Дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ба кор оғоз намуданд.

Кори ярмаркаҳо дар доираи қарори раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, то 31 декабри соли 2024 ҳамарӯза фаъолият хоҳанд кард. Фурӯшгоҳҳои махсуси ярмаркаҳо дар ҷойҳои зерин ташкил карда шудаанд:

- бозори «Саховат»;

- бозори «Меҳргон»;

- майдони назди боғи «Куруши Кабир»;

- таваққуфгоҳи назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино.

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт дастур додааст, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланди тадорукотӣ ва дар ҳамдастӣ бо сохторҳои шаҳр гузаронида шавад. Ҳадаф аз баргузории ярмаркаҳо пешниҳоди маҳсулоти хушсифат бо нархҳои дастрас ба сокинони пойтахт унвон мешавад.

Қобили зикр аст, ки чунин ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ҳамасола пеш аз идҳо баргузор карда мешаванд. Дар ярмаркаҳо бо нархҳои нисбатан арзон номгӯи васеи маҳсулот, аз қабили биринҷу гӯшт, картошка, пиёз, равғани растанӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ харидан мумкин аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.