Дар Қазоқистон қоидаҳои нави бақайдгирии муҳоҷирон тасдиқ шуд. Санад аз ҷониби вазири корҳои дохилии кишвар 17-уми ноябри соли 2025 ба имзо расида, аз 1-уми июли соли 2026 мавриди амал қарор мегирад. Ҳадафи аслӣ, пурра ба шакли электронӣ гузаронидани ҷараёни бақайдгирӣ тариқи низоми иттилоотии пулиси муҳоҷират унвон шудааст.

 

Ин барои чӣ ба муҳоҷирони тоҷик муҳим аст

Бино ба маълумоти Бюрои омори миллии Қазоқистон, давоми солҳои 2020-2023 зиёда аз 30 ҳазор нафар барои кору таъмини рӯзгор ба Қазоқистон омадаанд.

Ҳарчанд ҳиссаи муҳоҷирон ҳоло он қадар назаррас набошад ҳам, лекин дар ҳоли афзоиш аст. Дар пасманзари шадид гардидани қоидаҳои муҳоҷират дар Русия, Қазоқистон ба самти ҷойгузин (алтернативӣ) табдил меёбад.

 

Кадом қоидаҳо тағйир меёбанд?

Талаботи нав ба ҳамаи хориҷиён, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки метавонанд то 90 шабонарӯз бидуни раводид дар Қазоқистон ҳузур дошта бошанд, дахл хоҳад дошт.

Мисли пешина шаҳрванди хориҷӣ уҳдадор аст, ки на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз замони убури сарҳад худро ба қайд гузорад. Лекин ин ҷараён акнун комилан электронӣ мешавад.

 

Муҳоҷир бояд чӣ амалҳоро анҷом диҳад?

Чунин маълумот бодя ба ба низоми иттилоотии пулиси муҳоҷират ворид карда шавад:

- ному насаб ва номи падар;

- санаи таваллуд;

- маълумоти шиноснома;

- суроғаи зист дар Қазоқистон;

- маълумот дар бораи шахсе, ки манзил додааст.

Шахсе, ки манзил додааст, дар замимаи мобилӣ огоҳинома мегирад ва бояд бақайдгириро тасдиқ ё рад кунад.

Пас аз тасдиқ дар ҳуҷра (кабинет)-и муҳоҷир ба таври худкор (автоматӣ) маълумоти электронӣ дар бораи бақайдгирӣ пайдо мешавад.

 

Асосҳо барои рад кардан

Асосҳо барои рад кардан метавонанд чунин ҳолатҳо шаванд:

- маълумоти беэътимод;

- риоя накардани муҳлати будубош;

- рад кардани тасдиқи бақайдгирӣ аз ҷониби тарафи қабулкунанда.

 

Дар сурати иваз шудани суроға чӣ мебояд кард?

Дар муддати панҷ рӯзи корӣ худро бояд бо маконуи будубоши нав ба қайд гузошт. Суроғаи пешина ба таври худкор бекор мешавад.

 

Дар куҷо метавон худро ба қайд гузошт?

Дар биноҳои истиқоматӣ, манзилҳо, хобгоҳ, меҳмонхона, осоишгоҳ, хонаҳои истироҳат ва дигар биноҳое, ки барои зисти одамон пешбинӣ шудаанд.

Акс аз торнамои tengrinews.kz

 

Ин барои муҳоҷирон аз Тоҷикистон чӣ маъно дорад?

1. Талабот ба қонунӣ будани будубош сангинтар мешаванд. Акнун ҳар кадоме аз ҳолати бақайдгирӣ бояд тариқи электронӣ тасдиқ шавад. Ҳама гуна хатогӣ хавф дорад.

2. Дар бораи макони зист пешакӣ мебояд мувофиқа кард. Иҷорадеҳ ё ҷониби қабулкунанда бояд ба расман тасдиқ намудани бақайдгирӣ омода бошанд. Барои касоне, ки “ғайрирасмӣ” зиндагӣ мекунанд, ин метавонад мушкилиҳо пеш орад.

3. Хавфҳо барои шахсоне, ки бе ҳуҷҷат кор мекунанд, зиёд мешавад.

4. Риоя нашудани қоидаҳои муҳлати бақайдгирӣ ё мавҷуд набудани суроғаи тасдиқшуда метавонад ба чунин ҳолатҳо оварда расонад:

- рад шудани бақайдгирӣ;

- ҷаримаҳо;

- ихроҷ.

 

Қазоқистон назорат аз болои муҳоҷиратро пурзӯр мекунад

Пас аз рӯйдодҳои пурсарусадо тайи солҳои ахир мақомоти Қазоқистон аллакай санҷиши муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро пурзӯр карданд. Қоидаҳои нав ба ин раванд тақвият мебахшанд. Будубош дар фазои қонунӣ мусоидтар мешавад.

Низоми электронӣ ба муҳоҷир имкон медиҳад ба:

- назорати мақоми худ;

- дидани маълумотнома дар ҳуҷраи шахсии низоми иттилоотии пулиси муҳоҷират;

- пешгирӣ намудани вазъиятҳои баҳснок бо пулис.

Шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиҳоро ба хотир гиранд?

Пеш аз сафар ба Қазоқистон ва дарҳол баъди ворид шудан:

- бовар ҳосил намоед, ки суроғаи зист аз ҷониби тарафи қабулкунанда тасдиқ шудааст;

- муҳлати 30-рӯзаи бақайдгириро фаромӯш накунед;

- мақоматонро дар низоми иттилоотии пулиси муҳоҷират пайгирӣ кунед;

- маълумоти электронӣ дар бораи бақайдгириро бо худ нигоҳ доред.

- ҳангоми ба дигар ҷой рафтан маълумотро дар муддати панҷ рӯзи корӣ нав кунед.

Риоя накардани ин қоидаҳо хавфи ҷаримабандӣ шудан, рад кардани бақайдгирӣ ё ихроҷро зиёдтар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.