Аз қабули қонун “Дар бораи суғуртаи тиббӣ” дар Тоҷикистон 15 сол сипарӣ шуд, лекин татбиқи он аллакай маротибаи панҷум аст, ки ба таъхир гузошта мешавад.

Мавриди амал қарор гирифтани ин қонун барои сокинони ҷумҳурӣ то чӣ андоза муҳим аст ва чаро он сурат намегирад? Дар маводи зери “Азия-Плюс” маълумот дар ин бора.

Шаҳрвандони насли калонсол аз замонҳое, ки ёрии тиббӣ дар ҷумҳурӣ ба мисли тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) бепул буд, бо ҳасрат ёдовар мешаванд.

“Мегӯянд, ки тоҷик то аз по наафтад, ба духтур муроҷиат намекунад. Аммо чӣ ҳам мекунӣ, агар ҳоло табобат нагирифта, танҳо барои муоинаи тиббӣ ба ҳисоби миёна 200 сомонӣ харҷ кардан лозим меояд? Бисёр одамон ба харҷи ин қадар пул имкон надоранд, бинобар ин, то лаҳзаи охирин интизор мешаванд. Пештар ёрии тиббӣ бепул буд. Ва касе хавотир набуд, ки Худо накунаду ба бемории сахт гирифтор шавад”, - мегӯяд сокини Душанбе Мафтуна Сатторова.

“Шароити мусоид фароҳам оварда нашудааст”. Ё худ пул нест

Моҳи июни соли 2008 Қонун “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон” қабул шуд. Аммо парлумон қарор кард, ки амалисозии санадро то соли 2010 мавқуф гузорад.

Охири соли 2022 вакилон бори панҷум муҳлати мавриди амал қарор гирифтани қонунро ба таъхир гузоштанд.

Дар ҷаласаи парлумон зимни шарҳи вазъият муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода изҳор дошт, ки мувофиқи хулосаи комиссияи кории байниидоравӣ дар кишвар барои пурра гузаштан ба низоми суғуртаи тиббӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, барои ҷорисозии он бояд талаботи иқтисодӣ, молиявӣ ва тадорукотӣ ба инобат гирифта шавад. Ӯ зикр кард, ки мувофиқи хулосаи Вазорати молия, “дар сурати пардохти аъзоҳаққӣ ба суғуртаи тиббӣ аз ҳисоби меъёри амалкунандаи андози иҷтимоӣ, эҳтимоли коҳиши даромад ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вуҷуд дорад, ки метавонад ба иҷро нашудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ба аҳолӣ оварда расонад”.

Ғафур Муҳсинзода гуфт, таҷрибаи кишварҳои дигар нишон дод, ки барои ҷорисозии суғуртаи ҳатмии тиббӣ маблағи зарурӣ барои соҳаи тандурустӣ бояд на камтар аз 4-6%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил диҳад.

Ин нишондиҳанда дар кишварҳои зерин баробар аст ба:

Қазоқистон - 4,4%

Қирғизистон – 4,2%

Туркия – 4,5%

Молдова – 5,6%

Лаҳистон (Полша) – 5,7%

Эстония – 5,8%

Ӯзбекистон – 3,5%

Дар Тоҷикистон бошад - 2,8% ро ташкил медиҳад (дар баъзе ҷойҳо 80-90%-и буҷетро маоши кормандон ташкил медиҳад).

Пешравӣ ҳаст, лекин мушкилот ҳам ҷой дорад...

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, имрӯз дар ин соҳа ҳудуди 100 ҳазор нафар машғули кор буда, ба ҳар як сокини кишвар ба ҳисоби миёна наздики 7 боздид аз муассисаи тиббӣ дар як сол рост меояд.

Ба сурати умум, ҳукумати кишвар ҷиҳати таъмини солимии ҷомеа ва беҳбуди сатҳи хидматрасонии тиббӣ тадбирҳо роҳандозӣ мекунад.

Моҳи декабри соли 2023 зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Барои беҳбуди сифат ва самаранокии хидматрасониҳои кумаки аввалияи санитарӣ-тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим» амал мекунад, ки маблағи умумии он беш аз 630 млн сомонӣ мебошад.

Илова бар ин, дар 5 соли оянда сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

“Бо вуҷуди пешравиҳои назарраси солҳои охир, ҳанӯз баъзе ҷанбаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мутахассисон ва омилҳои коррупсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд”, - гуфт сарвари давлат.

«Ман солимам, ба ман суғуртаи ҳатмии тиббӣ барои чӣ лозим аст?»

Ба ақидаи коршиносон, ҷорисозии суғуртаи тиббӣ метавонад омиле бошад, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта дар бахши тандурустӣ мусоидат намояд.

Дар низоми тандурустӣ барномаҳои кафолати давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣт бо кумаки тиббӣ-санитарӣ амал мекунанд. Мувофиқи онҳо, ба шаҳрвандоне, ки ба гурӯҳи имтиёзнок дохил мешаванд, хидматрасониҳои тиббӣ бепул расонида мешаванд.

Бисёре аз табибон бо он мувофиқанд, ки ҷиҳати ҷорисозии суғуртаи ҳатмии тиббӣ барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ то ҳол шароити мусоид фароҳам оварда нашудааст.

“Суғуртаи ҳатмии тиббӣ яке аз навъҳои суғуртаи иҷтимоӣ мебошад, ки дар доираи он аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ ба таъмини шаҳрвандон бо кумаки заминавии тиббӣ ва доруворӣ имкон дода мешавад, - хотиррасон мекунад табиби ҷароҳатбанд Хуршед Ҷӯраев. - Кумаки заминавӣ маъмулан аз чораҳои пешгирӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ, ёрии махсуси тиббӣ дар ҳоатҳои ҷароҳат гирифтан, баъзе навъҳои сироят, варамҳо, ҳомиладорӣ ва таваллуд, ноқисиҳои модарзодӣ, бемориҳои дилу раг, асаб, роҳҳои нафаскашӣ, ҳозима, узвҳои таносул ва дигар бемориҳо иборат аст”.


Лекин ҳатто барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ бисёре аз муассисаҳои тиббӣ теъдоди кофии мутахассисон, таҷҳизоти муосир ва доруворӣ надоранд”, - мегӯяд ӯ.

Мутахассис бар ин назар аст, ки нокофӣ будани ҳамоҳангсозии кори вазорату идораҳои дахлдор низ боз як монеъаи ҷорисозии суғуртаи ҳатмии тиббӣ мебошад.

“Ғайр аз ин, андешаи одамонро низ дар ин бора дигар кардан лозим аст. Барехе чунин фикр мекунанд, ки “ман солимам, ба ман суғуртаи ҳатмии тиббӣ барои чӣ лозим аст?”.Бо сабаби миёни ҷомеа роиҷ будани андешаи бо нархҳои паст дарёфт карда натавонистани хидматрасониҳои босифат, эътимод ба суғуртаи ҳатмӣ дар сатҳи зарурӣ нест”, - чунин мешуморад Ҷӯраев.

Қадами аввалро гузоштан лозим аст

Дар ҳамин ҳол, дар ҷумҳурӣ тадриҷан суғуртаи ихтиёрии тиббӣ рушд меёбад, ки байни ширкатҳои хусусии суғурта ба имзо мерасад.

Ба гуфтаи роҳбари шуъбаи суғуртаи корпоративии BIMA Insurance Илҳом Расулов, шарикони асосии агентии тиҷоратии суғурта муассисаҳои тиббии хусусӣ боқӣ мемонанд.

“Муассисаҳои давлатӣ ҳоло барои кор бо ширкатҳои суғурта омода нестанд”, - мегӯяд коршинос.

Сабабашро Илҳом Расулов аз ҷумла дар номуайян будани сарчашма ва ҳаҷми пардохти аъзоҳаққӣ ба суғуртаи тиббӣ, нархҳои паст ба хидматрасониҳои тиббии дар беморхонаҳои давлатӣ ва дармонгоҳҳо муқарраршуда мебинад.

Дар дармонгоҳҳои хусусӣ бошад, баръакс - нархҳо ба хидматрасонӣ баланд буда, имкон медиҳад, ки ширкатҳои суғурта бо онҳо кор кунанд.


Барои сартосарӣ ҷорӣ намудани низоми мазкур коршиносон тадбирҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

- дар давраи наздиктарин бояд механизмҳои мушаххаси низоми умумии суғурта таҳияву коркард ва мавриди омӯзиш қарор гиранд;

- ҳамаи маълумот оид ба тадбирҳои ҷоримешуда барои коршиносон, аз ҷумла аҳолӣ дар маҷмӯъ  бояд дар дастрасии кушод қарор дошта бошанд;

- дар татбиқи барномаи расонидани кумаки тиббии бепул афзоиши баланди аҳолии ҷумҳуриро тайи солҳои ахир ба инобат гирифтан лозим аст. Мутаносибан, ҳаҷми маблағгузорӣ ба чунин ташаббусҳо бояд зиёд шавад;

- ҳамзамон бо тадбирҳо моҳитяи онҳо зимни кори фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ шарҳу тавзеҳ дода шавад;

- нархҳо ба хидматрасониҳои тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ бояд мутобиқи нархҳои бозор бозбинӣ шаванд.

“Суғуртаи тиббии кормандон муҳим ва зарур аст, зеро он ба манфиатҳои шаҳрвандон ҷавобгӯ буда, ба беҳбуди солимии онҳо ва баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои тиббӣ мусоидат мекунад, - мегӯяд Расулов. - Барои ин қадами аввал лозим аст. Чаро дар яке аз маҳаллаҳои аҳолинишин ва сипас дар дигараш ҷорӣ намудани лоиҳаи санҷишӣ ва зина ба зина роҳ паймудан ба сӯи ҳадаф мумкин набошад? Зеро агар мо ҷорисозии суғуртаи ҳатмии тиббиро оғоз накунем, амалисозии онро бо баҳонаи “замони беҳтарро интизор мешавем” мавқуф мегузорем”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.