Ҳар кадоме аз панҷумин мард ва ҳар нафаре аз шашум зан дар ягон марҳилаи зиндагиашон ба бемории саратон гирифтор мешаванд. Дар ин бора бо назардошти нишондиҳандаҳои соли 2018 аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ маълумот медиҳанд, хабар медиҳад Маркази иттилооти СММ.

Муаллифони гузориш – мутахассисони Агентии байнулмилалии омӯзиши саратон маълумоти оморӣ аз 185 кишвари саросари дунё ва 36 шакли гирифторӣ ба бемории саратонро ба риштаи таҳлил кашидаанд.

Тибқи арзёбии коршиносон, имсол табибон беш аз 18 млн. ҳолати нави бемории саратонро ташхис намуда, наздики 9,6 млн. нафар аз ин беморӣ ҳалок мешаванд.

Маълумоти омории хушбинкунанда низ вуҷуд дорад: шумори одамоне, ки баъди ташхиси аввалия беш аз панҷ соли дигар ҳаёт ба сар бурдаанд, ба 43,8 млн. нафар расидааст, яъне тиб дар ин самт ба пешравиҳо ноил гардидааст. Афзоиши шумори беморон асосан ба пиршавии аҳолӣ вобаста аст, зеро имкони гирифторӣ ба ин беморӣ бо болоравии синнусол зиёдтар мешавад.

Қариб нисфи ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории саратон ба кишварҳои Осиё рост меояд ва бештар ба он марбут аст, ки дар ин қора 60 фоиз аҳолии сайёра зиндагӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, ин нишондиҳанда барои сокинони Аврупо 23,4 фоизро ташкил медиҳад, ҳарчанд шумори аҳолии он ба 9 фоиз аз аҳолии саросари дунё баробар аст.

Дар маҷмӯъ нисбат ба давлатҳои дар ҳоли рушд қарордошта, сатҳи бемории саратон дар кишварҳои рушдёфта чандин маротиба зиёдтар аст. Лекин сокинони кишварҳои рушдашон нисбатан камтар, масалан кишварҳои Осиё ва Африқо барои зинда мондан имкони камтар доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.