Имсол Тоҷикистон барои шаҳрвандони Афғонистон 40 бурсия (квота) ҷудо кардааст. Масъулини Вазорати маориф ва илм мегӯянд, ки дар бурсия маъруфтарин ихтисосҳои донишгоҳҳои бонуфузи Тоҷикистон шомил аст, вале намояндаи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон нигаронӣ дорад, ки “ихтисосҳои бадардхӯр кам аст”.
Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, вазорат ҳамасола барои афғонистониҳо 50 бурсия ҷудо мекард, ки як қисми он ба хатмкунандагони мактабҳои Афғонистон ва қисми дигараш ба афғонистониҳои муқими Тоҷикистон пешниҳод мешуд.
“Имсол бо баъзе сабабҳо теъдоди бурсия кам шуд ва дар соли таҳсили нав Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон танҳо барои шаҳрвандони Афғонистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, 40 бурсия ҷудо кард”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Сухангӯи Вазорати маориф ва илм афзуд, ки “дар миёни бурсияҳо маъруфтарин ихтисосҳои донишгоҳҳои бонуфузи кишвар шомил аст ва афғонистониён имкон доранд, ки аз рӯи шавқу рағбат ихтисоси ояндаи худро интихоб кунанд”.
Ӯ гуфт, ки ҳоло рӯйхати ихтисоси бурсияҳо ба масъулини Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ироа шудааст ва интихоби довталабон идома дорад.
“Ихтисосҳои бадардхӯрд каманд”
Башируллоҳ Тавҳидӣ, сардори бахши маорифи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо “Азия-Плюс” ҷузъиёти кам ҷудо шудани бурсия ва нигаронии муҳассилини афғонистониро гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, имсол бинобар сабаби манъи таҳсил, ба вижаи таҳсили занон дар Афғонистон ва муносибатҳои давлати Тоҷикистон бо намояндагони Толибон* камтар бурсия шудо гардид.
“Дар солҳои қаблӣ 50 бурсия ҷудо мешуд ва мо нисфи онро ба хатмкардагони камбизоати Афғонистон равон мекардем. Ҳудуди 30 нафар муҳассилини кишвари мо бо бурсия барои таҳсил ба Тоҷикистон меомаданд. Аммо имсол хатмкунандагони Афғонистон имкон надоранд, ки тариқи бурсия барои таҳсил ба Тоҷикистон оянд. Акнун 40 бурсияи имсол ҷудошуда ба афғонистониҳои муқими Тоҷикистон дода мешавад”, - шарҳ дод Башируллоҳ Тавҳидӣ.
Тавҳидӣ бо нигаронӣ афзуд, ки “дар соли таҳсили гузашта 41 нафар хонандагони Афғонистон мактаби вижаи афғонии “Сомониён”-и шаҳри Душанберо хатм карданд, вале ҳоло ҳамаи онҳо наметавонанд, ки ба ихтисосҳои писандидаи худ тариқи бурсия дохил шаванд”.
“Дар рӯйхати бурсияҳои ҷудокардаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ихтисосҳои гунонгун ҳастанд, аммо муҳассилини мо намехоҳанд дар он ихтисосҳо таҳсил кунанд. Ихтисосҳои бадардхӯрд каманд. Масалан, хонанадгони афғон бештар мехоҳанд, ки дар риштаи тиб таҳсил кунанд, аммо бурсия кам аст”, - гуфт Башируллоҳ Тавҳидӣ.
Намояндаи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ҳоло хатмкунандагони афғон барои кумак ба таҳсилашон ба намояндагони созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кардаанд ва дар сурати пазироӣ 60 дарсади маблағи таҳсили онҳоро созмонҳои байналмилалӣ ба дӯш мегиранд.
Бояд гуфт, ки бо сари қудрат омадани гурӯҳи Толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 таҳсили духтарон дар синфҳои болоии мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои олӣ дар ин кишвар манъ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Толибон дар соли равон дипломҳои хатми духтарони афғонро надоданд ва ахиран иштироки духтаронро дар имтиҳони имсолаи дохилшавӣ ҳам манъ карданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Эмомалӣ Раҳмон аз фориғболиву бемасъулиятии роҳбарони муассисаҳо, роҳбарони илмӣ ва докторантҳо гуфт
КОА беасос будани фошкориҳои “Диссернет”-ро собит накард. Интиқоди дубора ва шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз асардуздии олимони тоҷик
Боз як ширкати Чин дар МОИ “Панҷ” неругоҳи барқи офтобӣ месозад
Таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисӣ. Мақомоти Эрон гузориши дуввуми худро нашр карданд
Чанд нафар ҷудокорони тоҷик ба Олимпиадаи Париж мераванд?
Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳудуди 22 ҳазор хориҷиён аз Русия хориҷ шуданд
Эъдоми қариб 1200 кас дар 16 кишвари ҷаҳон
Дар як кӯчаи Душанбе ҳаракати нақлиёт барои се моҳ маҳдуд мешавад
Баъди танқиди раиси Бохтар ду масъули маркази дилхушӣ 5 шабонарӯз ҳабс шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста