаанду инҳо анҷом додаанду ё ки маблағҳои муайяне ваъда кардаанд, аслан аз пеш надидаанд”,-илова мекунад раиси Шӯрои уламои кишвар.
Аммо мушаххас нест, ки ӯ дар мавриди кадом гурӯҳ ва чӣ миқдор маблағи ба онҳо ваъдакарда сухан меронад.
Саидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд, вақте аз ӯ пурсиданд, бо ҷавоне, ки ба ӯ ҳамла карда буд, чӣ кунанд, посух додааст, ки “Худо ҳидояташ кунад”.
Бояд гуфт, мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон то ҳол аз ҷараёни тафтиши ин ҳамла ва раванди баррасии парванда маълумоти иловагие ироа накардааст.
Ёдовар мешавем, ки Саидмукаррам Абдулқодирзодаи 61-сола аз моҳи октябри соли 2010 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст ва дар мавъизаҳои худ ҳамеша аз пешгирии ифротгароӣ, фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро нашудани ҷавонон ва шукронаи сулҳу амнияти Тоҷикистон кардани сокинон сухан мекунад.
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста