Дар соли 2025 барои баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм –фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” аз фонди раисҷумҳур беш аз 23,5 млн сомонӣ ҷудо гардидааст. Амрҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ имрӯз, 2-юми январ ба имзо расид.
Ҳамакнун, имсол ба барандаи Шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 140 ҳазор сомонӣ супорида мешавад. Инчунин, ғолибони ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ мегиранд.
Қаблан ба барандаи Шоҳҷоиза 70 ҳазор сомонӣ ва барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ дар ҳар як номина барои ҷойи якум 35 ҳазор, ҷойи дуюм 25 ҳазор ва ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ супорида мешуд.
Ҳамчунин мукофотпулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро мегиранд 20 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки қаблан 10 ҳазор сомониро ташкил менамуд.
Бо дастури раисҷумҳур ба низомномаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, тағйирот ворид гардида, баъзе маҳдудиятҳо ба иштирокчиёни озмуни мазкур бардошта шудааст. Яке аз тағйиротҳо ин аст, ки минбаъд дар озмун шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд иштирок кунанд.
Имсол ба барандаи Шоҳҷоизаи озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” ҳам 140 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад ва ба ҳар як ғолибони ҷойи якум 70 ҳазор, ҷойи дуюм 50 ҳазор ва ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.

Барандаи Шоҳҷоизаи озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” соҳиби 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардида, инчунин ғолибони ҷойи якум 70 ҳазор, ҷойи дуюм, 50 ҳазор ва ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ мегарданд.
Имсол дар ин озмун низ тағйирот ворид гардид. Акнун жанри академии номинатсияи навозандагӣ ба ду қисм ҷудо гардидааст, ки довталабон метавонанд истеъдоди худро дар навозиши созҳои миллӣ ва созҳои аврупоӣ нишон диҳанд.
Имсол барои баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, беш аз 6,6 миллион сомонӣ, “Илм –фурӯғи маърифат” беш аз 9,2 миллион сомонӣ ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” беш аз 7,6 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар умум барои баргузории 3 озмуни ҷумҳуриявӣ 23,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар “Рӯзи дониш” ба масъулин дастур дод, ки мукофотпулии ғолибони озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” сар аз мактабҳо то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100% зиёд кунанд.
Бояд гуфт, ки маблағ барои баргузории ин озмунҳо аз Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ҷудо мешавад. Имсол ба Фонди захиравии президенти Тоҷикистон 685 млн 686 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 63 млн доллар)- равона мешавад, ки ин 1,3% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ аст.
Дар соли 2024 барои баргузории 3 озмуни ҷумҳуриявӣ аз фонди раисҷумҳур қариб 12,5 млн сомонӣ ҷудо шуда буд.
Ин се озмуни ҷумҳуриявӣ дар байни аҳолӣ ҳаводори зиёд доранд ва ҳамасола садҳо нафар дар онҳо ширкат ва қувваозмоӣ мекунанд.
Миёни ин озмунҳо “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз сербаҳстаринҳо дониста мешавад, ки қариб ҳар сол баъди анҷоми он дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳокима мешавад. Дар ин матлаби мо “Аз “дурӯғу “через” то “мусоидати болову поён” дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро хонед.
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста