Ба додрасҳои Афғонистон амр шудааст, ки ҳангоми мурофиа ва содир кардани ҳукмҳои худ ба қонунҳои шариати ислом такя кунанд: ба ҷиноятҳое мисли дуздӣ, ғоратгарӣ, зино, истеъмоли машрубот ва муртад гунаҳкорон бо буридани дасту пой ва сангсор кардани омма ҷазо дода мешавад. Ин амрро Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари Толибон* додааст.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон” бо тасдиқи ин хабар дар “Твиттер” навишт, ки ба додрасҳо дастур дода шудааст, ки аломатҳои нақзи қонунҳои муқаддаси исломиро дар ҷиноятҳо бодиққат муайян кунанд.
Охундзода амр додааст, ки додрасҳо метавонанд дуздон, одамрабоён ва фитнагаронро дар ҷойи сар задани ҷиноят ҳукм ва ҷазо диҳанд.
Ин амри тозаи Толибон нест, онҳо ба амалҳое бармегарданд, ки пас аз расидан ба қудрат дар солҳои 1996-2001 иҷро карда буданд. Он замон онҳо низ қатлҳои бераҳмонаи оммавӣ ва ҷазоҳои саҳроӣ ҷорӣ карда буданд. Ин яке аз далелҳоест, ки мардуми Афғонистонро ба куллӣ аз Толибон дур кардааст.
Толибон дар моҳи августи соли гузашта пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ба қудрат баргаштан ва ба ҷомеи ҷаҳонӣ ваъда доданд, ки ин маротиба мӯътадилтар ҳукмронӣ мекунанд, аммо дар асл онҳо ҳама гуна озодиҳо, бахусус ҳуқуқи занонро саркӯб мекунанд.
Ҳафтаи гузашта Толибон сайругашти занон ба боғҳои фароғатиро мамнӯъ карда, онҳоро аз ҳаёти ҷамъиятӣ боз ҳам маҳрум карданд. Ҳамчунин, шурӯъ аз ҳафтаи гузашта, аз рафтани сокинони Кобул ба ҳаммом ва толорҳои варзишӣ, ки даромадан ба ин муассисаҳо аллакай аз рӯи ҷинсият тақсим мешавад, манъ кардаанд.
Ҳоло ин ҷойҳо барои афғонҳо комилан дастнорасанд. Толибон мамнӯъияти комилро бо он рабт медиҳанд, ки ҳузури занон дар чунин ҷойҳо ба қавонини исломӣ мувофиқ нест.
Ба занон сафар кардан ба масофаҳои дур бидуни ҳамроҳии мард манъ аст. Духтарони наврас бо вуҷуди ваъдаи Толибон дар бораи иҷозаи идомаи таҳсил ба онҳо то ҳол дар аксари манотиқи Афғонистон ҳаққи таҳсил надоранд. Теъдоди ками занон дар соҳаи тандурустӣ ва маориф кор мекунанд.
Моҳи майи соли ҷорӣ низ фармоне содир шуда буд, ки бо чеҳраи кушода дар кӯча ҳозир шудани занони афғонро манъ мекунад.
Дар Кобул занон борҳо ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи худ эътироз карданд, бархе аз онҳо аз ҷониби афроди Толибон шадидан латукӯб шуданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Эмомалӣ Раҳмон аз фориғболиву бемасъулиятии роҳбарони муассисаҳо, роҳбарони илмӣ ва докторантҳо гуфт
КОА беасос будани фошкориҳои “Диссернет”-ро собит накард. Интиқоди дубора ва шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз асардуздии олимони тоҷик
Боз як ширкати Чин дар МОИ “Панҷ” неругоҳи барқи офтобӣ месозад
Таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисӣ. Мақомоти Эрон гузориши дуввуми худро нашр карданд
Чанд нафар ҷудокорони тоҷик ба Олимпиадаи Париж мераванд?
Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳудуди 22 ҳазор хориҷиён аз Русия хориҷ шуданд
Эъдоми қариб 1200 кас дар 16 кишвари ҷаҳон
Дар як кӯчаи Душанбе ҳаракати нақлиёт барои се моҳ маҳдуд мешавад
Баъди танқиди раиси Бохтар ду масъули маркази дилхушӣ 5 шабонарӯз ҳабс шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста