Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир лорд Дэвид Кэмерон, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, дидору гуфтушунид кард.
Тавре ки ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҳошияи ин дидор Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаро оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки заминаи ҳуқуқиро баҳри танзими парвозҳои мустақим миёни Душанбеву Лондон фароҳам меорад, ба имзо расониданд.
Дар бораи дигар ҷузъиёти созишномаи имзошуда ВКХ Тоҷикистон хабар намедиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки мусоҳибон масоили умдаи рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷонибаро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки аз имрӯз сафари Дэвид Кэмерон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд.
Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабирро имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор намуд, ки Тоҷикистон Британияи Кабирро ба ҳайси шарики муҳим дар Аврупои Ғарбӣ мешиносад.
"Кишвари мо ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо Подшоҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд”, - изҳор дошт сарвари давлат.
Гуфта мешавад, Дэвид Кэмерон дар навбати худ аз густариши назарраси робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва дурнамои хуби он изҳори қаноатмандӣ кард.
Ҷонибҳо зимни мулоқот муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ муҳокима карданд.
“Ҷалби сармояи Подшоҳӣ ба бахшҳои саноати кӯҳӣ, металлургӣ, сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва соҳаи кишоварзии Тоҷикистон зарур шумурда шуд, - омадааст дар хабар. - Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти тавлиди “энергияи сабз”, гузариш ба “иқтисоди сабз” ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба пешбурди “иқтисоди рақамӣ” изҳори ҳавасмандӣ карданд”.
Зимнан зикр мегардад, ки роҳандозии ҳамкории кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим, муҳоҷирати корӣ гуногунсозии хатсайрҳои ҳавопаймоӣ байни давлатҳо аз мавзуъҳои дигари мулоқоти имрӯза буд.
Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳӣ дар самти ҳифзи амну субот дар минтақа низ баррасӣ гардид.
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд
Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд
Мусодираи беш аз 1 тонна маводи нашъадор дар натиҷаи амалиёти “Кӯкнор-2024”
Футболбозони тоҷик ба Суперлигаи Ӯзбекистон мераванд: теъдоди онҳо бисёр мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Бунёни ошиқ”
Муҳоҷиронро соли 2025 дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2025
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста