Дар Маскав иқдомот ба ҳимояи соҳибкори маъруфи тоҷик Зайд Саидов, ки айни замон дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад, баргузор гардид.

Зимнан ҷавонони муқими Маскав дар тан футболкаҳои дорои  навиштаи  « Озодӣ ба Зайд Саидов »  ва  акси ин соҳибкор, ба ҳамаи хоҳишмандон чунин футболкаҳоро тақсим мекарданд.

Чӣ тавре ки ба хабаргузории «АП» созмондиҳандаи ин иқдомот ва узви гурӯҳи ташаббускор оид ба таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Темур Варқӣ иттилоъ дод, ин пешниҳоди аҳли ҷомеа ва одамони оддие буд, ки нисбат ба тақдири Зайд Саидов бетафовут нестанд.

«Ин иқдомот баёни ҳамдилии шаҳрвандӣ мебошад. Боздошти Зайд Саидов ва таъқиби ноодилонаи ӯ вокуниши васеи ҷомеаро ба бор овард. Ин нидои шаҳрвандонро дигар наметавон хомӯш кард, он рӯ ба афзоиш хоҳад буд ва дар тамоми кишварҳое, ки аз рушди мардумсолорӣ дар Тоҷикистон манфиатдоранд ва инкишофи якмарому босуботи кишвари моро мехоҳанд, вокуниши байнулмилалӣ ба бор меорад. Ягон омодагии қаблӣ набуд. Ба хулосае омадем, ки аз ягон воситаи қонунии изҳори иродаи шаҳрвандӣ истифода кунем. Аз ин рӯ, якчанд футболка фармуда, қарор додем, ки онҳоро худ бипӯшем ва ба хоҳишмандон тақсим кунем», - гуфт Варқӣ.

Ба қавли ӯ, дар оғоз қарор буд, ки футболкаҳо дар арафаи рӯзи 27-уми июн, яъне 16-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ омода карда шаванд, зеро Зайд Саидов иштирокдори фаъоли раванди сулҳ аз ҷониби мухолифин буд.

«Дар истиқрори сулҳи Тоҷикистон саҳми ӯ низ ҳаст. Вай ҳамчун шахси донову бомаърифат ва озодандеш ба раванди музокирот ҷалб гардида буд. Аммо имрӯз, баъд аз 16 соли имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ӯ дар маҳбас аст ва ҳама дарк мекунанд, таъқиби ӯ ба ташаббусаш дар мавриди таъсиси ҳизби нав вобаста аст, ки асоси онро технократҳо ва иқтисодшиносон ташкил медиҳанд», - мегӯяд Варқӣ.

Ба гуфтаи ӯ, «ҳамагон медонанд, ки дар Тоҷикистон соҳибкасбони баландистисос хеле камшуморанд. Худи президент чанде пеш иқрор кард, одаме нест, ки бо ӯ кор кардаву кори арзандаро ба ӯ фармуда шавад. Аммо низоми маъмурӣ кормандони болаёқатеро, ки сарфи назар аз маҳалли зодгоҳашон ва ақидаҳои сиёсиашон барои рушди кишвари худ кор карданиянд, берун меафканад. Пайдоиши чунин ҳизб тақозои замон аст. Мо бояд соҳибкасбони баландистисосро ҷалб созем, шахсони арзандаро афв кунем, мардуми сафаркардаро баҳри ободонии кишвар бозхонем, ба онҳо шароити мусоид барои кору пешравӣ таъмин созем».

«Ба ҷойи ин мебинем, ҷоҳилон ва хушомадгӯён шохеро мебуранд, ки тамоми ҳукумат болои он нишастааст. Онҳо мутахассисони арзандаро хатаре ба некӯаҳволии шахсиашон медонанд. Ин мафкураи афроди замонасоз ва муваққатист. Онҳо пояи суботро барҳам мезананд ва умед ба рушду пешравиро аз байн мебаранд. Аммо ислоҳот ҳаётан зарур аст. Мо таҳти фишори замон ҳастем. Ҳарчи бештар қафо мемонем ва рақобатпазириро аз даст медиҳем. Агар ҳукумат дар ин хусус наандешад, ин бинои мо аз харобкориҳои фурсатталабони дохилӣ фурӯ мерезад», - мегӯяд узви гурӯҳи ташаббускори ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав».

Ҳамзамон ба гуфтаи Темур Варқӣ, ин иқдомоти ягона набуда, гузаронидани чунин ҳамоишҳо дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон низ дар назар аст. «Нахустин футболкаҳо маҳз дар Маскав омода карда шудаанд, зеро онҳоро сохибкорони тоҷик, дӯстони Зайд Саидов фармоиш доданд. Фикр мекунам, дар Тоҷикистон ҳам шахсони зиёде ёфт мешаванд, ки ҳозиранд чунин футболкаҳоро бипӯшанд ва тибқи муқаррароти Сарқонуни мо, бидуни вайрон кардани меъёрҳои қонунӣ, ҳамдилии худро бо Зайд Саидов изҳор доранд. Мо ҷонибдори принсипи хушунатпарҳезии фаъоли шаҳрвандӣ мебошем ва аз ҳукумат даъват мекунем, ки таъқиби ғайриқонунии Зайд Саидовро хотима бахшад, хато будани таъқибу фишори ӯро эътироф кунад, адолатро барқарор гардонад ва умедро ба он дубора бедор  созад , ки ҳукумат дар Тоҷикистон ҷавобгӯйи талаботи асри 21 аст, ҳамқадами замон буда метавонад ва пазириши дигаргуниҳову гузаронидани ислоҳоти васеъ дар тамоми соҳаҳои ҳаётро қодир аст», - мегӯяд Варқӣ.

Ба андешаи ӯ, ҳабси Зайд Саидов метавонад бар теъдоди он нобовароне афзояд, ки иддао доранд, ҳукумати мо зарурати дигаргуниҳои осоиштаро намепазирад ва дар байни намояндагонаш одамони боақлу соҳибидрок вуҷуд надоранд, биноан, на ислоҳот, балки сарнагун кардани низоми кунунии сиёсӣ зарур аст ва барои берун шудан аз ин ботлоқ, бояд низоми нав  бунёд гардад .

«Дигарон мегӯянд, набояд ба он ҳукумате муроҷиат кард, ки худашро ба сарнагунӣ мебарад. Яъне ба он ҷиҳати барҳам додани худаш халал нарасонед ва масъулияти пайомадҳои онро бар дӯш нагиред. Аммо сухан на танҳо дар бораи ҳукумат меравад. Чун ҷонибдорони саркӯбсозиҳо киштии умумиро алвонҷ медиҳанд. Яъне агар ҳукумат ба худ наояд ва ба овози рӯзафзуни ҷомеаи шаҳрвандӣ гӯш надиҳад, мо ҳама ё дар ботлоқ меғӯтем, ё тундравони мутаассиб шохеро мебуранд, ки субот бар он пойдор аст. Ба ҳар сурат, умед ба воқеъбинӣ ва соҳибандешии шахсоне, ки дар сатҳи қабули қароранд ва ҳисси масъулият аз ояндаро доранд, андаке бошад ҳам, ҳанӯз бедор аст», - гуфт дар анҷом Варқӣ.