Бо мақсади дастгирии рушди соҳаи соҳибкорӣ дар кишвар ва афзоиши дастрасии шаҳрвандон ба манбаъҳои молиявии имтиёзнок бо доллари ИМА, Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) иқдоми махсуси қарзиро роҳандозӣ намуд. Дар доираи иқдом қарзҳо бо доллари ИМА аз 8 фоиз солона, ба маблағи то 300 000 доллари ИМА ва ба муҳлати то 48 моҳ пешниҳод карда мешавад.
Иқдоми мазкур аз 1-уми ноябр то 30-уми ноябри соли 2025 амал намуда, шароити фоизии нав ва имтиёзнокро барои соҳибкорон ва шахсони воқеӣ пешбинӣ менамояд.
Дар доираи ин иқдом, Бонк меъёри фоизи солонаро барои гурӯҳҳои гуногуни мизоҷон коҳиш додааст:
Барои шахсони воқеӣ ва соҳибкорони хурду миёна
Маблағи қарз (бо доллари ИМА)
Фоизи солона
аз 150 000 то 200 000
10%
аз 200 000 то 250 000
9%
аз 250 000 то 300 000
8%
Барои шахсони ҳуқуқӣ
Маблағи қарз (бо доллари ИМА)
Фоизи солона
аз 200 000 то 250 000
9%
аз 250 000 то 300 000
8%
Ин иқдом ҷиҳати тақвияти иқтидори соҳибкорон, дастгирии ташаббусҳои молиявӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди тиҷорат равона шудааст. Он ба гурӯҳи муайяни мизоҷон маҳдуд намешавад, яъне тамоми соҳикорон, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон, занон, шахсони фаъол ва ширкатҳои навтаъсис низ метавонанд аз ин шароити имтиёзнок истифода баранд.
Соҳибкорон метавонанд, оиди гирифтани қарзҳои имтиёзнок ба тамоми филиалу марказҳои хизматрасонии Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон дар саросари кишвар муроҷиат намоянд.
Барои маълумоти бештар ба рақми 0909 занг занед.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста