Садои мусиқӣ, хандаи кӯдакон, чаҳ-чаҳи парандаҳо... Ҳар лаҳза дар атрофи мо садоҳое ҳаст, ки моро шод мегардонад. Аммо дар паҳлӯи мо нафароне зиндагӣ мекунанд, ки ин садоҳоро намешунаванд, ҳис мекунанд. Онҳо имрӯз дар Тоҷикистон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд, чӣ мушкил доранд ва бархурди ҷомеа бо онҳо чӣ гуна аст? Ин ва дигар саволҳое буданд, ки мо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ношунавоён ба суроғи ин қишри ҷомеа рафтем ва кӯшиш кардем, ба ин суолҳо посух дарёбем.

 

“Мехоҳем шахсони ношунаво аз шунаво қафо намонанд”

Яке аз ташкилотҳое, ки ношунавоёнро гирди ҳам меорад, ин Иттиҳодияи миллии ношунавоёни Тоҷикистон мебошад. Он аз солҳои 40-уми асри гузашта фаъолият мекунад ва ҳоло 11 ҳазор ношунаво дар қайди ин ҷамъият ҳастанд.

Масъулини он мегӯянд, ин омори ниҳоӣ нест ва шумораи онҳое ки мушкили шунавоӣ доранд, бештар аст. Иттиҳодия чанд маротиба кӯшиш кард, то ҳамаи ношунавоёни кишварро сабти ном кунад, вале муваффақ нашуд.

Абдуманон Шарифов
Акс аз Asia-Plus

“Мо ба 38 шаҳру навоҳии кишвар сафар карда, ношунавоёнро рӯйхат кардем, аммо омор то ҳол дақиқ нест. Дар минтақаҳои дурдаст бисёриҳо дар бораи ҷамъияти ношунавоён намедонанд ва аз ин рӯ, ба мо муроҷиат намекунанд. Мо ҳам ҷои зисти аниқи онҳоро намедонем, то рафта ба қайд гирем”, – гуфт Абдуманон Шарифов, директори Иттиҳодияи миллии ношунавоён.

Ба гуфтаи ӯ, аксари шахсони ношунаво, ки дар минтақаҳо зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқҳои худро намедонанд, ҳатто нафақаашонро намегиранд ва “волидайн ё хешу табор онҳоро ҳамчун ёрдамчӣ истифода мебаранд”.

Ҳар шахси дорои мушкили шунавоии аз 17-сола боло бояд шиносномаи ношунавоӣ гирад. Санаде, ки то ҳол баъзе ношунавоён намедонанд чӣ аст.

Акс аз Asia-Plus

“Мо мехоҳем ношунавоён аз шахсони солим қафо намонанд. Мо ба ношанавоён забони имову ишора ва касб меомӯзем. Ба синни мактабӣ, ки расиданд, онҳоро ба ду мактаб-интернати махсус дар ноҳияи Рӯдакӣ мефиристем. Онҳо бо кор таъмин мешаванд”, – мегӯяд директори ҷамъият.

Иттиҳодияи миллии ношунавоён дар назди худ як хобгоҳ дорад, ки ҳоло дар он 30 нафар зиндагӣ мекунанд.

 

“Имкониятамон маҳдуд аст, аммо ... “

Дар баробари ин, дар назди ҷамъият 4 корхонаи истеҳсолӣ амал мекунад, ки 20% даромади он барои фаъолияти Иттиҳодия сарф мешавад. Ҳамчунин, иттиҳодия дар Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тебеи марказу ВМКБ намояндагӣ дорад. 

Дар коргоҳҳои мазкур шахсони ношунаво кор мекунанд. Онҷо дару тирезаҳои пластикӣ ва хиштҳои сементӣ омода мекунанд, кӯрпаву кӯрпача медузанд, инчунин, ба коркарди пахта машғуланд.

Вале масъулини ҷамъият мегӯянд, солҳои охир фармоиш ба коргоҳ бамаротиб кам шудааст, ки ба кори иттиҳодия ва фаъолияти ин қишри осебпазири ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

“Маҳсулот як аст, нарх як аст, аммо мардум дигар аз бозору мағозаҳо харид мекунанд ва ба коргоҳҳои мо қариб, ки фармоиш намеояд”,- нигаронӣ кард Абдуманон Шарифов.

 

“Мехоҳем, президентро бифаҳмем...”

Ин ягона мушкили иттиҳодия ва шахсони ношунаво нест. Яке аз мушкилиҳои ҷиддӣ ин набудани тарҷумони забони имову ишора аст, ки зиндагии ношунавоёнро дар ҷомеа вазнин кардааст.

Ба гуфтаи Абдуманон Шарифов ҳар куҷое, ки ношунавоён мераванд, мекӯшанд, ҳамроҳи худ тарҷумон мебаранд, зеро дар коргоҳҳои ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои давлатӣ ҳеҷ кас забони онҳоро намефаҳмад. Вале на ҳамеша тарҷумон барои онҳо дастрас аст.

“Ношунавоён ҳам мисли одамони шунаво баҳсҳои судӣ, мушкилоти замин доранд ё баҳси оилавӣ доранд. Бемор мешаванд ба беморхона мераванд, баъд аз хатми мактаб мехоҳанд ба донишгоҳ дохил шаванд, аммо дар муошират бо дигарҳо бисёр азоб мекашанд” –гуфт директори Иттиҳодияи ношунавоёни Тоҷикистон.

Номбурда нигаронӣ кард, ки ҳатто дар телевизионҳои давлатӣ тарҷумони имову ишора нест, ки ношунавоён ҳадди ақал баромадҳои президентро фаҳманд: “Ҳадди ақал дар баромадҳои президент тарҷумон монанд”.

