Пагоҳ, 8-уми ноябр, Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон бо як сафари расмӣ ба Душанбе меояд ва бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон мулоқот мекунад. Тибқи иттилои қаблан ироашуда, сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон имрӯз, 7-уми ноябр, бояд оғоз мешуд, аммо бо сабабҳои номаълум, он ба таъхир афтод ва акнун пагоҳ раиси ҷумҳури Эрон вориди Душанбе мешавад.
Ин дуввумин сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон пас аз раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуданаш аст. Дар ин байн Эмомалӣ Раҳмон ҳам пас аз чанд сол бори аввал ба Эрон сафари расмӣ анҷом дод.
Ин сафарҳо баъди чанд соли сардӣ дар муносибати ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг иттифоқ афтод ва боиси тақвияти дубораи равобити ду кишвар гашт. Ҳамакнун, мақомҳои ду кишвар дар сатҳҳои гуногун бо ҳам тез-тез мулоқот карда, аз тақвияти ҳамкориҳо хабар медиҳанд.
Бо назардошти ин нукот ва дар арафаи сафари қарибулвуқӯи Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон “Азия-Плюс” аз коршиносон оид ба ҳадафи аслии ин сафар, интизориҳо аз он ва дурнамои сиёсати Эрон дар Осиёи Марказӣ пурсон шуд.
Зарфиятҳо ҳанӯз зиёданд
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили Эрону Афғонистон:
- Сафари расмии раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон бо ҳадафи дидору музокирот бо раҳбари кишварамон ва имзои асноди нави ҳамкориҳои дуҷониба сурат мегирад. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, илова бар баёнияи муштараки сарони ду кишвар, инчунин чандин санади муҳимми ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, ҳамлу нақл, фарҳангӣ, илмӣ, омӯзишӣ, варзишӣ, осонсозии рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ва ғайра ба имзо хоҳад расид.
Таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ байни Тоҷикистону Эрон муҳимтарин масъалаест, ки бояд ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад. Сатҳи ҳамкориҳои мавҷуд дар ин заминаҳо мутаносиб бо зарфиятҳое нест, ки ду кишвар дар ихтиёр доранд. Бояд ба он марҳалае баргашт, ки Эрон дар радифи панҷ кишвари аввали шарики тиҷории Тоҷикистон қарор дошт ва иқдом ба иҷрои пружаҳои роҳбурдии зербиноӣ, монанди неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” ва нақби “Истиқлол”, мекард.
Эрон яке аз муҳимтарин масирҳои дастрасии ҳам Тоҷикистон ва ҳам боқии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба обҳои озод аст. Дар ин миён бандари Чобаҳор муносибтарин ва роҳбурдитарин масир барои минтақаи мо ба шумор меравад. Дар ин бандари уқёнусӣ корҳои сохту соз ва сармоягузорӣ ба суръат пеш бурда мешавад. Таваҷҷуҳи кишварҳои хориҷӣ ба Чобаҳор бисёр зиёд аст ва Тоҷикистон низ бояд ҳарчӣ зудтар барои дарёфти қитъаи замин дар соҳили он бо ҳадафи сохти анбор ва дигар имконот иқдом кунад. Агар ин кор анҷом нашавад, пас аз чанд сол пайдо кардани ҷои муносиб дар соҳили ин бандар сахт хоҳад шуд ва қиматҳо боло хоҳад рафт. Чун бо поён ёфтани сохти роҳи оҳани Зоҳидон-Чобаҳор дар 1-1,5 соли оянда, Чобаҳор барои кишварҳои авросиёиӣ ба яке аз аслитарин бандарҳо ва масирҳои тронзитии бору коло табдил хоҳад шуд. Интизори мо ин аст, ки зимни музокироти сарони Тоҷикистону Эрон ба ин масъалаи муҳим низ таваҷҷуҳ хоҳад шуд.
Имрӯз Осиёи Марказӣ дар муодилоти ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосе пайдо кардааст, ки пеш аз ҳама ба шиддат гирифтани ихтилофоти байни қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ иртибот дорад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои коҳиши осебҳои эҳтимолӣ аз рӯёрӯиҳои рӯзафзуни байни қудратҳо иқдомотеро дар сатҳи дуҷониба ва чандҷониба анҷом медиҳанд, ки боризтарини он ташкили Созмони кишварҳои турк аст. Мо шоҳиди нишастҳои мураттаби сарони ин созмон ва умқи бештар ёфтани ҳамгироии кишварҳои турк мебошем, ки дар чашмандози начандон дур бар фазои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳувиятии минтақа таъсири қобили таваҷҷуҳе хоҳад дошт.
Бинбар ин, барои мо наздикӣ ва ҳамгироӣ бо кишварҳои ҳамзабон, ҳамнажод ва ҳамфаҳанг яке аз роҳҳои, ба истилоҳ, коҳиши “эҳсоси танҳоӣ” хоҳад буд. Мутаассифона, дар ин замина наметавон Афғонистони толибониро ба ҳисоб овард. Танҳо Тоҷикистону Эрон боқӣ мемонад, ки бояд барои худ “нақшаи роҳе” дар назар бигиранд, то бо шинохту таърифи манфиатҳо ва ба истилоҳ, “хатҳои сурхи” якдигар, вориди амал бишаванд.
Тақвияти ҳузури Эрон дар Тоҷикистон барои кишварҳои дигари минтақа ҳассосиятбарангез нахоҳад буд, зеро таҷрибаи се даҳсолаи гузашта нишон медиҳад, ки онҳо ҳеч далеле барои чунин коре надоранд. Афзоиши нақши Эрон дар Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ бо манофеи калони Русияву Чин низ дар таноқуз қарор намегирад, балки то ҷое ҳамсӯйӣ низ дорад. Танҳо Ғарб боқӣ мемонад, ки бо таваҷҷуҳ ба воқеиятҳо, бахсус омили ҳувиятии мову эрониён, шароитро дарк хоҳанд кард ва ба мо ҳақ хоҳанд дод.
Эрон аз тақвияти нуфузи Туркияву Арабистон дар Осиёи Марказӣ нигарон аст
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик:
- Эрон аслан ҳоло дар вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии мураккаб ва ҳассос қарор дорад. Низоъ ва ихтилоф бо Амрико ва Ғарб дар авҷ аст ва торафт афзоиш меёбад. Дар ин вазъият Эрон талош дорад, ки ҳамкорӣ ва пояи худро дар минтақаи пасошӯравӣ устувор гардонад. Аз сӯйи дигар, Эрон нигарон аст, ки нуфузи Туркия ва Арабистони Саудӣ дар минтақа ба зудӣ зиёд мегардад. Аз ин нигоҳ, барои Эрон Тоҷикистон (бо назардошти қаробати фарҳангӣ ва забонӣ) метавонад воситаи хубе барои густариши ҳамкорӣ ва нуфузи худ дар минтақаи пасошуравӣ бошад.
Харду тараф ин дафъа шояд бештар масъалаҳои амниятиро баррасӣ кунанд - ҳам дар робита бо Осиёи Наздик ва вобаста ба Афғонистон.
Ҳамкории бештар дар масъалаи Афғонистон
Саъдӣ Ворисов, коршинос:
- Тавсеаи равобиту тақвияти ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ва ҳам баҳси масоили гуногуни минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ба шумули қазияи Афғонистон.
Сатҳи равобит ба бовари ман вориди як марҳилаи наве шудааст, ки метавонад ҳамкориҳои ҷиддитареро дар пай дошта бошад. Табодули сафарҳои расмӣ байни мақомоти ду кишвар ва ҳам гарм шудани муносиботи дуҷониба далели ин гуфтаҳост. Ногуфта нагузарем, ки Тоҷикистону Эрон бар иловаи яксониҳои торихиву фарҳангиву забонӣ, ки заминагузори таҳкими муносибот аст, ҳарду узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳоянд ва ҳам муносиботи неку дӯстона бо абарқудтарҳои бонуфузи минтақа Русия ва Чин доранд. Дар умум, фазои ҳамкорӣ аз ҳар ҷиҳат ва дар ҳар замина қобили тавсеа аст, ки ин сафар метавонад такони тозаву ҷиддие ба он диҳад. Аммо ин ки дар кадом заминаҳо бештар таваҷҷуҳ шавад, фикр мекунам дар масъалаи ҳамгироӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар масъалаи Афғонистон. Ба назари ман вақташ ҳаст, ки дар ин ду самт ҳамкориҳо бештар аз пештар вусъат ёбанд.
Дарвозае барои Осиёи Марказӣ
Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси масоили Афғонистону Эрон:
- Эрон дар ду даҳсолаи аввали истиқлоли Тоҷикистон дар сохтмони пружаҳои энергетикӣ, роҳу шабакаҳои нақлиётӣ, тиҷорати маводи ниёзи мардум, илму маориф ва табодули донишҷӯёну унвонҷӯён нақши назаррас дошт.
Умед аст дар ҷараёни сафари Иброҳим Раисӣ ба Душанбе сатҳи равобит ва ҳамкориҳо боз ҳам боло бардошта шавад. Имконоти рушди тиҷорати судманд миёни Эрон ва Тоҷикистон зиёд аст ва аз ин бояд истифода бурд.
Дар робита ба нақши Эрон дар Осиёи Марказӣ бояд гуфт, ки ин кишвар дар минтақа баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳузур пайдо карда, муносибатҳои ҳасанаро барпо карда буд. Аммо бо шиддат гирифтани рақобати Эрон ва кишварҳои Ғарбӣ ин равобит коҳиш ёфт.
Ҳамакнун, Эрон мехоҳад ин равобит бо кишварҳои минтақа боз ҳам тақвият ёбад ва дар ин самт, Тоҷикистон метавонад нақши муҳим дошта бошад. Ба қавле, Тоҷикистон метавонад дарвозае ба Осиёи Марказӣ барои Эрон бошад ва аз ин имконот набояд сарфи назар намуд.
Осиёи Марказӣ барои Эрон ҳам минтақаи ҷолиб аст
Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор ва шореҳи сиёсии тоҷик:
- Тоҷикистону Эрон ҳарфҳои зиёде барои гуфтан доранд. То ин муддат диду водиде дар сатҳои гуногун, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду тараф сурат гирифта буд. Аммо масоили зиёди дигаре ҳаст, ки барои тасмим гирифтан рӯйи онҳо иродаи сиёсии раҳбарони сатҳи аввал зарур аст.
Эрону Тоҷикистонро муштаракоти зиёде ба ҳам мепайвандад. Заминаҳои зиёде барои ҳамкорӣ миёни ду кишвари форсизабон вуҷуд дорад, аз бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ гирифта то бахшҳои фарҳангиву тамаддунӣ. Дар ҳоли ҳозир агар таваҷҷуҳи зиёде рӯйи равобити иқтисодиву фарҳангӣ ва ҳамкориҳои минтақаӣ сурат бигирад ба нафъи ҳар ду кишвар аст.
Эрон дар ҳавзаи кишварҳои мусалмонӣ, минтақаи Ховари Миёнаву Ҷанубуғарби Осиё ва тамаддуни шарқӣ як қудрати минтақаист. Ҳамчунин як кишвари дорои захоири бузурги нафту газ ва яке аз иқтисодҳои пурзарфият аст. Ба ҷуз ин солҳост, ки таҳти аҳдофи геополитикии кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико уфтодааст ва таҳримҳои сангинеро пушти сар мекунад. Гузашта аз ин, ки ҳоло Осиёи Марказӣ нуқтаи атфи геополитикаи дунё қарор гирифтааст, барои сиёсати хориҷии Эрон ҳам ин минтақа ҷолиб аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ин минтақа ҳафзаи нуфузи фарҳанги эронӣ ҳам ба лиҳози таърихӣ ва ҳам ба лиҳози арзишҳои имрӯз аст. Эрон ба унвони як қудрати минтақаӣ ҳамеша дар бозиҳои мантақа дахил аст.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста