Дар ним соли 2025 теъдоди вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия тақрибан 150 ҳазор нафар кам шудааст. Дар ин бора нашрияи “Коммерсант” бо истинод ба омори расмии Хадамоти марзбонии Русия хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра ба Русия 5,48 млн шаҳрванди Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин ва Қирғизистон ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо 6 моҳи соли гузашта 2% ё 5,59 млн нафар камтар аст.
“Коммерсант” маълумот дар бораи вуруди шаҳрвандони хориҷиро дар семоҳаи якум ва дуюми соли 2025 мавриди таҳлил қарор додааст.
Маълум шудааст, ки панҷгона кишварҳо (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин ва Қирғизистон) аз лиҳози теъдоди воридшудагон дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2024 қариб тағйир наёфтааст.
Вуруди шаҳрвандони Чин ба Русия афзудааст: дар зарфи 6 моҳи соли равон 767,6 ҳазор нафар ворид шудаанд, ки 67 ҳазор нафар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст. Барои муқоиса, дар нимсолаи аввали соли 2023 теъдоди онҳо ҳамагӣ 263,8 ҳазор нафарро ташкил дода, он вақт Чин аз рӯи теъдоди вуруд дар рӯйхати кишварҳо дар зинаи ҳафтум қарор дошт.
Аз Қазоқистон низ вуруд зиёд шудааст: агар давоми моҳҳои январ-июни соли гузашта 1,51 млн нафар шаҳрвандони ин кишвар аз Русия боздид карда бошанд, пас имсол - 1,54 млн нафар. Дар ҳамин ҳол, дар сатри “мақсади сафар”-и аксари онҳо “сафари хусусӣ (ҳудуди 1 млн нафар) зикр шудааст. Тақрибан 120 ҳазор нафар ишора кардаанд, ки барои кор омадаанд. Дар қиёс бо қазоқистониҳо, шаҳрвандони Чин (317 ҳазор нафар) бештар мақсади сайёҳӣ ва сипас сафари корӣ, кор ва таҳсилро зикр мекунанд.
Вуруд аз панҷгонаи аввали кишварҳои боқимонда кам шудааст. Аз ҳама бештар аз Тоҷикистон. Агар дар нимсолаи аввали соли гузашта 978 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия омада бошанд, пас дар 6 моҳи соли равон ин рақам - 825 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аз ҳама бештар хориҷиён ба Русия аз Ӯзбекистон омадаанд - 1,82 млн нафар. Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар аксари мавридҳо мақсади сафарашонро маҳз кор зикр мекунанд.
Сарфи назар аз қонунҳои шадид
Дар пасманзари сангинтар шудани талабот ба будубоши хориҷиён, вуруди муҳоҷирон ба Русия идома дорад. Аз моҳи феврали соли 2025 “рӯйхати шахсони таҳти назорат” мавриди амал қарор дорад, ки ба он қонуншиканҳо шомил мешаванд. Шомил гардидан ба он эҳтимоли қатъи кори кортҳои бонкӣ ва симкортҳо, инчунин ихроҷ карданро дар пай дорад.
Аз 30 июн воридшудагон аз кишварҳои бидуни раводид тариқи замимаи ruID ҳадди ақалл 72 соат пештар аз вуруд бояд биометрия супоранд.
Аз моҳи сентябр дар шаҳр ва вилояти Маскав назорати макони будубоши муҳоҷирон оғоз мешавад: онҳо бояд дар замима худро ба қайд гузошта, дар бораи макони будубоши худ ба ВКД маълумот диҳанд. Дар сурати кӯшиши рад кардани пешниҳоди чунин маълумот, онҳоро низ ба рӯйхат шомил мекунанд.
Аз моҳи январи соли 2025 будубоши шаҳрвандони кишварҳои бидуни рваводид ба ҷойи 180 рӯзи пешина бо 90 рӯз маҳдуд шудааст. Ғайр аз ин, аз моҳи январ қонуне мавриди амал қарор гирифт, ки мувофиқи он хориҷиёне, ки бо русиягиҳо ақди никоҳ мебанданд, танҳо пас аз се соли баъди бастани ақди никоҳ метавонанд ба ҳуҷҷати иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) соҳиб шаванд.
Александра Докучаева бар ин назар аст, ки сарфи назар аз маҳдудиятҳои шадид, вуруди муҳоҷирон ба таври ҷиддӣ кам намешавад:
“Вазъи иқтисодӣ дар кишварҳои ҳамсояи мо, ки манбаи асосии муҳоҷират аст, рӯ ба беҳбудӣ намеорад. Далели сурат нагирифтани коҳиши босуръат нишон медиҳад, ки одамон зарурати риояи қоидаҳои навро қабул ва дарк мекунанд”.






Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста