Пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина ҷалби иҷбории зодагони Осиёи Марказӣ ба он, аз ҷумла тавассути фишанги “шаҳрвандӣ” ба таври бесобиқа роҳандозӣ гардид. Муносибати хашини мақомоти рус бо “шаҳрвандони нав”-и ин кишвар ба якборагӣ зиёд шуд.
Агар то ин вақт муҳоҷирон талош мекарданд бо пазируфтани шаҳрвандии Русия аз имтиёзҳои ин кишвар бархӯрдор шаванду аз пардохти патенту санҷишҳои сарироҳии кормандони мақомоти корҳои дохилаи рус халос шаванд, баъди оғози ҷанг бо хатари ҷалби иҷборӣ ба ҷанг ва эҳтимоли кушта шудан рӯбарӯ гардиданд. Ин буд, ки теъдоде аз зодагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз пазируфтани шаҳрвандии Русия даст кашиданд. Қиссаи муҳоҷирон ва таҳлили омори мақомоти Русия якбора коҳиш ёфтани қабули шаҳрвандии ин кишварро собит мекунанд.
“Ин ҷанги ман нест”
Акмал Собиров, муҳоҷири тоҷик дар Маскав, ҳафтае пеш аз имзои фармони Владимир Путин, раисҷумҳури Русия оид ба сафарбаркунӣ, ҳуҷҷати иқомати доимӣ (ВНЖ) дар Русия гирифт ва нақша дошт, барои пазируфтани шаҳрвандии ин кишвар ҳуҷҷат супорад. Аммо ҳаводиси минбаъда дар Русия ӯро водор кард, аз ин нияташ даст кашад.
“Вақте барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳоям ба мақомоти дахлдори Маскав рафтам, як масъули ин ниҳод бо диққат ба ҳуҷҷатҳоям нигарист ва бо писханд гуфт, “дар вақти зарурӣ омадӣ, зуд соҳиби шиноснома мешавӣ ва барои ҳимояи “ватани нават” камари ҳиммат мебандӣ”. Баъди ин пешниҳод кард, ки агар бо вазорати дифоъ шартнома бандам, тезтар соҳиби шиноснома мешавам”, - зикр мекунад Акмал.
Ӯ мегӯяд, маълумоти ҳарбӣ дорад, яъне собиқ афсар аст ва ин маънои онро дорад, ки пас аз гирифтани шиносномаи Русия, бидуни таъхир ӯро ба хати аввали ҷанг мефиристанд, чун дар ҷабҳа эҳтиёҷ ба “шаҳрвандони нав”-е мисли ӯ зиёд аст.
“Вале ман намехоҳам ба ҷанг равам, чун ин ҷанги ман нест. Барои ҳамин баъди пешниҳоди имзои шартнома бо вазорати дифоъ бо баҳонаи “рӯзи дигар бармегардам” ҳуҷҷатҳоямро бозпас гирифтам ва ба хона баргаштам. Бо ҳамин аз баҳри шиносномаи Русия гузаштам”, - мегӯяд Акмал.
3,5 баробар камтар
Омори ба шаҳрвандӣ пазируфтани хориҷиён дар Русия, ки Вазорати корҳои дохилии Русия интишор кардааст, собит мекунад, ки теъдоди хоҳишмандони гирифтани шиносномаи русӣ дар солҳои охир рӯ ба коҳиш ниҳодааст.
Аз соли 2023 ВКД-и Русия дастрасӣ ба ҷадвали гирандагони шаҳрвандии ин кишварро, ки қаблан давлат ба давлат аз рӯйи шаҳрвандии якумашон нашр мекард, маҳдуд кард. Аммо расонаҳои Русия бо такя ба ВКД шумораи умумии онҳое, ки шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд, нашр мекунанд. Таҳлил омори чор соли охир нишон медиҳад, ки пас аз оғози ҷанг дар Украина, теъдоди “шаҳрвандони нав” ба таври назаррас коҳиш меёбад.
Агар соли 2021 наздики 750 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандии Русияро пазируфта бошанд, соли 2024 ин адад беш 3,5 баробар кам - то 209 ҳазор поён омадааст. Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат Русия барои шаҳрвандони Украина тартиби содаи қабули шаҳрвандиро муқаррар намуда барои шаҳрвандони дигар кишварҳо низ гирифтани онро осонтар кард.

“Ҳамеша бегона мемонем”
Аммо тарс аз ҷанг ягона сабаби дасткашӣ аз шаҳрвандии Русия нест. Бархе муҳоҷирон ба далели муносибати дағали мақомоти интизомии рус ва бештар шудани ҳисси миллатгароиву бадбинии сокинони таҳҷойӣ нияти шаҳрвандии Русияро канор гузоштаву ба ватан баргаштаанд.
“Чандин сол талош кардам, то шаҳрвандии Русияро дошта бошам ва дар ин кишвар озодона кору зиндагӣ кунам. Аммо рафтари мақомоти Русияро дар солҳои охир, махсусан баъди ҳаводиси “Крокус”, ки бидуни кадом як сабабе зодагони кишварҳои Осиёи Марказиро боздошту таҳқир мекунанд ва аз шаҳрвандӣ маҳрум месозанд, маро водор кард, то тасмими худро бознигарӣ кунам”, - мегӯяд Шерзоди Фарҳод.
Ба нақли ӯ, як ҳамкорашро барои дар қайди ҳарбӣ нагузоштанаш ва ҳамкори дигарашро бидуни шарҳу тавзеҳ аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва ихроҷ карданд.
“Бо кӯчактарин баҳона метавонанд шаҳрвандиатро бекор ва худатро ихроҷ кунанд. Ин маънои онро дорад, ки агар шаҳрвандии Русияро ҳам дошта бошӣ, ту барои ин кишвар ҳамеша бегона ҳастӣ. Аз ин лиҳоз, баргаштам ба ватан. Мехоҳам инҷо кор пайдо кунам. Ё агар ҳам, ки пайдо накардам, ба кишвари дигаре равам. Дигар ба Русия намеравам”, - зикр мекунад Шерзод.
Фатҳулло Сабуров бошад, баъди ба нафақа баромадан ба Русия рафт ва бо харҷи зиёд мехост шаҳрвандии ин кишварро пазируфта, аз ин кишвар нафақа гирад. Аммо қонунҳои ахире, ки дар Русия қабул шуд ва пардохти нафақа ба “шаҳрвандони нав”-ро душвор кард, ӯро дар нимароҳ гузоштааст.
“Намедонам, боз пул сарф карда шаҳрвандӣ гирам ё аз баҳраш бароям”, - мегӯяд Сабуров.
Бояд гуфт, қаҳрамони мо барои таҳияи ҳуҷҷатҳо ва расидан ба марҳилаи охири пазируфтани шаҳрвандии Русия, “садҳо ҳазор рубл сарф кардааст ва ҳамакнун он ба боди фано рафт”.
Хоҳишмандон зиёданд
Шӯҳрат Латифӣ, коршиноси масоили муҳоҷират аз Тоҷикистон, се омили асосӣ - хатари ҷалб шудан ба ҷанг дар Украина, таъқибу бархӯрди хашини мақомоти рус, аз ҷумла бекор кардани шаҳрвандӣ бидуни сабабу шарҳи дақиқ ва қабули қонунҳои душворкунандаи пазируфтани шаҳрвандиро аз омилҳои асосии коҳиши назарраси гирифтани шаҳрвандии Русия медонад.

“Омили дигар таъсиррасон ин афзоиши ҳолатҳои радди пешниҳоди шаҳрвандӣ ба зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сӯйи Русия аст”, - зикр мекунад Латифӣ.
Аммо дар баробари ин, ин коршинос таъкид мекунад, ки ҳарчанд мақомоти Русия ва Тоҷикистон омори дақиқ пешниҳод намекунанд, теъдоди хоҳишмандони гирифтани шаҳрвандии Русия дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамоно зиёд аст.
“Сабаби таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳрвандии Русия ба кори нисбатан муносиб дар ин кишвар рабт дорад”, - зикр мекунад Латифӣ.
Қариб 1 млн "шаҳрванди нав" аз Тоҷикистон
Агар омори дастрасро то соли 2022 ҷамъ кунем, беш аз 830 ҳазор шаҳрванди мо ба қавле “шиносномаи русӣ” гирифтаанд ва агар ҷанг дар Украина намебуд, кайҳо марзи миллионро убур мекард. Чун тоҷикистониён дар гирифтани шаҳрвандии Русия пештозтарин миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, 45%-и “шаҳрвандони нав”-и ин кишваро аз минтақа ташкил медиҳанд.

Мувофиқи ҷадвали дастраси ба давлатҳо тақсимшудаи ВКД-и Русия аз соли 2022, дар ин сол беш аз 173 ҳазор шаҳрвандони Тоҷичикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Ин рақам аз шумори умумии “шаҳрвандони нав”-и ин кишвар дар соли 2024 ҳамагӣ 36 ҳазор камтар аст. Ин гувоҳи он аст, ки дигар доштани шаҳрвандии Русия “мӯд” нест.
Эзоҳ: Ному насаби қаҳрамон барои амнияти минбаъда ва бо хоҳиши ӯ иваз шудааст.






Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста