Дирӯз, 20-уми август як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик, ки тариқи идрорпулӣ (стипендия)-и “Дурахшандагон” дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои Аврупову Амрико таҳсил мекунанд, бо хабарнигорон вохӯрданд. Онҳо дар бораи соҳиб шудани стипендияи “Дурахшандагон”, шароити таҳсил дар хориҷа, мавқеи донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа ва ҳадафҳои ояндаи худ қисса карданд.

Ба нақли онҳо, стипендияи “Дурахшандагон” ба довталабоне, ки ғолиб мешаванд, маблағи таҳсилу раводид, суғуртаи тиббӣ, иқомат дар хобгоҳ, роҳкиро ва ҳар моҳ дар ҳаҷми 600 доллар идрорпулӣ пардохт мекунад.

Донишҷӯён мегӯянд, баъди хатми таҳсил ба ватан баргашта, дар ниҳоде, ки шартнома доранд, фаъолият мекунанд. Низомномаи он донишҷӯёни тоҷикро уҳдадор мекунад, ки баъди хатми таҳсил панҷ сол дар ниҳоде, ки дархост гардида буд, фаъолият кунанд.

 

“Барои табиб шудан ҳар рӯз 8 соат дарс бояд хонд”

Рухшона Одинаева донишҷӯи курси сеюми бахши тиббӣ дар Британияи Кабир аст. Ӯ тӯли ду сол дар барномаи академии “А-Level”, ки натиҷаи имтиҳонаш барои қабул шудан ба донишгоҳҳо, аз ҷумла факултетҳои тиббӣ ҳалкунанда аст, таҳсил дошт.

Ба нақли Рухшона, ӯ якбора ба 7 донишгоҳи Англия дохил шуд ва Донишгоҳи “Saint George” дар Лондонро, ки дипломаш дар тамоми ҷаҳон эътирофшуда аст, интихоб кардааст.

Рухшона Одинаева
Акс аз Asia-Plus

Рухшона мегӯяд, таҳсил дар сатми тиб дар Британияи Кабир хеле мушкил ва пуррақобат буда, ҳамасола ҳазорҳо довталабон ҳуҷҷат месупоранд. Ба гуфтаи ӯ, қабул ба донишгоҳҳои самти тиб дар ин кишвар сангин аст ва 6 имтиҳон супоридааст. Инчунин дарстоварҳо дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ низ метавонанд заминаи дигар барои қабул бошанд.

“Барои таҳсил намудан дар самти тиб  ҳар рӯз бояд 8 соат дарс хонд. Дар Британияи Кабир таҳсил дар ин бахш душвортарин дар ҷаҳон аст”, - мегӯяд ӯ.

Рухшона ҳоло дар Англия аз рӯйи тахассуси ҷарроҳи чашм дониш меандӯзад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт дар Тоҷикистон мутахассисон каманд, аз ин рӯ, шаҳрвандони кишвар маҷбур мешаванд, ки ё ба давлатҳои хориҷа сафар кунанд ё дар Тоҷикистон бо арзиши гарон ҷарроҳӣ гузаронанд.

Рухшона мехоҳад чунин ҷарроҳиҳои муҳим дар Тоҷикистон гузаронида шаванд, зеро на ҳар кас имкони рафтан ба хориҷа ва ё харҷи зиёд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз хубиҳои ташхису табобат дар дохили кишвар ин аст, ки сокинони кишвар метавонанд бо духтур озодона бо забони модарии худ ҳарф зананд, ки ин фосилаи байни бемор ва табибро аз байн мебарад ва табобат бамаротиб беҳтар сурат мегирад.

 

Коргардон ва барномасози чандрасонаӣ

Анушервон Нурзода, донишҷӯйи соли сеюми Донишгоҳи Салфорди  Британияи Кабир дар шаҳри Манчестер буда, аз рӯйи ихтисоси коргардон-барномасози чандрасонаӣ таҳсил дорад.

1/2

Ӯ мегӯяд, баъди хатми таҳсил мувофиқи шартнома ба Тоҷикистон бармегардад ва дар Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон фаъолият мекунад.

“Ҳоло иттилои таҳлилнашуда дар тамоми дунё зиёд аст ва ин ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба руҳияи инсон таъсири манфии худро мерасонад. Мардуми Тоҷикистон низ маълумотро бе полоиш (филтр) истифода мекунанд. Мо дар оянда кӯшиш мекунем, ки ҳамин маълумот бояд ба гурӯҳҳо тақсим карда шавад”, - мегӯяд ӯ.
Анушервон Нурзода
Акс аз Asia-Plus

Анӯшервон таъкид мекунад, ки мавқеи донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар боло буда, соли гузашта аз рӯйи нишондоди фаъолнокӣ онҳо дар байни донишҷӯёни хориҷии Британия дар яке аз мақомҳои намоён қарор доштаанд.

 

Ягона тоҷик дар донишгоҳи бонуфузи Пейси Амрико

Билол Дӯстов, ки дар Донишгоҳи Пейси Амрико дар Ню-Йорк таҳсил дорад, соли ҷорӣ дар риштаи молияи ин донишгоҳ балли баландтаринро ба даст овардааст.

Донишгоҳи Пейси Амрико яке аз донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон буда, дар самти молия дар зинаи дуюм дар ҷаҳон қарор дорад. Билол ягона нафарест, ки аз Тоҷикистон дар ин боргоҳи илм таҳсил дорад. Ба гуфтаи ӯ, талаботи таҳсил дар ин кишвар сангин буда, донишҷӯ агар се маротиба имтиҳонро бо баҳои се супорад, аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад.

Ба гуфтаи Билол, ҳамасола қариб 47% донишҷӯёни ин донишгоҳ хориҷ карда мешаванд.

Билол Дӯстов
Акс аз Asia-Plus

Ӯ хатмкардаи литсейи “Ҳотам ва ПВ” буда, бо стипендияи “Дурахшандҳагон” ба донишгоҳи Амрико барои таҳсил рафт.

Ӯ мегӯяд, маблағи шартномаи ин донишгоҳ 90 ҳазор доллар буда, 60 ҳазораш аз ҷониби “Дурахшандагон” пардохт мешавад ва 30 ҳазори дигар аз ҷониби Амрико, ки қаблан дар барномае ғолиб шуда буд, пардохт мешавад.

Вай ҳамчунин ғолиби як қатор озмунҳои ҷаҳонӣ аз фанни математика ва забони англисӣ будааст.

 

Ихтисоси ғайримуқаррарии як духтари тоҷик дар Лондон

Саидова Маҳдия
Акс аз Asia-Plus

Саидова Маҳдия дар Донишгоҳи Кингстони Лондон дар риштаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҳсил мекунад. Ӯ мегӯяд, бар хилофи назари аксарият барои фаъолияти як бону дар ин самт мушкилеро намебинад.

Маҳдия, ки қаблан дар Тоҷикистон дар Донишгоҳи омӯзгорӣ низ таҳсил карда будааст, мегӯяд, дар донишгоҳе, ки имрӯз таҳсил дорад, таълим ва тарзи муносибат бо донишҷӯ куллан фарқ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар Британияи Кабир аксаран омӯзгорон инфиродӣ бо донишҷӯён суҳбат мекунанд ва дар дарсҳо низ теъдоди донишҷӯён камтар аст. Ба гуфтаи ӯ, ин самаранокии дарсро таъмин намуда, имкон медиҳад, ки омӯзгорон тамоми донишҷӯёнро фаро гиранд.

 

Донандаи чор забони хориҷӣ

Дилнозаи Абдулмаҷид, ки донандаи забонҳои англисӣ, испанӣ ва русӣ буда, ҳоло фаронсавиро меомӯзад, дар Донишгоҳи Йорки Британияи Кабир бо ихтисоси биотехнолог таҳсили илм дорад. Дилноза мегӯяд, касби интихобнамудаи ӯ ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - амнияти озуқаворӣ мутобиқ аст ва мутахассисон дар ин соҳа кофӣ нестанд.

Ӯ мақсад дорад, ки баъди хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон баргашта, дар рушди ин соҳа саҳм гузорад.

“Ман мушоҳида кардам, ки донишҷӯёни тоҷик  ба устодону ҳамдарсони худ хеле боэҳтиромона муносибат мекунанд ва дигарон низ ба ин муносибати онҳо эҳтиром қоиланд”, - мегӯяд ӯ.

Дилноза таъкид мекунад, ки ба стипендияи “Дурахшандагон” танҳо довталабони сазовор роҳ меёбанд.

Дилнозаи Абдулмаҷид
Акс аз Asia-Plus

Бояд гуфт, дар вохӯрӣ беш аз 50 донишҷӯ ҳузур доштанд ва ҳар кадом таҷрибаи худро дар бораи таҳсил баён намуданд, ки чанд намуна дар боло зикр шуд.

Ба иттилои Маркази барномаҳои байналмилалӣ, имрӯз 42 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар донишгоҳҳои 42 кишвари дунё таҳсил доранд, ки беш аз 30 дарсади онҳоро духтарон ташкил медодаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.