Пагоҳ, 20-уми сентябр дар Душанбе чорабинии бошукуҳи "IMPACT Forum"-и Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" баргузор мешавад, ки дар он коршиносони соҳаи расонаҳо, бозоршиносӣ (маркетинг), тиҷорат ва технологияҳои иттилоотӣ (IT) иштирок мекунанд.
Форум дар Осиёи Марказӣ бесобиқа буда, зиёда аз 400 мутахассисро гирдиҳам меорад. Дар кори форум на танҳо мушкилоту имконоти ин соҳаҳо баррасӣ мешаванд, инчунин таҷрибаҳои инфиродии муваффақи ин соҳаҳомуаррифӣ шуда, иштирокчиён доир ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ табодули назар мекунанд.
Ҳадаф аз баргузории озмун бунёди платформа барои табодули таҷриба, рӯҳбаланд сохтан ба роҳандозии ҳамкории байнисоҳавӣ аст. Коршиносони минтақа дар бораи ба даст овардани фоида ва ба даст овардани эътимоди аудитория суҳбат мекунанд.
Барои мутахассисони соҳаи расонаҳо, бозоршиносӣ ва таблиғ (PR) имконест барои шунидани ғояҳои нав, баррасии таҳдиду чолишҳо ва дарёфти стратегияҳои тоза мебошад.
Созмондиҳандаи чорабинии мазкур "Азия-Плюс" мебошад.
Чаро "IMPACT"?
Калимаи "IMPACT" дар тарҷума аз забони англисӣ “таъсир”, “нуфуз”, “самар” маъно дорад, ки комилан консепсияи форумро таҷассум месозад, вале дар ин калима ҳар як ҳарф маънои ҷудогона дошта, ғояҳои калидии чорабиниро ошкор мекунад.
I – INNOVATION. Форум ғояҳо, равиш ва роҳҳои ҳалро, ки ояндаи умумиро барои расонаҳо, тиҷорат ва технологияҳо ташаккул медиҳанд, муттаҳид месозад.
M – MEDIA. Яке аз мавзӯъҳои марказии форум расонаҳо мебошанд, ки дар он бо ёрии баррасиҳо ҷалби маблағ, афкори нав ва умедвориҳо ба оянда ба нақша гирифта шудааст.
P – PEOPLE. Ин ҷойи вохӯрии шахсонест, ки арзиш ва ҳадафҳои умумӣ доранд. Оянда маҳз онҳо воқеияти нави рушди саноатро ташаккул дода, самти табдилу дигаргун гардидани онро муайян хоҳанд кард.
A – AI. Иштирокчиёни форум барои дарки амиқтари захираву воситаҳои зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав имкон пайдо намуда, инчунин чӣ гуна аз ҷониби зеҳни сунъӣ дигаргун шудани бозор ва минбаъд боз кардани роҳҳои навро мефаҳманд.
C – CREATIVITY. Дар кори форум стратегияҳои эҷодӣ ва равишҳои навоварона, ки ба ҳамкории мутақобила байни расонаҳо, тиҷорат ва соҳаи технология мусоидат менамоянд, мавриди таҳқиқ қарор мегиранд.
T – TRANSFORMATION. Тарзи фикрронии иштирокчиёнро тағйир дода, ба бозбинии моделҳои тиҷорат, стратегияи рушд, ҳамгироии технологияҳо ва равишҳо ба идоракунӣ ёрӣ мерасонад.
Барномаи форум
Форум дар Маркази исмоилияи пойтахт аз соати 13:00 то 19:00 баргузор шуда, аз 5 қисми алоҳида иборат аст, ки эҳтиёҷоти се соҳа - расонаҳо, тиҷорат ва технологияҳои навро фаро мегиранд:
- IMPACT x COLLABS. Қисми аввал ва калидӣ, ки дар он "ситора"-ҳои соҳаи бозоршиносӣ, расонаҳо, тиҷорат ва технологияи муосир масоили ҳамкориҳои мутақобилан судманд, таҷрибаҳои муваффақона бо натиҷаҳои хуб дар Осиёи Марказиро баррасӣ намуда, инчунин моделҳои ҳамкорӣ, таҳдиду чолиш ва роҳҳои ҳалро мавриди таҳлил қарор медиҳанд.
- IMPACT Media Lab – бахше аст, ки ҳамзамон бо қисми технологияҳои нав ҷараён мегирад. Дар он коршиносони минтақаии расонаҳо, бозоршиносӣ ва блогнависӣ дар бораи тамоюлҳои нави технлогӣ дар ҷаҳон маълумот дода, сипас муштаракона талош хоҳанд варзид, ки инро ба имконот дар Осиёи Марказӣ мутобиқ созанд.
- IMPACT Talks дар шакли "TEDx" гузашта, дар он коршиносони минтақа ва ҷаҳон аз таҷрибаҳои кӯтоҳмуҳлат, вале хеле илҳомбахш, ки барои осонтар паси сар кардани таҳдиду чолишҳои замони нав кумак мекунанд, изҳори назар мекунанд.
- IMPACT Expo – майдонест барои пешниҳоди маҳсулоти лоиҳаҳои нав (стартапҳо) дар бахшҳои технология, тиҷорат, расонаҳо, ташаббусҳои маърифатӣ, соҳибкорон, сармоягузорон ва ташкилотҳо.
- IMPACT SOUNDS X ART – қисми хотимавии форум аст. Он аз намоиши асарҳои рассомон бо таваҷҷуҳ ба инъикоси маънии форум оғоз гардида, бо консерти хурд анҷом меёбад. Ин танҳо консерт нест. Ба ин роҳ, "Азия-Плюс" ва шарикон фарҳанги нави ҳамкориро роҳандозӣ мекунанд.
Киҳо маърӯза мекунанд?
Дар форум коршиносони маъруфи минтақа гирдиҳам омада, чӣ гуна роҳандозии ҳамкории судманд бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ҳадаф ва натиҷаҳоро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ҳар кадоме аз онҳо бобати чӣ гуна даромад ба даст овардан аз расона ва блогҳо, айни замон мустақиман кор кардани кадом моделҳо дар минтақа, чӣ тавр аз ҷониби зеҳни сунъӣ боз шудани имконоти нав, чӣ хел ба стратегияи зинда мондан табдил ёфтани чорабиниҳо ва модели нави тиҷорат барои расонаҳо ва боз бисёр дигар масоили муҳим изҳори назар мекунанд. Баромадкунандагон аз ҷумла инҳоянд:
- Виктор Елисеев, соҳибкор аз Қазоқистон, продюсер ва муассиси "Select Group" ;
- Татяна Бендз, рӯзноманигор аз Қазоқистон, продюсер, мутахассис оид ба идоракунии обрӯву эътибор, ҳаммолики агентии коммуникатсионии "2В Agency";
- Фаррух Шариф, директори эҷодӣ (креативӣ)-и агентии мустақили таблиғотии "Synthesis";
- Манижа Анварӣ, директори радиои "Asia-Plus Media Group", яке аз нахустин ровиёни радио;
- Виталий Волянюк, коршиноси бахши расонаҳо, соҳибкор ва ҳааммуассиси "Digital Business";
- Айганим Амирбекова, директори генералии "AIR Media-Tech", коршиноси гувоҳномадори "YouTube" ва шарики расмии платформа дар Қазоқистон ;
- Шералӣ Ҷӯрабоев, мутахассиси варзида дар соҳаи бозорёбӣ ва коммуникатсияҳои бозорёбӣ бо собиқаи кории беш аз 25 сол, ҳаммуассиси стартапи "Predictory";
- Муъминат Авезова, директори генералии сомонаи эълонҳои "Somon.tj";
- Акобир Аҳмедов, соҳибкор ва ҳаммуасиси маркетплейси манзил барои донишҷӯён дар ИМА ва Канада "4stay.com";
- Парвина Султонмамадова, менеҷер оид ба маҳсулот дар самти "AI/ML" дар ширкати "zypl.ai".
Далер Назров, меҳмонони махсуси чорабинӣ аст, ки ҳунарнамоии ӯ қисми хотимавии форум хоҳад буд.
Барномаи муфассали чорабиниро дар ин пайванд метавонед дарёфт кунед.
Шарики кулли форум ТҚХ "Ҳумо" мебошад.
Шарикони дигари "IMPACT Forum":
- Агентии иннноватсияҳо ва технологияҳои рақамии назди президенти Тоҷикистон
- Автохолдинги байнулмилалии "Vector"
- Сафорати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон
- Оператори пешрафтаи мобилии Тоҷикистон "Tcell"
Билетҳоро метавон тариқи сомонаи echipta.tj ё рақами 4141 дастрас кард. Барои донишҷӯён 50% тахфиф пешниҳод мешавад.





