Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо зимни як мулоқоти худ, ки 23-юми октябр дар Люксембург баргузор гардид, сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карда, “Харитаи роҳ”-и минбаъдаро қабул кардаанд.
Дар изҳороти нашркадаи Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин таъкид мешавад, ки дар ин мулоқот бастаи ёздаҳуми чораҳои маҳдудкунанда ва ё таҳримҳо алайҳи Русия низ муҳокима гардидааст. Иттиҳоди Аврупо аҳаммияти пешгирии саркашӣ аз таҳримҳоро таъкид карда, бо ширкаткунандагон ба мувофиқа расидааст, ки ҳамкориҳои худро дар ин замина идома диҳанд.
Дар остонаи ин мулоқот, “Asia-Plus” ба Ҷозеп Боррел, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ бо чанд савол муроҷиат кард, ки посух ба онҳоро пешкаши хонандагон мекунем.
- Иттиҳоди Аврупо ва Амрико пас аз оғози ҷанг дар Украина ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки муттаҳидони дерини Русия ба ҳисоб мераванд, ҳушдор доданд, то ба ин кишвар барои убури таҳримҳо кумак накунанд. Ҳамчунин, ваъдаи мусоидат ба ин кишварҳо ҷиҳати коҳиши вобастагӣ аз Русияро доданд. Бо назардошти равобити анъанавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коҳиши вобастагии ин кишварҳо то куҷо воқеӣ аст ва Иттиҳоди Аврупо дар ин самт чӣ кумаки амалӣ мерасонад?
- Иттиҳоди Аврупо медонад, ки бархе аз таҳримҳои он алайҳи Русия метавонад ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфии ғайримустақим дошта бошад. Аммо Иттиҳоди Аврупо наметавонад барои ин таъсир масъул бошад. Маҳз Русия бо таҷовузи низомиаш алайҳи Украина масъулияти таъсири манфиро ба дӯш дорад. Таҷовуз ба Украина ва нақзи қонунҳои байналмилалӣ ва Оинномаи СММ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар саросари ҷаҳон паёмадҳои худро ба бор овард. Набояд фаромӯш кард, ки бӯҳрони ҷаҳонии ғизо ва энергетикӣ, ки боиси афзоиши қимати ғизо ва нерӯи барқ гардид, натиҷаи бевоситаи ҷанги ғайриқонунии Русия алайҳи Украина мебошад.
Аммо мо омодаем, ки барои ҳалли мушкили пешомада, ҳамгироии бештар бо Осиёи Марказӣ, сармоягузории хориҷӣ ва риояи мувозинат дар муносибат бо Русияву Чин кӯмак кунем. Ғайр аз он, Иттиҳоди Аврупо инчунин барои таҷдиди баъзе барномаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии худ кор мекунад, то ба коҳиш додани таъсири иҷтимоиву иқтисодии ҷанг дар Украина барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак кунад.
- Бо назардошти афзоиши рӯзмарраи сармоягузории Чин ба минтақа оё чунин ба назар намерасад, давлатҳои Осиёи Марказӣ вобастагии худро аз Русия коҳиш дода, ба оғӯши Чин жарфтар ворид мешаванд? Иттиҳоди Аврупо раванди мазкурро чӣ гуна баҳо медиҳад?
- Кишварҳо дар интихоби шарикӣ бояд озод бошанд. Бо вуҷуди ин, муҳим аст, ки чунин шарикӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ бунёд шуда, мутақобилан манфиатнок бошад ва вобастагии наверо ба вуҷуд наорад, то дар ниҳоят ба истиқлолият ва соҳибихтиёрии миллӣ таҳдид кунад.
Чин на танҳо аз рӯи ҳаҷми сармоягузорӣ, балки дар робита бо ҳамгироӣ, тиҷорат ва амнияти минтақавӣ ба як омили муҳим дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Аммо ин ба фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар минтақа таъсири бевосита надорад. Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Чин усули ҳамкории бисёрҷанба, созанда ва шарикиро пеш гирифта, дар як вақт онро рақиби иқтисодӣ ва системавии худ медонад. Мо ба Осиёи Марказӣ бо рӯзномаи шаффоф ва ҳамкории мутақобилан судманд дар асоси қоидаҳои дақиқ ва пешгӯишаванда омадаем.
- Яке аз хатарҳои воқеӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи норӯшани Афғонистони ҳамсоя аст. Чунин ба назар намерасад, ки ҳоло ин кишвар бо мушкили худ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст ва минтақа дар рӯбарӯи таҳдид аз Афғонистон танҳо мондааст? Иттиҳоди Аврупо роҳҳали мушкили Афғонистон ва таъмини амнияти минтақаро дар чӣ мебинад?
- Иттиҳоди Аврупо таҳдидҳои эҳтимолии амниятии марбут ба вазъ дар Афғонистонро комилан эътироф мекунад ва ҳамкорӣ бо шарикони Осиёи Марказӣ дар масъалаи Афғонистон яке аз самтҳои калидии ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо дар минтақа боқӣ мемонад. Мо бо ҳамсояҳои Афғонистон дар бораи афзалиятҳо ва хавфҳои шабеҳ, бахусус, ба масъулият кашидани Толибон ҷиҳати риояи ҳуқуқи инсон, зарурати ташкили ҳукумати ҳамашумул, мубориза бо терроризм, маҳви истеҳсол ва тиҷорати маводи мухаддир ва қочоқи одамон табодули назар мекунем. Иттиҳоди Аврупо дар минтақа фаъол мемонад ва мо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи фиристодаҳои вижа ва намояндагон оид ба масъалаҳои марбут ба Афғонистон ҳамкорӣ дорем. Мақсади мо таҳкими ин ҳамкориҳо ва расонидани кумаки мақсаднок аст.
- Вазъи ҳуқуқи инсон ва озодии баёнро дар Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медиҳед ва оё бо Сироҷиддин Муҳриддин ин масъала ба таври хос баррасӣ хоҳад шуд? Агар ҳа, пас кадом мавзӯҳо дар меҳвари суҳбат хоҳад буд?
- Эҳтироми ҳуқуқи инсон як ҷузъи бунёдии Оинномаи СММ ва мавзӯи асосии муносибатҳои мо бо ҳамаи кишварҳои шарик мебошад. Мо аз тамоюлҳои манфие, ки дар баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди эҳтироми ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои асосӣ мушоҳида мешавад, нигарон ҳастем.
Мутаассифона, ин ба Тоҷикистон низ дахл дорад. Иттиҳоди Аврупо пайваста Тоҷикистонро барои татбиқи ислоҳоти сиёсӣ, фароҳам овардани фазои шаффофи сиёсӣ, таъмини кафолати озодиҳои бунёдӣ ва худдорӣ аз маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва ВАО ташвиқ мекунад. Мо ҳамеша таъкид менамоем, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд волоияти қонун, мудирияти хуб ва ҳимояи ҳуқуқҳои асосии бунёдиро таъмин кунад, агар хоҳиши дастгирии доимии Иттиҳоди Аврупоро дошта бошад.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста