Дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе аз 1 то 31-уми август ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баргузор мешавад. Онҳо аз субҳ соати 9:00 то бегоҳ соати 17:00 фаъолият карда, то оғози соли нави хониш идома мекунанд.
Ярмаркаҳои фурӯши либосу лавозимоти мактабӣ дар маконҳои зерин доир хоҳанд гашт:
- ноҳияи Исмоили Сомонӣ: дар мағозаҳои истеҳсолии ҶДММ “Истиқлол”, ҶДММ “Чеварони Лола”, ҶДММ ва ҶСК “Гулистони Душанбе” (кӯчаи Теҳрон, 21);
- ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаи Валаматзода, 8 (назди бинои ҳукумати ноҳия), дар назди Маркази савдои “Садбарг”, кӯчаи Айнӣ, 307/5 (Маркази савдои “Ховарон”) ва кӯчаи А. Лоҳутӣ, 4/33 (Маркази савдои “Гелос”);
- ноҳияи Фирдавсӣ: дар ҳудуди бозори “Корвон”, дар “Дунёи нав АСК” (маҳаллаи 61-ум, кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон), дар фабрикаи “Нассоҷии тоҷик” (Комбинати матоъ), дар Маркази савдои “Ганҷина” (воқеъ дар “Саховат”), “Панҷшер” ва “Фаёз-2015”;
- ноҳияи Сино: дар ҳудуди бозори “Сафориён” (бозори паси Автовокзал).
Гуфтан ба маврид аст, ки масъалаи хариди либосҳои мактабӣ ҳар сол қабл аз оғози соли хониш доғ мешавад, зеро баъзе аз масъулини мактабҳои кишвар волидонро маҷбур мекунанд, барои фарзандонашон аз мағозаҳои муайян либос харанд. Аммо масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, хариди либоси мактабӣ аз ҷойҳои мушаххас иҷборӣ нест ва волидону хонандагон ҳақ доранд, ки либоси мактабии худро озодона харанд.
Ёдовар мешавем, ки қарори ташкили ярмаркаро 28‑уми июли соли 2021 Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба имзо расонида буд ва инак чор сол мешавад, ки баргузор мегардад.
Дар баробари баргузор шудани ярмаркаи либосҳои мактабӣ ҳамасола бо наздик омадани соли нави хониш, сокинони кишвар аз қимматии либос ва лавозимоти мактабӣ шикоят мекунанд.
Онҳо мегӯянд, нархи либос ва лавозимоти мактабӣ дар ярмаркаҳо низ тақрибан ба нархи бозору мағозаҳои пойтахт наздик аст.
Соли гузашта хабарнигори “Азия‑Плюс” бо нарху навои ярмаркаҳои фурӯши либосҳои мактабӣ дар бозори “Корвон”, корхонаи “Нассоҷии тоҷик” ва корхонаи “Гулистони Душанбе” ошно гардид ва назари сокинону масъулинро оид ба нархгузорӣ пурсида буд, ки дар ин пайванд хонда ва тамошо карда метавонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста