Рӯзи 4-уми декабр дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон ҷашни “Меҳргон” ва номинаи дигари якҷояи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳон ворид карда шуд. Дар ин бора Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷаласаи 19-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО рӯзи 2-юми декабр дар Парагвай шурӯъ шуда, то 7-уми декабри соли 2024 идома меёбад. Дар иҷлосия инчунин намояндагони Тоҷикистон иштирок доранд.
Ҷашни Меҳргон ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиату меҳнати деҳқон ва арҷгузорӣ ба ваҳдати инсону табиат таҷлил мегардад. Соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи эҳёи ҷашни “Меҳргон”, ки ифодагари анҷоми ҷамъоварии ҳосил аст, қарор қабул кард ва он ба рӯйхати идҳои расмӣ дохил шуд.

Рубоб сози тории мусиқӣ буда, дар байни халқҳои Шарқ, алалхусус тоҷикон маъмул аст. Дар Тоҷикистон рубоб сози миллии мусиқӣ ба ҳисоб меравад.
Асосан баъди солҳои 60-ум дар Тоҷикистон навозандагони касбии бомаҳорат дар навохтани рубоб шогирд тайёр намуда, онро ҳамчун сози якканавозӣ ташвиқу тарғиб кардаанд. Имрӯз дар мактабҳои мусиқии Тоҷикистон навъҳои гуногуни навохти сози рубоб таълим дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соле пеш дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО се номина аз Тоҷикистон-Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ҳамчун ҳунари фарҳангӣ ва мероси башарият эътироф гардида, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда буданд.
Мақсади асосии ворид намудан ба ин рӯйхат, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда гуфта мешавад. Ҳоло дар ин рӯйхат зиёда аз 600 номгуй зикр шудааст.
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста