Сӯхтору таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар Душанбе, ки аз мавҷи он 1 зан аз пешайвони хона афтода, ҳалок шуд, водор намуд ба андеша биравем, ки чаро дар Тоҷикистон қоидаҳои бехатариро риоя намекунанд? Чаро ба сохтмони НФС дар наздикии биноҳои истиқоматӣ ва кӯдакистонҳо иҷоза медиҳанд?

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 апрел дар нуқтаи фурӯши ширкати “Соро Ойл” дар кӯчаи Борбади пойтахт нахуст сӯхтор сар зада, сипас таркиш ба амал омад.

Раёсати ВКД-и пойтахт хабар дод, ки сӯхтор бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор ҳангоми аз автомашина гирифтани газ сар зад.

Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Салтанат Равшанова, директори муассисаи таълимии рақами 30-и ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик қурбонии тасодуфии фоҷеа гардид.

Салтанат Равшанова 51 сол дошт ва ба хотири табобати дил ба Душанбе рафта буд. Ба қавли хешовандонаш, вақте сӯхтор шурӯъ шуд, ҳодисаро аз балкони хонаи як хешаш, ки он ҷо меҳмон буд, нигоҳ мекард, вале ногаҳон мавҷи таркишу оташ ӯро ба берун ҳаво дод. Ӯ аз ошёнаи сеюми бино афтода ҷароҳати сангин бардошт ва дар роҳ ба шифохона ҷон дод. Равшанова модари як писару як духтар буд.

Айни замон маълум нест, ки сабаби таркиш чист ва оё аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шудаву тафтишот роҳандозӣ шудааст ё не. Аз ШКД ва ВКД ба мо муяссар нашуд, ки дар ин бора маълумот дарёфт кунем.

Қоидаҳои сохтмони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ

Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бояд бо назардошти ҳамаи қоидаҳои бехатарӣ - санитарӣ, зидди сӯхтор, техникӣ ва дигар меъёрҳо сохта шаванд.

Дар меъёрҳо масофаи ҳадди ақал аз НФС то иншооти гуногун муқаррар шудааст, ки барои 3 навъи НФС - бо захирагоҳи зеризаминӣ ва рӯйизаминии навъи А (ғунҷоиши беш аз 20 м3) ва В (то 30 м3) зикр шудааст.

Мувофиқи талаботи КҲФ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо захирагоҳи зеризаминӣ бояд дар масофаи на камтар аз 50 метр то сарҳади бинои истиқоматӣ қарор дошта бошад. Нуқтаи ҳисоб сутунча (колонка)-и тақсимкунандаи сӯзишворӣ ва захирагоҳи зеризаминӣ мебошад.

Агар дар назди хонаи шумо НФС-и хурд сохта шавад, ба кам кардани масофаи сарҳад то 25 метр иҷоза дода мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар қаламрави гирду атрофи маҷмааи фурӯши сӯзишворӣ моликони онҳо уҳдадоранд, ки дарахту бутта шинонида корҳои сабзгардонӣ анҷом диҳанд.

Масофаи ҳадди ақалл аз НФС то иншооти дар ҷадвал зикршуда бояд чунин бошад:


Хунукназарӣ ба фоҷеа меанҷомад

Дар Тоҷикистон моликони НФС аксаран ин қоидаҳоро риоя намекунанд, ки дар натиҷа ҳодисаҳои фоҷеабор ба мисли сӯхтору таркиши дар боло зикршуда рух дода метавонад.

Рӯи 1 майи соли 2021  дар НФС-и воқеъ дар маҳаллаи “Испечак-2”-и ноҳияи Сино сӯхтор ба амал омада, сипас таркиши сахт садо дод. Бар асари он 29 нафар осеб дида, аксарият ҷароҳат бардоштанд. Яке аз корманди нуқта ҳалок шуд.

ВКД Тоҷикистон нисбат ба соҳиби ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе  мутобиқи моддаи 192, қ.2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Тибқи баъзе маълумот, вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор ба шумораи сутунҳои тақсимоти сӯзишворӣ рабт дошт.

Мувофиқи талаботи Меъёрҳои сохтмон ва қоидаҳо (СНиП), барои 2 сутуни тақсимоти сӯзишворӣ бояд майдони 100 метри мураббаъ, 5 сутун - на камтар аз 200 м/мураббаъ 7 сутун - на камтар аз 300 м/мураббаъ, 9 сутун - 350 м/мураббаъ ва 11 сутун - 400 м/мураббаъ ҷудо карда шавад.

Дар НФС-и мазкур барои 2 сутун майдони 90  метри мураббаъ (бо захираи зиёда аз 60 тонна маводи сӯзишворӣ) ҷудо гардида буд.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи шоҳидон, ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар наздикии иншооти истиқоматӣ ва савдо ҷойгир шуда буд.

Дар ҳама ҷо назди хонаҳо НФС месозанд

Дар дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ нуқтаҳои фурӯши сӯзившорӣ дар наздикии хонаву мактаб ва дигар иншоот сохта шудаанд.

Агар онҳо ба ҷойи дигари бехавф барои аҳоливу иншооти гирду атроф кӯчонида нашаванд, оқибатҳояш ногувор мешавад.

Дар ин суратгузориши ду сол пеш мо суратҳои НФС-ҳои воқеъ дар маҳаллаи Зарафшонро гирдоварӣ намудем. Ва чунин НФС-ҳо дар саросари кишвар садҳо адад аст.

1/4

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.