Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон маҳдудиятҳои семоҳа ба муҳоҷирон ва дигар сабабҳои манъи вурудро ба Русия расман шарҳ дод.

Ахиран, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳодисаҳое баҳс мешавад, ки дар онҳо муҳоҷирони тоҷик аз ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои Русия поиномадаро бо ишораи он, ки онҳо танҳо баъди се моҳ метавонанд такроран ба Русия оянд, бозпас ба Тоҷикистон мефиристанд.

Масалан, рӯзи 24 июн дар фурудгоҳи Внуково ба 80 шаҳрванди Тоҷикистон вуруд ба Русияро иҷоза надода, пешниҳод намуданд, ки баъди се моҳ метавонанд боз ба ин кишвар сафар кунанд.

Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ин мушкилиҳоро шарҳ дод.

Агар мухтасар бигӯем, талаби танҳо пас аз се моҳ ба Русия омадан қонунӣ аст ва тибқи қоидаи "90" аз "180" танзим мешавад. Он дар моддаи 5 қонуни федералӣ “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия” зикр шудааст.

Акнун муфассалтар. Қоидаи “90 аз 180” чӣ маъно дорад?

Барои сафар ба Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон раводид (виза) лозим нест. Аммо ин маънои онро надорад, ки метавон ба Русия дар ҳама вақту ба кадом муҳлате, ки хоҳӣ сафар кунӣ. Шаҳрвандони хориҷие, ки аз онҳо раводид талаб намешавад, метавонанд дар Русия на зиёдтар аз 90 шабонарӯз (3 моҳ) дар муддати 180 рӯз (ним сол) ҳузур дошта бошанд.

Яъне, дар муддати ним сол шаҳрванди хориҷӣ 3 моҳ метавонад дар Русия ҳузур дошта, 3 моҳ аз қаламрави Русия берун равад.


Ин қоида ғайрирасмӣ “90 аз 180” номида мешавад.

Дар назар дошта бошед, ки айни замон лоиҳаи қонуне мавриди баррасӣ қарор дорад, ки дар он дароз кардани ин муҳлат аз “90 аз 180” то “90 аз 360” пешниҳод мешавад. Яъне, ҳузур доштан дар Русия на 90 шабонарӯз дар ним сол, балки 90  шабонарӯз дар 1 сол пешбинӣ шудааст. Лекин ин қонун ҳоло қабул нашудааст.

Чӣ мешавад, агар ман ин қоидаро риоя накунам?

Агар муҳлати будубоши 90 рӯз вайрон карда шавад, шаҳрванди хориҷӣ метавонад мутобиқи моддаи 18.8 қисми 1 Кодекси ҳуқуқваронкунии маъмурӣ (КҲМ)-и Русия бо ҷарима ва ихроҷи маъмурӣ ё бидуни он ҷазо дода шавад.

Ҳангоми хориҷ шудан бо вайрон кардани қоидаи “90 аз 180” ВКД бидуни додгоҳ (суд) бар асоси моддаҳои 26 ва 27 банди 12-и Қонуни федералӣ “Дар бораи тартиби хориҷ шудан аз Русия ва ворид шудан ба Русия”, метавонад вуруд ба Русияро ба муҳлати аз 3 то 10 сол манъ кунад.

Чӣ гуна метавон ин 90 рӯзро дуруст ҳисоб кард?

Пас аз рӯзи аввали вуруд тариқи гузаргоҳи сарҳадӣ ҳисоби 180 рӯз (6 моҳ) оғоз мешавад.

- дар давоми ин 180 шабонарӯз шумо метавонед дар маҷмӯъ танҳо 90 рӯз ҳузур дошта бошед;

- ин маънои онро надорад, ки  муҳлат бояд бетанаффус бошад, сарҳадро метавонед чи қадаре, ки хоҳед, бигузаред.

- дар назар дошта бошед, ки ин муҳлат метавонад то як сол дароз карда шавад.

Баъди ба охир расидани давраи 90-рӯза, шаҳрванди хориҷӣ бояд Русияро тарк кунад. Агар қаламрави Русияро тарк кардеду дарҳол бозпас ворид гардидед - муҳлат бекор намешавад. Муҳлати 90 шабонарӯзи нав оғоз намешавад.

Аз замони Русияро тарк кардани шумо бояд боз 90 рӯзи дигар (3 моҳ) гузарад.

Қоидаи “90 аз 180” барои киҳо истисност?

Маҳдудияти “90 аз 180” барои касоне, ки дар Русия ҳуҷҷатҳои расмӣ гирифтаанду он барои ба муҳлати бештар дарозтар ҳузур доштани ӯ имкон медиҳад, амал намекунад. Ин ҳуҷҷатҳо чунин буда метавонанд:

- патенти ҳуқуқи фаъолияти корӣ дар қаламрави Русия. Дар назар дошта бошед, ки аз охири соли гузашта пойгоҳи маълумот дар бораи патентҳои расман дастрасшуда бо низоми электронии Хадамоти марзбонии Хадамоти федералии амният (ФСБ) пайваст (ҳамгиро) шудааст;

- иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ);

- таҳсил (рӯзона).