Акс аз Asia-Plus

Иттиҳодия барои ҳалли ин мушкилӣ курсҳои забони имову ишораро барои шахсони касб кори гуногун мегузаронад, вале ин басанда нест.

“Дар доираи ин курс, ки ҳоло ҳам фаъол аст, дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ба волидайни кӯдакони ношунаво, омӯзгорон, кормандони бонк ва духтурон забони имову ишора омӯзонидем. Вазъ беҳтар шуда истодааст, аммо то ҳол мушкилии норасоӣ тарҷумон боқӣ мемонад”, -гуфт ӯ.

 

“Ҳар як ношунаво, истеъдоде дорад ... ”

Мушкили дигаре ки шахсони ношунаво рӯбарӯ ҳастанд, наёфтани ҷои кор мебошад. Ҳарчанд касб доранд, вале онҳоро на дар ҳамаҷо ба кор қабул мекунанд.

Ба қавли директори ҷамъият, вақтҳои охир таваҷҷуҳи ношунвоён ба кори ҷисмонӣ кам шуда, мехоҳанд ба корҳои ҷамъиятӣ, мисли таксиронӣ машғул шаванд. Ҳатто чанд нафар аллакай мусофиркашонӣ мекунанд.

Аломати “шахси ношунаво” дар мошин
Акс аз Asia-Plus

“Дар рондани мошин барои шахсони ношунаво ягон мушкил ва хавф вуҷуд надорад. Дар пас ва пеши мошини онҳо аломати махсус ҳаст, ки аз “шахси ношунаво” будани онҳо дарак медиҳад. Мо ба ниҳоди дахлдор мактуб кардем, ҷавобшаро интизорем, иҷозат медиҳанд ё намедиҳанд, маълум нест”, – гуфт Шарифов.

Ҳамчунин, дар байни ношунавоён нафарони эҷодкор ҳам кам нестанд. Бархеи онҳо шеър эҷод мекунанд, расм мекашанд. Яке аз онҳо Нилуфар Пирова аст, ки рассом аст, зиндагиашро аз ҳисоби ҳунараш пеш мебарад. Орзуи Нигина ташкили гӯшаи ҳунарӣ буд, аммо гаронии иҷора имкон намедод, ки ин орзуяш амалӣ шавад.

Вале Иттиҳодияи миллии ношунавоёни Тоҷикистон барои Нилуфар як ҳуҷраи махсусро ройгон дод. Ӯ инҷо ҳам ба ҷавонони коргоҳ рассомӣ меомӯзад ва ҳам барои фармоиш расм мекашаду зиндагиашро пеш мебарад.

Нилуфар Пирова
Акс аз Asia-Plus

“Хуб мешуд, ба шахсони ношунаво аз зовияи дигар нигоҳ кунанд, чун ҳар яки онҳо истеъдоди худро доранд ва дар доираи имконияту истеъдодашон онҳоро ба кор қабул кунанд”, – гуфт Заррина Азимова тарҷумони забони имову ишораи Иттиҳодияи ношунавоён.

 

 “Хоҳиш дорем, имтиёзҳои моро баргардонанд ... ”

Дар баробари ин мушкилиҳо, чанд сол пеш ин қишри осебпазири ҷомеа ва ё ҷамъиятҳое ки бо онҳо кор мекунанд, ба як мушкили дигар мувоҷеҳ шуданд, ки зиндагии онҳоро вазнинтар кард. Ин бекор кардани напардохти 50% андоз барои ношунавоён ва корхонаҳое ки бо онҳо кор мекунанд.

Абдуманон Шарифов мегӯяд, Вазорати меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳоли ин гурӯҳи шахсонро ба рӯйхати шахсони қобилияти коридошта ворид кард ва аз соли 2022 ин имтиёз пурра бекор шуда, ҳамзамон барои иттиҳодияҳое, ки бо онҳо кор мекунанд “андози замин ҳам ҳамроҳ карда шуд”.

Шахсони ношунаво ба гурӯҳи сеюми шахсони дорои маъюбият дохил мешаванд, аз ин лиҳоз нафақаи онҳо нисбат ба дигар гурӯҳон камтар аст. Директори иттиҳодия ба ниҳодҳои дахлдор чандин маротиба муроҷиат кард, ки шахсони ношунаворо ба гурӯҳи дуюм гузаронанд, вале кӯшишҳои ӯ бенатиҷа анҷомид.

Ин аст, ки дар баробари дигар мушкилоти иҷтимоӣ, нафақаи кам ва бекор шудани имтиёз аз андоз зиндагии шахсони ношунаворо мушкилтар кардааст.

Акс аз Asia-Plus

Ба гуфтаи директори иттиҳодия, яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти ин қишри ҷомеа, қабули Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон аст, ки бо қабули он як қатор мушкилотҳои ношунавоён сабук мешавад:

- Дар донишгоҳҳо, беморхонаҳо шахсони ношунаворо ба кор қабул мекунанд;

- Тарҷумонҳои забони имову ишора зиёд мешавад ва таъмини ҷойи кори онҳо назорат карда мешавад;

- Шароити  коргоҳу макотиб ва дигар биноҳои иҷтимоӣ ба шахсони ношунаво з мутобиқ карда мешавад.

“Мо аз касе маблағ талаб надорем, танҳо мехоҳем ҳуқуқӣ шахсони ношунаво таъмин карда шавад, бархурд ба онҳо тағйир ёбад ва Конвенсияи ҳуқуқи маъбон, ки интизор мерафт соли 2024 қабул гардад, билохира тасдиқ ва ва имтиёзҳо мо баргардонида шавад”, - хулоса кард Абдуманон Шарифов.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.