Додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб омили марги Ботир Эргашев, як сарбози Нерӯҳои марзбонии КДАМ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро таҳқиқ мекунад. Пайвандони сарбози ҷонбохта даъво доранд, ки фарзандашон кушта шудааст.
Ҷасади Ботир Эргашови 20 сола, сарбози Нерӯҳои марзбонии КДАМ, ки дар яке аз қисмҳои низомии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон хидмат мекард, рӯзи 12-уми ноябр дар зодгоҳаш ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба хок супорида шуд.
Як рӯз пеш, 11-уми ноябр, намояндагони Нерӯҳои марзбонӣ ва ҳукумати маҳаллӣ ҳангоми супоридани ҷасади ин сабоз ба волидонаш гуфтаанд, ки “ӯ худкушӣ кард”. Волидони сарбози ҷонбохта даъво доранд, ки дар бадани фарзандашон осори латукӯб буд ва ба худкушӣ кардани ӯ бовар надоранд.
Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки таҳқиқи марги Ботир Эргашев оғоз шудааст ва дар сурати собит шудани қонуншиканӣ, парванда боз хоҳад кард.
Баҳодур Эргашев, падари Ботир Эргашев мегӯяд, писари сарбозаш 10-уми ноябр, як рӯз пеш аз ҳодиса, ба хона занг зада, додарашро бо муносибати рӯзи таваллудаш табрик гуфтааст ва изҳори хушнудӣ намудааст, ки дар зудтарин фурсат ба хона бармегардад.
“Соли 2022 ба хидмати ҳарбӣ рафт. Охирин рӯзҳои ҳидматаш монда буд. Пас аз чанд рӯз бояд бармегашт. Аз хидмат ҳеҷ гоҳ шикоят накарда буд”, - гуфт Баҳодур Эргашев.
Аз ин лиҳоз, ӯ бовар надорад, ки фарзандаш худкушӣ карда бошад ва мегӯяд, дар ҷисми писараш осори латукӯб ва шиканҷаро дидааст.
“Вақте ҷасади бачаамро мешустам, осори шиканҷаро мушоҳида кардам. Аз гардан то поёни нофашро бурида буданд. Ду ҷойи каллаашро бурида дӯхтаанд. Дар пушти сараш як шикофии калон буд, шояд задаанд. Лабҳояш дарида буд”, - зикр кард Баҳодур Эргашев.
Ҳамакнун ӯ аз мақомот талаб дорад, ки омили марги фарзандашро таҳқиқ ва ошкор кунад. Ӯ мегӯяд, барои муайян кардани ин то зинаҳои боло шикоят хоҳад кард.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ҳодисаи нав нест. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зикр кардааст, ки соли 2023 дар кишвар 40 ҳолати марги сарбозон дар артиш ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 8 ҳолати фавт худкушӣ будааст.
Инчунин, 109 сарбоз дар пайи вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиëни ҳарбӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 2 нафари онҳо бинобар бардоштани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд.
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 апрели соли 2025
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста