Онҳо ифтихори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонии ҳавонавардӣ (авиатсия) ҳастанд. Ду духтари тоҷик Нозанин Аминҷонова ва Супарна Холова орзуи ҳазорон нафарро амалӣ карда, узви дастаи бонуфузи меҳмондорон (стюардессаҳо)-и ширкати ҳавопаймоии Emirates гардиданд. Ҳадафи онҳо яксон, вале роҳе, ки ба он расиданд, комилан фарқ дошт. Ин ду қиссаи ҷудогона дар бораи бартарафсозии монеаҳо, нерӯи рӯҳӣ ва он аст, ки чӣ гуна орзуи ҷасуронаи дар Тоҷикистон зодашуда метавонад ҷаҳонро фатҳ намояд.
Қиссаи аввал: Нозанин Аминҷонова
Барои Нозанин касби меҳмондорӣ ё худ роҳбалад дар ҳавопаймо ҳамеша бештар аз як касби одӣ буд.
«Дар он нозуктарин латофат, масъулият, ғамхорӣ ва дипломатияи ҳақиқӣ дар фазо (осмон) ҷой дорад», – мегӯяд ӯ.
Бар хилофи бисёре аз одамоне, ки тасодуфан ба ҳавонавардӣ роҳ меёбанд, Нозанин аз аввал медонист, ки ҳадафаш маҳз ширкати Emirates аст, ки он рамзи баландтарин меъёрҳост. Аз қадамҳои аввал дар ин роҳ падару модараш ҳамеша дар паҳлӯяш буда, Нозанинро хеле дастгирӣ ва ба ӯ бовар мебахшиданд.
Роҳ ба сӯи орзу ва озмоиши пандемия
Роҳ ба осмон осон набуд. Гузаштан аз озмуни дохилшавӣ ба Emirates як раванди иборат аз якчанд марҳила ва рақобати шадид аст. Дар ин раванд на танҳо зоҳир, балки қобилияти муқовимат ба стресс, чаққонӣ ва малакаи кори дастаҷамъӣ низ нақши муҳим мебозад. Нозанин ҳамаи ин марҳилаҳоро то соли 2020 муваффақона гузашта, лаҳзаи ба кор қабул шудан аввалин тоҷикдухтаре шуд, ки ба дастаи Emirates шомил гардид. Аммо нақшаҳои ӯро пандемияи ҷаҳонӣ халалдор кард.

«Бо сабаби COVID-19 ҳама чиз муваққатан қатъ ва ман маҷбур шудам, ки як сол интизор шавам, то тавонам парвозҳоро оғоз кунам, – мегӯяд ӯ. – Ин давраи душворе буд. Заҳмати зиёде сарф шуда, вале ҳама чиз ба вазъият дар ҷаҳон вобаста монд. Муҳимтаринаш ин буд, ки эътимодро аз даст надода, лаҳзаи худамро интизор шавам».
Ин интизории тӯлонӣ танҳо ирода ва шинохти шахсияти худашро қавитар кард.
Сафири Тоҷикистон дар баландӣ
Нозанин ҳарчанд дар шаҳри маъруф дар ҷаҳони Дубай кору зиндагӣ кунад ҳам, ҳамеша бо Ватани худ пайванди амиқ дорад. «Ман бо ифтихор мегӯям, ки аз Тоҷикистон ҳастам. Аксар вақт ба ҳамкорон ва мусофирон дар бораи кӯҳҳои аҷоиби мо, фарҳанги ғанӣ ва мардумони меҳмоннавозамон изҳори назар мекунам», – мегӯяд ӯ.
Барои бисёре аз ҳамсуҳбатонаш ин нақлҳо аввалин шиносоӣ бо кишвари ӯ мешаванд. Аммо хотирмонтарин лаҳзаҳо ғамхорӣ зоҳир кардан аст, ки аз сифатҳои асосии касбаш маҳсуб меёбанд.
«Дар яке аз парвозҳо як мусофир худро бад ҳис кард, – ба ёд меорад Нозанин. – Мо ба ӯ кумак кардем ва баъдтар дар фурудгоҳи Мехико ӯ ба назди ман омада, лӯхтаки чӯбин (матрёшка) тӯҳфа кард ва гуфт: “Ташаккур барои ғамхорӣ ва барои он ки шумо ҳастед”. Ин кори ӯ то умқи дилам таъсир кард».

Тағйироти шахсӣ ва паём
Зиёда аз се сол мешавад, ки Нозанин узви фаъоли ҳайати кормандон (экипаж)-и Emirates мебошад. Дар ин муддати кор дар дастаи байнулмилалӣ ӯ ба ҷаҳон бо нигоҳи васеътар ва беғараз назар андохтанро омӯхт. Чунин гуфтаҳоро пазиро аст: Just because someone is different doesn’t mean they are wrong — «Ин ки каси дигар аст, маънои онро надорад, ки ӯ ноҳақ мебошад». Паёми ӯ ба ҷавонони Тоҷикистон бо итминон ва самимият садо медиҳад:
«Ҷасурона орзу кунед. Натарсед ва нагузоред, ки тарс ё назари дигарон шуморо боздоранд. Забон омӯзеду ба пешрафт ноил гардед ва рӯйи рушди худ кор кунед. Ман бисёр мехоҳам, ки бо гузашти вақт тоҷиконро дар Emirates бештар бинам. Агар роҳу равиши ман ҳадди ақалл ба як кас илҳом бахшад, пас ҳамааш беҳуда набуд».
Қиссаи дуюм: Супарна Холова
Қисссаи Супарна намунаи равшани он аст, ки чӣ гуна ирода ва эътимод ба худ метавонанд ҳар гуна монеаро бартараф созанд. Чор сол қабл ӯ ба Дубай омад, дар ҳолате ки тамоман забони англисиро намедонист ва роҳи худро аз кор дар ширкатҳои Чин оғоз кард. Орзуи кор дар Emirates дар аввал дур менамуд, вале тадриҷан ба ҳадафи асосии ӯ табдил ёфт.
Нокомӣ ҳамчун ангезандаи рушд
Роҳи Супарна осон набуд. «Кӯшиши аввалини ман барои шомил шудан ба Emirates бо нокомӣ анҷом ёфт, зеро ман аз озмуни забони англисӣ нагузаштам, – мегӯяд ӯ. – Аммо иҷоза надодам, ки ин маро боздорад».
Ин нокомӣ барои ӯ на анҷом, балки оғози марҳилаи нав гардид. Ӯ ҳамаи пасандозҳояшро ба омӯзиши забон сарф карда, ҳар рӯз ба машғулият мерафт ва баъди чанд моҳ бо итминони комил дубора дархост супорид.

«Дар озмун 71 довталаб иштирок дошта, танҳо ду нафар интихоб шуданд ва яке аз онҳо ман будам. Ин лаҳзаи ғалабаи воқеӣ ва тасдиқи он буд, ки талошҳо барабас нарафтаанд», – ба ёд меорад Супарна. Дар комёбии ӯ эътимоди устувори наздиктарин шахс низ нақши бузург дорад: «Модарам манбаи асосии нерӯи ман аст. Ӯ ҳамеша ба ман бовар дошт ва маро илҳом мебахшид».
Дониш калиди комёбиҳост
Супарна итминон дорад, ки маҳз малакаҳои хуби забондониаш калиди муваффақиятҳояш шуд. Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ, чинӣ ва дар ниҳоят омӯзиши комили забони англисӣ, ба бартарии асосии ӯ табдил ёфт. Ҳамин тавр, дар синни 29-солагӣ, бе таҷрибаи махсус дар соҳаи ҳавонавардӣ, ӯ тавонист даҳҳо рақибро паси сар гузошта, ба яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии бонуфузи ҷаҳон роҳ ёбад.

Супарна танҳо чанде пеш дар парвозҳо иштирок мекунад, лекин роҳаш ба осмон ҳанӯз дар оғоз буда, аллакай равшану возеҳ аст, ки он ҷолибу пурмазмун хоҳад буд. Кор дар Emirates пурра ӯро дигаргун кард.
«Ман устувору ҷасуртар ва чӣ гуна идора кардани эҳсосотамро омӯхтам. Пештар танҳо дар бораи зиндагии орому босубот орзу мекардам, ҳоло бошад, доир ба рушду инкишофи пайваста», – мегӯяд ӯ.
Паёми рӯҳбахш ба духтарони тоҷик
Супарна ба ҳамаи духтарони Тоҷикистон бо як даъвати пурқувват ва илҳомбахш муроҷиат мекунад:
«Андешаи асосии ман ин аст, ки аз орзу ва оғоз аз сифр ҳарос накунед. Забон омӯзед, инкишоф ёбед ба дониш рӯ оваред. Мо, духтарони Тоҷикистон, заҳматкашу ҳадафманд ва донову зебоем. Ба худ бовар карда, интизори мӯъҷиза нашавед, балки онро худатон созед».






Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста