Барои хоҷагиҳои ёрирасони корхонаҳои бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикисотон 67 адад гармхонаҳо сохта шудаанд, ки масоҳати наздики 19 ҳазор метри мураббаъро фаро мегиранд.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, соли равон корхонаҳои соҳа ба маблағи ҳудуди 69,5 млн. сомонӣ ба истифодабарандагон хизматрасонӣ кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 111,6 фоизро ташкил медиҳад.
Зимни нишасти хабарии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ қайд шуд, ки дар ин давраи ҳисоботӣ корхонаҳои соҳаи коммуналӣ ба аҳолӣ ба маблағи беш аз 27 млн. сомонӣ хизматгузориҳо анҷом додаанд, ки дар муқоиса бо соли гузашта ба 109,9 фоиз баробар аст.
Зикр гардид, ки нимсолаи аввал корхонаҳои коммуналӣ дар шаҳру навоҳии кишвар ба маблағи зиёда аз 15 млн. сомонӣ корҳои ободониву кабудизоркуниро ба сомон расонидаанд, ки 105,7 фоиз аз нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ин давра 35,7 ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни растаниҳои ороишотиву сояафкан шинонида шудааст.