Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва насупоридани маблағи истифодаи он ҷавобгарии ҷиноятӣ татбиқ карда шавад. Маҷлис имрӯз, 27-уми март таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шудааст.
Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар дода навиштааст, ки дар ҷаласа таъкид шудааст, ки “барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад”.
Маълум нест, ки ин пешниҳод мушаххас аз забони кӣ садо додааст.
Вале манбаъ навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа, “аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд”.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар мавсими тирамоҳу зимистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад, Дар ҳамин ҳол мақомот аз напардохтани пули барқ аз тарафи аҳолӣ ва корхонаҳо нигаронӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки шуруъ аз 1-уми апрели соли 2025 таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истеъмолгарони он боло меравад.
Ҳоло дар кишвар расман “лимит”-и барқ ҷорӣ аст, ки аз 22-юми сентябр соли гузашта оғоз шуда буд. Мақомот мегӯянд, то ҳол маълум нест, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар саросари кишвар кай бардошта мешавад.
Боз кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?
Манбаъ ҳамчунин, навиштааст, ки дар маҷлиси имрӯзаи ҳукумат ҳамчунин барномаи чорсолаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироӣ ба маҳбусоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва низоъҳои ҳарбии ҳудуди кишварҳои хориҷӣ маҳкум шудаанд баррасӣ шуда қарорҳои дахлдор қабул шудаанд.

Зимнан масъалаҳои ташкили саривақтӣ ва босифати кишту кори баҳорӣ, махсусан пахта ва картошка ва бунёди муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ низ баррасӣ шуда дар ин самт супоришҳои дахлдор дода шудааст.
Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо аз ҷумла дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, “Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок”, “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба парлумони Тоҷикистон фиристода шудааст.
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста