Имрӯз, 16-уми январ, дар идомаи тағйироти кадрӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, раиси нави КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, сардори Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна ва чанде аз мушовирони бахши ёрдамчиёни раиси ҷумҳурро аз вазифа озод ва нафарони навро ба ин вазифаҳо таъин кард.

Раиси нави “Амонатбонк” кист?

Алиҷон Салимзода, ки то ин вақт муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд, аз вазифа озод ба раиси КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” таъин гардид.

Салимзода ҳамагӣ 1,5 сол пеш, моҳи августи соли 2022 ба вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида буд. Ӯ 44-сол дошта, хатмкардаи Донишгоҳи байналмилалии Маскав ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси молия ва қарз мебошад.

Раиси ҳамакнуни нави КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” чеҳраи нисбатан ноошно барои матбуот мебошад. Дар ҳолномаи ӯ, ки сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон нашр кардааст, зикр мешавад, ки Алиҷон Салимзода фаъолияти худро соли 2001 аз Вазорати молияи Тоҷикистон оғоз карда, ҳамагӣ як сол пас, соли 2002 ба Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон ба кор меояд.

Ӯ аз соли 2009 то 2020 ба ҳайси муовини мудир ва мудири шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар кор кардааст. Ҳамин тариқ, ду сол ба ҳайи директори Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон ва дар моҳи августи соли 2022 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин мешавад.

Фарҳод Раҳимӣ - раиси кумитаи навтаъсис

Фарҳод Раҳимӣ, ки чандин сол президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд, имрӯз раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Фарҳод Раҳимӣ чандин сол дар вазифаҳои баланди илмӣ кор карда, пеш аз таъин шудан ба ҳайси президенти Академияи милллии илмҳо ҳамчун муовини вазири маориф ва илм фаъолият намудааст.

3 мушовири бахши ёрдамчии президент ба нафақа рафта, ба ҷои онҳо ҷавонон омаданд

Ҳамчунин, дар пайи як тағйироти кадрӣ 3 мушовири бахши ёрдамчии президент аз вазифа озод шуда, ба ҷои онҳо мушовирони ҷавонтар таъйин гардиданд.

Бо амрҳои президенти Тоҷикистон Муқимӣ Сабоҳат Амин, Сироҷзода Сайфиддин ва Шоназаров Содиқ Ашӯрович - се мушовири бахши ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ аз вазифа озод гардиданд. Сабаби аз вазифа рафтани онҳо “ба нафақа баромадан” гуфта мешавад.

Ба ҷои онҳо Холиқзода Ҷонибек, Саидмуродзода Хурсанд Абдуваҳоб ва Саидзода Исфандиёр Искандар ба вазифаи мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин шуданд.

Холиқзода Ҷонибек пештар дар вазифаҳои сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия ва муовини сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Саидзода Исфандиёр 36-сола аст, номзади илми ҳуқуқшиносӣ ва устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дар бораи фаъолияти кории Саидмуродзода Хурсанд маълумот дастрас нест.

Инчунин, Насриддинзода Эмомалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод гардид ва ба ҷои ӯ Раҳмонзода Абдулло, ки то ин вақт раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш буд, таъйин шуд.

Ёдовар мешавем, ки баъди заҳри имрӯз, 16-уми январ, Президенти Тоҷикистон дар сохторҳои молиявию бонкӣ, маориф, Академияи миллии илмҳо, кумитаҳои ҷавонон, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тағйроти кадрӣ ба амал овард. Аксари мансабдорон аз як вазифа озод шуда ба вазифаи нав таъин гардиданд. Дар ин тағйироти кадрӣ чеҳраҳои нав тақрибан дида намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.