Дар ду ҳафтаи ахир ба таври бесобиқа боло рафтани арзиши сӯзишворӣ ба хусус бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳру навоҳии Тоҷикистон нигаронии сокинони кишварро ба бор овардааст. Тибқи мушоҳидаҳо феълан дар ин нуқтаҳо арзиши як литр бензини навъи 95 то 5 сомону 70 дирамро ташкил медиҳад. Фурӯшандаҳои бензин мегӯянд, ҷаҳиши нарх боиси кам шудани мизоҷон гардидаву бархе аз нуқтаҳои бензинфурӯшӣ дар пойтахт аллакай баста шудаанд.
Файзиддин яке аз ронандаҳои микроавтобуси мусофирбар мегӯяд, қиммат шудани арзиши бензин даромади онҳоро ба маротиб камтар кардааст. Қаблан агар ӯ рӯзе то 100 сомон фоида медид ҳоло даромади ӯ ҳамагӣ 30 сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вай дар сурати идома ёфтани ин вазъ онҳо маҷбур мешаванд арзиши раҳкироро боло баранд.
Дар ҳамин ҳол яке аз дигар мусоҳибони мо, ки соҳиби мошини худрав аст, гуфт қиматии бензин ба ҷайби вай зарба задааст. Ӯ афзуд, ба эҳтимоли бештар аз рондани мошинаш даст кашидаву аз велосипед ва ё дучарха истифода хоҳад кард.
Аммо Каюмарс як донишҷӯ аз он шикоят мекунад, ки бархе аз ронанадагони нақлиёти мусофирбар нархи роҳкироро баланд кардаанд. Ва ҷаҳиши қиммати бензин ба нарху навои маҳсулот дар бозорҳо ҳам таъсир кардааст, ки ин аҳволи бе ин ҳам вазнини донишҷӯёнро бадтар мекунад.
Нуриддин Давлатов. яке аз фурӯшандаҳои нуқтаҳои бензинфурӯшӣ гуфт, ба фарқ аз аксари дигар нуқтаҳо онҳо бензинро бар ивази 5 сомониву 20 дирам мефӯршанд. Нисбатан арзонтар фурӯхтани бензинро вай дар мавҷудияти захираи ин навъи сӯзишворӣ арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, ин захираи онҳо ҳамагӣ барои 20 рӯзи дигар мерасад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон қиммати бензин пас аз тасмими Русия дар мавриди қатъи содироти бензин ба кишварҳои хориҷ сурат гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки то имрӯз Тоҷикистон 90 дарсади маводи сӯхти худро танҳо аз Русия ворид мекард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста