Ду рӯзи охир ба сокинон гӯё аз номи Почтаи Тоҷикистон ба таври оммавӣ дар бораи ба номашон омадани бастаи почтавӣ паёмак ирсол гардид. Дар “Почтаи тоҷик” гуфтанд, ин кори қаллобон аст ва сокинонро ба эҳтиёткорӣ даъват намуданд.
Паёмак аз рақами +63 930-329-87-25 бо забони русӣ ирсол гардидааст.
“Бастаи почтавии шумо ба анбор ворид шуд, вале бо сабаби нопурра ишора шудани суроға, мо наметавонем онро бурда расонем. Лутфан, аз замимаи зер истифода бурда, давоми 12 соат суроғаи худро тасдиқ кунед”, - навишта шудааст дар паёмак аз номи “Почтаи тоҷик”.
Ҳамчунин, аз сокинон хоҳиш карда шудааст, ки ба ин паёмак бо паёми “Y” ҷавоб диҳанд.
Барои тафтиши ин паёмак “Азия-Плюс” ба “Почтаи тоҷик” муроҷиат кард. Дар ин ниҳод гуфтанд, онҳо ба ин паём робитае надоранд ва ин кори қаллобон аст.
“Аз сокинон хоҳиш мекунем, то эҳтиёткор бошанд ва ба ҳар гуна паёму зангҳо бовар накунанд. Онҳо метавонанд дилхоҳ маълумотро оид ба почта тариқи рақамҳои 227-69-39, 227-86-64 ва 227-47-23 пайдо намоянд”, - илова караданд дар “Почтаи тоҷик”.
Бояд гуфт, ки қаблан ҳам қаллобон бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тойота”, “Беко”, бонки “Эсхата”, “Амонатбонк”, "Душанбе Сити Бонк" ва шахсиятҳое, чун раиси ҷумҳуру шаҳрдори Душанбе талош кардаанд сокинонро фиреб диҳанд.
Дар робита ба ин фейкҳо мақомоти Тоҷикистон аҳолиро ҳушдор дода буданд, вале то кунун сокинону ширкатҳои алоҳида аз ин навъи қаллобӣ хабарҳо нашр мекунанд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста