Маҷаллаи People актриса Голливуд Ҷулия Робертсро зеботарин зани дунё дар соли 2017 эътироф кард. Ҳунармандзан ба ин унвон маротибаи панҷуми рекордӣ сазовор дониста мешавад.

1/10

Бори нахуст дар муқоваи нусхаи «Зеботарин одамон» ӯ соли 1991 пайдо шуда буд, ки он замон ҳамагӣ 23 сол дошт. Акнун, ки Ҷулия Робертс 49-сола аст, изҳор намудааст, ки ба ин ҳодиса бо душворӣ бовар дорад.