Як муҳоҷирро аз Тоҷикистон боздошт карда, барои ба минтақаи зисти сарватмандон - Рублёвка омаданаш мехоҳанд хориҷ кунанд. Ба иттилои “Настоящее время”, ба ӯ гуфтаанд, ки “вуруд барои шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст”.

Ҳошимҷон муҳоҷир аз Тоҷикистон аст, ки то чанде пеш дар Маскав иқомат дошта, дар ширкати “Яндекс” ба сифати боррасон (курйер) кор мекард. Ду ҳафта пеш, рӯзи 8 октябр ӯро дар вилояти Маскав, дар минтақаи шоҳроҳи Рублево-Успенский, ки дар ин ҷо ситораҳои шоу, мансабдорон, сиёсатмадорон ва тоҷирони сарватманд иқомат доранд, боздошт мекунанд.

Ба гуфтаи муҳоҷир, кормандони пулис ба ӯ изҳор доштаанд, ки хориҷиён гӯиё дар ин қаламрави нимакушода қарор дошта наметавонанд. Пас аз ин ӯро боздошт ва тасмим гирифтаанд, ки аз Русия хориҷ мекунанд.

Ҳошимҷон изҳор мекунад, ки вақте ки ба яке аз хонаҳо дар Рублёвка фармоиш мебурд, нозирон мошини ӯро манъ кардаанд.

“Ман фармоиш мебурдам, ҳамааш хуб буд. Лекин онҳо гуфтанд, ки ба ин ҷо омадани ту манъ аст. Дар он ҷо ҳузур доштани манро манъ ҳисобида, маро ба маркази нигаҳдории хориҷиён оварданд. Хоҳиш кардам, ки маро озод кунанд, лекин онҳо мегӯянд, ки ин ҷо бошаму интизор шавам. Ана акнун як ҳафта мешавад, ки дар ин ҷо ҳастам”, - мегӯяд тоҷикистонӣ.

Пас аз як ҳафтаи боздошт Ҳошимҷон огоҳ мешавад, ки мақомоти Русия дар бораи ихроҷи ӯ тасмим гирифтаанд. Муҳоҷир ба ширкати “Яндекс” бо дархости кумак муроҷиат кардааст, лекин дар он ҷо посух додаанд, ки дар ин ҳолат наметавонанд ба ӯ ёрӣ расонанд.

Ҳошимҷон мутахассиси муҳаррикҳои ҳавопаймо (авиадвигателҳо) мебошад. Ӯ бо умеди дарёфти кор ба ҳамин ихтисос ба Русия омадааст, лекин базудӣ муяссар нашудааст, ки дар фурудгоҳ кор пайдо кунад.

“Ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ихтисосамро фиристодам. Лекин дар он ҷо гуфтанд, ки ман хориҷиям ва дархостамро рад карданд, - мегӯяд ӯ. - Дар Домодедово ба сифати боркаш ба кор даромадам. Лекин бо Украина ҷанг оғоз шуда, ба хориҷиён кор дар фурудгоҳҳоро манъ карданд. Сипас ба сохтмон рафтам. Баъд мошин харида, ба сифати боррасон кор мекардам”.

Ба гуфтаи ӯ, ният дошт, ки таҳсилашро дар Русия идома медиҳад, лекин он чизе, ки бо ӯ рух дод, ҳама нақшаҳояшро барбод дод.

“Мехостам ба магистратура дохил шавам, лекин мушкилот паси мушкилот пайдо шудан гирифт. Бахусус баъли ҳодиса дар “Крокус” муносибат нисбати мо - муҳоҷирон дар Русия комилан тағйир ёфт. Як сержант туро боздошта, тарзе гап мезанад, ки гӯё генерал бошад”, - зикр  мекунад ӯ.

Муҳоҷирони муқими Русия натанҳо аз Тоҷикистон, балки аз дигар кишварҳо низ ахиран дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври дастаҷамъона аз санҷишҳо ва рейдҳои зиёди кормандони сохторҳои қудратӣ, инчунин ихроҷи онҳо бидуни шарҳи сабабу ҳатто доштани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ арзу шикоят мекунанд.

Касоне, ки боздошту дар марказҳои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ ҷойгир карда шудаанд, аз шароити мисли зиндон дар ин муассисаҳо, нокофӣ будани хӯрок, рафтори дағалона, таҳҳқиру хушунат аз ҷониби кормандони ин марказҳо шикоят доранд. Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирон дар ин марказҳо чандин ҳафтаҳо ихроҷро мунтазир мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.