Дар шимоли Тоҷикистон як нафар барои ташкили фаъолияти ифротгароӣ муттаҳам ва барои 5 сол равонаи зиндон шудааст.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Аминов, сокини 46-солаи ин шаҳрро ба он гунаҳкор донистааст, ки “дар шабакаҳои иҷтимоӣ навору навиштаҳои хусусияти динидоштаро ҷонибдорӣ мекард”.
Шаҳриёр Искандарзода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Ҷамшед Аминов 15-уми август, мувофиқи моддаи 307, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) айбдор дониста шуд.
Ҷамшед Аминов аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд шикоят кардааст, аммо додгоҳи вилояти Суғд баъди баррасии шикояти ӯ, 9-уми октябр ҳукмро бетағйир мондааст.
Шаҳриёр Искандарзода гуфт, Ҷамшед Амонов соли 2021 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи “Jamshed Aminov” саҳифа боз карда, то замони боздошт шудан аз он истифода кардааст.
Дар ҳукми Аминов зикр шудааст, ки ӯ аз саҳифаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба даҳҳо гурӯҳи (номи чанд гурӯҳ зикр шудааст) мӯҳтавои динидошта обуна шуда, дар зери наворҳои динӣ, аз ҷумла мавъизаҳои шайхҳои арабтабор, ки бештар ба забони русӣ буданд, “лайк” гузоштааст ва онҳоро ба дӯстонаш фиристодааст.
Аммо маълум нест, ки ин гурӯҳҳо дар куҷо ифротиву мамнӯъ эълон шудааст, мӯҳтавои он чӣ гуна ташхис гардидааст, тамошову писандидани он ва ё ирсоли он ба дигарон хилофи қонун аст.
Назари худи маҳкумшуда ва наздиконаш ҳам оид ба иттиҳом ва ҳукм маълум нест.
Бояд гуфт, ки дар вилояти Суғд барои ҷонибдорӣ ва тарғиби ақидаҳои динӣ ҳамасола даҳҳо сокинон аз озодӣ маҳрум мешаванд ва ин омор тамоюли зиёдшавӣ дорад. Танҳо дар шаш моҳи имсол суди вилояти Суғд 110 парвандаи ҷиноятиро нисбати 130 нафар вобаста ба терроризм ва экстремизм баррасӣ кард, ки дар қиёс бо соли гузашта 39 адад зиёд аст.
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон бо бинои таъмиршудаи Филармония шинос шуд ва ба сохтмони бинои нави Кумитаи андоз оғоз бахшид
Рамазон Қодиров ду мансабдори баландпояи Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон танқид кард
“100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистон. Кистанд онҳо?
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло меравад. Маблағи хидмати ҳарбӣ, сиёҳ кардани шишаи мошин ва ҷаримаҳо зиёд мешавад
“Хурдандеширо намепазируфт”. Муруре ба рӯзгори роҳбари Бадахшони Кӯҳӣ Хушқадам Давлатқадамов
Воқеан, ба поинравии қурби рубл муҳоҷирон гунаҳкоранд? Шарҳ медиҳем.
Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон вазифаи нав гирифт
“Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста