Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон давоми соли гузашта фаъолияти 651 иншоотро бо сабаби риоя нашудани меъёрҳои санитарӣ ва гигиенӣ муваққатан боздошт. Дар ин бора зимни машварати солонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, баҳри таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ зиёда аз 16,8 ҳазор иншоот мавриди санҷиш қарор гирифта, дар онҳо қонуншиканиҳои сершумор ошкор шуданд. Фаъолияти чанде аз сартарошхонаву тарабхона, кошонаҳои ҳусн, нуқтаҳои хӯроки тезтайёр ва дигар иншоот муваққатан қатъ шуд.
Дар ҷараёни санҷиш беш аз 11 ҳазор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 413 тонна маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта ба маблағи 5,14 млн сомонӣ мусодира ва нобуд карда шуданд.
Дар машварат зикр шуд, ки айни замон дар Тоҷикистон 3342 муассисаи дорусозӣ амал мекунанд, ки аҳолӣ ва муассисаҳои тиббиро бо воситаҳои доруворӣ ва маҳсулоти таъиноти тиббӣ таъмин мекунанд.
Гуфта мешавад, дар соли 2024 барои машғул шудан ба фаъолияти дорусозӣ (фарматсевтӣ) ва муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда 257 иҷозатнома дода шуд.
Зикр шуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 67 корхонаҳои ватанӣ истеҳсоли зиёда аз 598 намуд ва 351 номгӯи дору, молҳои тиббӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахши ватаниро ба роҳ мондаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023, мутаносибан 6 корхона, 27 намуд ва 26 номгуй дору ва молҳои тиббӣ зиёд мебошад.
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста