Дар маркази ташхисию табобатии “Чину тоҷик” дар шаҳри Душанбе дирӯз, 27-уми ноябр, ташхиси ноболиғони дорои бемориҳои қалб аз ҷониби табибони чинӣ сурат гирифт. Гуфта мешавад, “10 бемор аз ҷониби ин марказ дар Чин ройгон табобат мешаванд ва аз соли 2025 ҷарроҳии бемориҳои қалб дар Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.”
Аксари бемориҳое, ки ҷарроҳони чинӣ ташхис карданд ва мехоҳанд дар Чин ҷарроҳӣ кунанд, дар Тоҷикистон имкони табобат надоштаанд.
Роҳбари маркази ташхисию табобатии “Чину тоҷик” хонум Ян гуфт, танҳо табобати 10 бемор дар нақша буд, вале наздик ба 30 нафар дар рӯзи ташхис ҳозир шуданд, бинобар ин кӯшиш мекунад, ки қариб ҳамаи онҳо ройгон ҷарроҳӣ шаванд.
“Интихоби бемор то 10-сола гуфта мешуд, аммо имрӯз мебинем, ки дар қатори ноболиғон беморони 20-23-сола низ ҳастанд. Бартарияти интихоб ба бемороне дода мешавад, ки аз ҷиҳати молиявӣ шароити хеле танг дорад ва ё бемориаш дар ҳоли вазнин асту таъхир ба саломатиаш хатар дорад”, - шарҳ дод хонум Ян.
Ба гуфтаи ӯ, Вазорати тандурустии Тоҷикистон муайян кардааст, ки дар кишвар зиёда аз якуним ҳазор кӯдаки ноболи- ба бемориҳои қалб гирифтор аст.

Падари яке аз кӯдакон, ки фарзандаш дорои бемории қалб будааст, мегӯяд аз сабаби надоштани маблағи ҷарроҳӣ натавонист тӯли солҳо фарзандашро табобат кунад. Ӯ барои фарзандаш солҳо инҷониб дору мехаридааст, ки онҳо низ гаронарзишанд.
Пан Дунмин, ҷарроҳи бемориҳои қалб ки аз Чин омадааст, гуфт, Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз мавҷудияти 14 ҳазор бемори қалб дар кишвар ва афзудани 4 ҳазор бемор дар як сол иттилоъ дода, барои гузаронидани ин намуди ҷарроҳӣ онҳоро ба Тоҷикистон даъват кардааст.
“Дар нақша аст, ки соли оянда дар Тоҷикистон 100 - 200 ҷарроҳии қалб гузаронем”, - илова кард ӯ.
Табобат пурра ройгон аст, дар ҳоле ки барои ба Чин бурда ҷарроҳӣ намудани ин намуди беморӣ 7 ҳазор доллар (74 ҳазору 860 сомонӣ) харҷ мешавад.
Волидоне, ки фарзандонашонро барои ташхис овард буданд, гуфтанд, онҳо қаблан дар қайди Вазорати тандурустӣ буданд ва онҳоро аз омадани табибони чинӣ хабардор кардаанд.
Ҳамчунин гуфтанд, мутахассисони аз Чин ҳозиршуда аз беморхонаҳои пойтахт дидан карда, муайян мекунанд, ки дар беморхонаҳои кишвар кадом таҷҳизот намерасад. Бо дарназардошти ин, ба кишвар таҷҳизот ворид мекунанд.
Селексионерони Тоҷикистон тухмии гандумеро ихтироъ карданд, ки дар як сол ду ҳосил медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 феврали соли 2025
Аз Маскав то Вашингтон. Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ба номзади худ ба вакилии парлумон овоз диҳанд?
“Арча”: Асрори муваффақияти бренди мебел аз Хуҷанд
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни ICB ва KAZAKHEXPORT
Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатиро гуногунсамт мекунад, вале коршиносон онро нокофӣ медонанд
Нахустин нуқтаи “Wildberries” дар Тоҷикистон рӯзи 21-уми март ба кор оғоз мекунад
Дар Тоҷикистон дарозтарин пули машингузар дар Осиёи Марказӣ сохта мешавад
Оғози моҳи Рамазон расман эълон шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев охири моҳи март дар Хуҷанд вомехӯрад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста