Имзои дастӣ яке аз қадимтарин воситаи муайян кардани шахсияти ҳар нафаре дар саросари ҷаҳон аст. Бо вуҷуди асри технология будани ин замон ва истифодаи одамон аз имзоҳои электронӣ, имзои дастӣ ба ин наздикиҳо ба гузашта намеравад. Муҳиммияти онро ҳама бе ин ҳам мефаҳманд.
Оё дар Тоҷикистон метавон имзои худро тағйир дод ё иваз кард? Барои дарёфти посух ба ин савол ба муассиси ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев муроҷиат кардем.
Имзоро иваз кардан мумкин аст
Дар Тоҷикистон имзои шахс тибқи қонун дақиқан танзим намешавад. Яъне дар қонун гуфта намешавад, ки шахс бояд имзои шахсии доимӣ ва тағйирнопазир дошта бошад.
«Аммо бояд дар назар дошт, ки маъмулан имзо дар шиноснома “асосӣ” ҳисобида мешавад ва агар имзои шиноснома аз имзои дигар ҳуҷҷатҳо фарқ кунад, ин метавонад боиси бекор шудани ҳуҷҷат гардад. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки иваз кардани имзо бо иваз кардани шиноснома ҳамзамон анҷом дода шавад», – шарҳ дод Наврӯз.
Чанд нуктаи муҳим
Одатан шиноснома танҳо пас аз анҷоми муҳлати амали он иваз карда мешавад. Агар муҳлати шиносномаи шумо ҳоло дер бошад, лозим меояд, ки интизор шавед. Иваз кардани шиноснома пеш аз муҳлат танҳо дар ҳолати гум шудан ё осеб дидани он мумкин аст.
Пас аз гирифтани шиносномаи нав бо имзои нав, ҳуҷҷатҳо бо имзои пештара эътибори худро гум намекунанд.
Имзо аслан барои ташхиси хати дастӣ (тарзи навишти шахс) истифода мешавад. Агар баҳс пеш ояд, коршиносон натанҳо шакли имзо, балки хусусиятҳои дигар, масалан, тарзи навиштани ҳарфҳоро низ таҳлил мекунанд.
Дар бораи сурат
Қонун танҳо нисбати сурат (акс) дар шиноснома талабот муқаррар кардааст: табассум ва акс гирифтан аз паҳлӯ манъ аст. Аммо дар мавриди имзо маҳдудият вуҷуд надорад. Барои ҳамин, истифодаи рақамҳо, аломатҳо ё ҳатто расмҳо манъ нест.