Сурат аз торнамои migranturus.com

Ба ин тариқ, барои шаҳрвандони Тоҷикистони машғули кор дар Русия анҷоми расмиёти патент барои фаъолияти кории муваққатӣ ва саривақт пардохт намудани андоз аз даромади шахсони воқеъӣ (НДФЛ) барои патент хеле муҳим мебошад. Дар ин ҳолат қоидаи “900 аз 180” нисбати чунин шаҳрвандон амал намекунад.

Ин маънои онро дорад, ки ба муҳоҷирони зикршуда асоснок гузаштани сарҳадро иҷоза надоданд?

Ба гумони ғолиб, онҳо патент надоштанд ва аз ин рӯ, нисбати онҳо қоидаи тарк кардани Русия бо анҷоми 90 рӯз амал кардааст.

Маҳз барои ҳамин аз муҳоҷирон дархост намудаанд, ки баъди ба охир расидани 3 моҳ ба Русия оянд, то ки қоидаи “90 аз 180” риоя шавад. Яъне, ин талаб қонунӣ буд.

Пештар чунин қонун набуд?

Тавре ки маълум шуд, чунин қонун ҳамеша буд. Танҳо вуруди қисмате аз хориҷиёни дорои қонуншиканиҳои аёну возеҳи қоидаи “90 аз 180”-ро иҷоза медоданд.

Аммо айни замон назорат дар сарҳад бештар сахттар шуда, дигар ба чунин хатогиҳои дағал чашм намепӯшанд.

Қобили зикр аст, ки миёни боздоштшудагон ва ихроҷшудагон дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминии Русия шаҳрвандони натанҳо Тоҷикистон, балки давлатҳои дигар -  Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва ғайра низ ҳастанд.

Чӣ гуна метавон бовар ҳосил кард, ки ман ҳеҷ гуна қоидаҳоро вайрон накардаам ва ба ман бемалол гузаштани сарҳадро иҷоза медиҳанд?

Ба хотири пешгирии ҳолатҳои роҳ надодан ба вуруд ба Русия, Вазорати меҳнати Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки нақшаи сафар ба Русия барои фаъолияти кории муваққатиро доранд, боисрор даъват мекунад, ки пеш аз сафар аз санҷиши манъи вуруд надоштан ва расмиёти супоридани изи ангуштон (дактилоскопия) гузаранд.

Аз санҷиши манъи вуруд ва супоридани изи ангуштон дар Хадамоти шиносномавӣ-раводидии ВКД Русия гузаштан мумкин аст. Суроғаи Хадамот: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121 (дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон).

Дар ин Хадамот ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҳеҷ кадоме аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин ҷо аз санҷиш гузаштанд, аз фурудгоҳҳои Русия бозпас ба Тоҷикистон фиристода нашуданд.

Сурат: Вазорати меҳнати ҶТ

Боз киҳоро ба гузаштан аз сарҳад иҷоза намедиҳанд?

Бар асоси банди 1 моддаи 27 Қонуни федералӣ “Дар бораи тартиби вуруд ба Русия ва хориҷ шудан аз он”, шаҳрвандони хориҷие, ки барои тартиботи ҷамъиятӣ хатар эҷод мекунанд, ба вурудашон ба Русия метавонанд иҷоза надиҳанд.

Дар амал ин маънои онро дорад, ки агар муҳоҷирон ришу сатр дошта бошанд ё дар телефонҳои мобилии онҳо файлҳо бо маълумоти марбут ба дин дарёфт шавад, инчунин агар онҳо забони русиро надонанд, ба вурудашон иҷоза дода намешавад.

Агар ман пештар ихроҷ шуда бошам чӣ?

Ин ҳам метавонад ба рад гардидани вуруд сабаб шавад. Аксаран шаҳрвандони хориҷӣ бо сабабҳои зерин ихроҷ мешаванд:

- кор бидуни ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ;

- шаҳрванди хориҷӣ муҳлати ба қайди муҳоҷират гузоштанро ба таъхир андохтааст;

- убури ғайриқонунии сарҳад (ивази ному насаб дар шиноснома пас аз ихроҷ) бидуни мунтазир шудани муҳлати ба охир расидани қарори додгоҳ дар бораи ихроҷ (5 сол);

- агар мақсади зикршудаи вуруд ва кору ҳузури воқеӣ ба ҳақиқат мувофиқат накунанд;

- надоштани ҳуҷҷатҳо барои ҳузури қонунӣ дар Русия;

- ҳуҷҷатҳои иқомати қонунӣ вайрон ё гум шудаанд ва саривақт барқарор карда нашудаанд;

- шаҳрванди хориҷӣ пас аз анҷоми муҳлати иҷозашуда бидуни қонунӣ кардани иқоматаш кишварро тарк накардааст (тартиби 90/180), моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия;

- содир кардани 2 ё зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар давоми як сол;

- ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ),  иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП), патент ё иҷозаи кор - ҳар кадоме аз ин ҳуҷҷатҳо, ки ҳуқуқи иқомати бемамониат дар қаламрави Русияро медиҳанд, бинобар содир кардани ду ё зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар давоми як сол бекор карда шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.