Моҳи аввали соли нав дар Тоҷикистон обуҳавои тағйирёбанда, сардиҳо дар ноҳияҳои кӯҳистон ва қисмати шарқии кишвар, эҳтимоли боришот бо шамоли сахт пешгӯӣ мешавад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои гарм пешбинӣ мешавад.

Ҳарорат 1-2 дараҷа баландтар аз меъёр пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона аз аз 2 то 16 дараҷа гарм ва шабона аз 0 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат рӯзона аз 0 то 14 дараҷа гарм ва шабона аз 2 то 10 дараҷа хунук мешавад.

Дар рӯзҳои ҷудогона сардиҳо аз эҳтимол дур нест. Боришот аз меъёр зиёд мешавад: дар водиҳо - аз 43 то 82 мм, дар доманакӯҳҳо - аз 86 то 102 мм. Боридани барфу борон ва фаромадани туман дар назар аст. Суръати вазидани шамол то 15-20 метр дар як сония пурзӯр шуда метавонад.

Дар вилояти Суғд низ моҳи январ обуҳавои гарм ва 1-2 дараҷа баландтар аз меъёр пешгӯӣ мешавад.

Дар водиҳо ҳарорати миёна рӯзона аз 0 то 12 дараҷа гарм (меъёр - аз 0 то 10 дараҷа хунук), шабона - аз 2 то 8 дараҷа (меъёр - аз 0 то 10 дараҷа хунук) пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорат шабона аз 7 то 14 дараҷа хунук (меъёр - аз 4 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм), рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм (меъёр - аз 4 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм) пешбинӣ шудааст.

Дар рӯзҳои ҷудогона сардиҳои то 10 дараҷа дар водиҳо ва то 18 дараҷа хунук дар кӯҳҳо пешгӯӣ мешавад. Боришот аз меъёр зиёд мешавад.Дар водиҳо миқдори боришот аз 9 то 39 мм (меъёр - аз 9 то 39 мм), дар кӯҳҳо аз 9 то 18 мм (меъёр - аз 9 то 18 мм) пешбинӣ шудааст. Боридани барфу борон, фаромадани туман ва вазиши шамол бо суръати аз 17 то 22 метр дар як сония дар назар аст.

Моҳи январи соли 2025 дар минтақаҳои кӯҳистони Ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ ҳарорат 1-2 дараҷа баландтар аз меъёр пешгӯӣ мешавад.

Шабона ҳарорат аз 3 то 11 дараҷа хунук, шабона аз 1 то 7 дараҷа хунук пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияи Дарвоз рӯзона ҳарорат гарм мешавад. Шабона дар рӯзҳои ҷудогона ҳарорат метавонад  аз 20 то 23 дараҷа хунук ва рӯзона аз 9 то 12 дараҷа хунук поин равад.

Боришот аз меъёр зиёдтар пешбинӣ шудааст: дар ғарби ВМКБ - аз 20 то 56 мм, дар Ноҳияҳои тобеи марказ - аз 39 то 150 мм. Пурзӯр шудани суръати вазиши шамол ва фаромадани туман дар назар аст.

Дар ноҳияҳои шарқи ВМКБ ҳарорат аз меъёр паст мешавад. Шабона ҳарорат аз 17 то 30 дараҷа хунук, дар Булункӯл - то 45 дараҷа хунук, рӯзона аз 9 то 12 дараҷа хунук (то 26 дараҷа хунук дар Булункӯл) пешбинӣ шудааст. Боришот ҳам аз меъёр зиёд пешгӯӣ шудааст: аз 6 то 41 мм. Боридани барфу борон ва фаромадани туман аз эҳтимол дур нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.