Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Маркази тамос ба фаъолият оғоз карда, рақами кутоҳи 3900 барои хидматрасонӣ ба нафақагирон фаъол гардонида шуд. Дар ин бора Агентии суғурта ва нафақаи кишвар иттилоъ дода навиштааст, ин марказ рӯзи 25-уми июн ба истифода дода шуд ва акнун шаҳрвандон метавонанд ба саволҳои худ дар робита ба нафақа посух гиранд.
Манбаъ навиштааст, муроҷиати шаҳрвандон аз тамоми манотиқи кишвар имконпазир буда, сокинон метавонанд ба суолҳои худ дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъини нафақа аз рӯйи маъюбӣ, синну сол ва бесаробонӣ, идомаи фаъолияти меҳнатӣ пас аз таъин гардидани нафақа, пешниҳоди ҳуҷҷат барои бозҳисобии нафақа ва дигар масоили марбут посухи мушаххас гиранд.
Ба навиштаи ин ниҳод, Маркази тамос ба хотири вусъати рақамикунонии хидматрасониҳои давлатӣ таъсис ёфтааст.
“Ин Марказ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хидматрасонӣ ва қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мебошад”,- гуфтааст Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентии нафақа зимни ифтитоҳи марказ.
Ба иттилои Агентӣ, аз моҳи марти соли ҷорӣ Барномаи “Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон” таҳия шуда, аллакай дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва ноҳияи Файзобод фаъол аст.
Гуфта мешавад, ки тавассути ин барнома пардохти мутамаркази нафақа ба таври автоматӣ тавассути “Амонатбонк” имконпазир мегардад.
Интизор меравад, ки то моҳи сентябри соли 2025 тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба пардохти автоматикунонии нафақа пайваст мегардад.
Ёдрас мешавем, ки баъди ба пардохти ғайринақдӣ гузаштани тамоми хидматрасониҳои давлатӣ пардохти нафақа низ ғайринақдӣ гардид. Тибқи қарори ҳукумати кишвар, интизор меравад, ки то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хидматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда мешавад.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста