Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар интихобот барои узвият ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ки имрӯз, 21-уми июн, дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии №3 баргузор гардид, ғолиб эълон гардид.
Дар ҳавзаи номбурда 934 вакили маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва вилоят руйхат шудааст. Аз ин теъдод дар интихобот 858 нафар вакилон ширкат карда, ба тарафдории Давлаталӣ Саид 856 вакил овоз додаанд. Ду варақаи овоздиҳӣ бинобар сабаби хато пур кардан аз эътибор соқит дониста шудааст.
Ҳамакнун, Давлаталӣ Саид ба ҷойи собиқ узви Маҷлиси Миллӣ ва раиси пешини вилоят Қурбон Ҳакимзода интихоб шуд. Узвияти Қурбон Ҳакимзода баъди аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод ва вазири кишоварзӣ таъин шудан дар Маҷлиси Миллӣ қатъ карда шуд.
Баъди элони натиҷаи интихобот Давлаталӣ Саид аз ҳамаи онҳое, ки ба тарафдории ӯ овоз додаанд изҳори сипос карда, гуфтааст, ки “тамоми қуваю дониш ва таҷрибаи худро барои пешрафти вилояти Хатлон сарф хоҳад кард”.
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста