Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1000 тонна (1 миллиону 11 ҳазору 801 кг) маҳсулоти гуногуни хӯроквории бесифат ошкор шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта наздики 500 тонна кам аст. Дар ин бора дирӯз, 3-юми феврал Темурҷон Абдулваҳҳоб, директори Оҷонсии “Тоҷикстандарт” зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, 889 ҳазору 309 килограми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ ва 122 ҳазору 492 килограми дигар аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набудаанд.
Дар ин даврад, дар бозори дохилӣ маҳсулоти пастсифату тамғагузоринашудаи зерин ошкор ва ғайристандартӣ дониста шудаанд:
- 50 ҳазору 906 кг маҳсулоти гӯштӣ;
- 157 ҳазору 111 кг равғани растанӣ;
- 27 ҳазору 434 литр нӯшокиҳои спиртӣ;
- 16 ҳазору 248 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ;
- 24 ҳазору 159 кг маҳсулоти қаннодӣ;
- 14 ҳазору 802 кг маҳсулоти ширӣ;
- 352 кг маҳсулоти иловагиҳои ғизоӣ;
- 6 ҳазору 478 кг тухми мурғ;
134 ҳазору 8 кг намак;
101 ҳазору 923 кг маҳсулоти ғалладонаӣ;
140 ҳазору 284 кг орд;
16 ҳазору 599 кг консервҳо ва дигар маҳсулот.

Аз ин ниҳод гуфтанд, нисбати фурӯшандагони ин маҳсулот чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Вале мушаххас онҳо чӣ ҷазо гирифтаанд, маълум нест.
Ҳамчунин, соҳибкорон беш аз 225 000 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки мӯҳлати истифодаашон гузаштааст, ба агентӣ супоридаанд.
Вордоти равғани нахл манъ аст ё не?
Темурҷон Абдулваҳҳоб ҳамчунин, гуфт, ки аз моҳи майи соли 2020 воридоти равғани нахл ба ҷумҳурӣ манъ аст, вале он дар истеҳсолот ба истиснои “истифода бурда мешавад”. Аммо ӯ гуфт, истифодаи он дар маҳсулоти қаннодӣ ва ғизои кӯдакона манъ аст.
Аммо корбарон ба "Азия-Плюс" шикоят ирсол карданд, ки дар таркиби ғизои кудаконаи "Nutrilak" равғани нахл ҳаст. Мо аз фурӯшгоҳҳои пойтахт дурустии ин иттилоъро санҷидем, ки воқеан ин равған дар таркиби ин навъи ғизои кӯдакона истифода шудааст.

Сифати бензин ҳоло чӣ гуна аст?
Дар идомаи нишасти матбуотӣ, масъулини “Тоҷистандарт” дар бораи сифати бензин суҳбат карданд ва гуфтанд, “ҳоло сифати маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин дар бозори истеъмолӣ нисбат ба солҳои гузашта хеле беҳтар шудааст”.
Дар соли 2024-ум 220,6 тонна маҳсулоти нафтӣ, моеъҳои найқлиётӣ дар 78 ҳолат аз ҷониби оҷонсӣ ошкор шудааст, ки ғайристандартӣ дониста шудааст.
Аз ин миқдор танҳо 183 тонна бензини ғайристандартӣ дар 32 ҳолат ошкор шудааст.
“Мақсади мораторий фақат манъи санҷишҳо нест”
Дар идомаи нишаст, масъулини Оҷонсӣ аз эълон гардидани мораторий барои санҷишҳо то соли 2025-ро истиқбол карда, гуфтанд, ки “мақсади асосии эълон гардидани мораторий манъ кардани санҷишҳо нест, балки баланд бардоштани маърифату фарҳанги соҳибкорон аст.”
Мирзоён Раҳмоншо, муовини аввали директори “Тоҷикстандарт” гуфт, мораторий ба маҳсулоте, ки ба кишвар ворид мегардад, дахл надорад ва ҳамаи онҳо пеш аз ворид шудан аз “ҳатман аз санҷиш гузаронида мешавад”.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми охири худ аз санҷишҳои беасоси бархе мақомот аз фаъолияти соҳибкорон нигаронӣ карда, дар бораи эълони мараторий дар санҷиши фаъолияти соҳибкорон гуфт ва 10-уми январи соли ҷорӣ дар ин бора фармон ба имзо расонид.
Дар асоси он дигар ҳеҷ ниҳоде ба истиснои мақомоти андоз ҳақ надорад, ки фаъолияти соҳибкорон дар Тоҷикистонро то 1-уми январи соли 2027 санҷиш кунад.
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 апрели соли 2025
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста