Парвози нахустини хатсайри Душанбе–Панҷакент-Душанбе бори чорум ба таъхир гузошта шуд. Ҳавопаймо, ки мебоист баъди се маротибаи таваққуф, рӯзи 21-уми январ аз Душанбе ба Панҷакент ва баръакс парвоз кунад, “бо сабаби номусоидии ҳаво дар ин масир”, парвоз анҷом надод.
Дар ин хусус дар ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
“Сабаби таъхири парвоз танҳо дар номусоидии ҳаво мебошад.Дигар ҳеҷ мушкиле нест. Чунки бехатарии мусофирон барои мо дар мадди аввал меистад. Ҳоло бо сабаби шароити номусоиди обуҳаво парвозҳо ба Кӯлоб ва Хоруғ низ боздошта шудаанд”,-гуфт намояндаи ширкати “Тоҷик Эйр”.
Бояд гуфт, ки парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент рӯзи 14-уми январ соати 09:00 ба нақша гирифта шуда буд. Аммо бо сабаби номусоидии ҳаво дар масири парвоз он аввал ба рӯзи 16-ум соати 09:00 баъдан ба рӯзи 19-ум соати 09:00 мавқуф ва ахиран ба рӯзи 21-уми январ ба таъхир гузошта шуд.
Қаблан дар ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки ҳамаи чиптаҳо барои парвози аввалин фурӯхта шудааст. Аммо муайян нест, ки муштариён чиптаашонро бозпас додаанд ва ё то ҳанӯз мунтазири паврози аввалин ҳастанд. Арзиши чиптаи ин масир 400 сомонӣ муқаррар шудааст.
“Тоҷик Эйр”, эълон кард, ки парвози хатсайри Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд. Вале ҳоло маълум нест, ки парвози нахустин ба Панҷакент кай амалӣ мешавад.
Хусусият ва тавоноии ҳавопаймоии АН-28 чӣ гуна аст?
“Тоҷик Эйр” эълон кард, ки парвозҳо миёни Душанбе–Панҷакент ва Душанбе–Кӯлоб бо ҳавопаймоии АН-28 анҷом мешаванд.
АН-28- ҳавопаймои хурди дусарнишин мебошад. Ин ҳавопаймо, ки дар замони Шӯравӣ аз ҷониби Бюрои тарроҳии Антонов таҳия шудааст, барои парвозҳои кӯтоҳ то масофаи 2000 км муайян шудааст.

Ҳавопаймои мазкур барои интиқоли 17 мусофир ва бор бо вазни умумии то 1750 кг пешбинӣ шудааст.
Нахустин парвоз бо ин навъи ҳавопаймо 30-юми апрели соли 1969 сурат гирифтааст.
Ҳавопаймои АН-28 дорои ду муҳаррики турбовинтии TWD-10B аст, ки қувваи зиёд ва сарфаи нисбатан кам доранд, ки ҳавопайморо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва фишори пастдошта устувор нигоҳ медоранд.
Ҳавопаймои мазкур бо суръати баландтарин то 355 км/соат то баланди 9000 метр парвоз карда метавонад. Сохтор ва муҳаррики ҳавопаймо ба шароити гуногуни иқлимӣ аз сармо то гармои сахт мутобиқ карда шудаанд.
Ан-28 дорои болҳои баланди росткунҷа мебошад, ки барои парвозҳои устувор ва амн дар шароити душвор мусоидат мекунанд. Инчунин ҳавопаймо пӯлоди қавӣ дорад, ки нишаст дар сатҳҳои ноҳамворро низ имконпазир месозад.
Дар баробари ин бояд гуфт, ки ҳавопаймои АН-28 танҳо барои парвозҳои кӯтоҳ ва миқдори ками бор ва мусофирон мувофиқ мебошад. Он нисбат ба ҳавопаймоҳои калонтар суръати камтар дорад.
Бояд гуфт, ки қариб як моҳ пеш ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе–Панҷакент ва Душанбе–Кӯлоб хабар дод.
Парвози аввалини ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Кӯлоб рӯзи 15-уми январ, бо 17 мусофир анҷом ёфт. Ҳоло бо сабаби номусоид будани вазъи ҳаво парвоз ба ин масир низ боздошта шудааст.





Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста