Муҳоҷирон дар Русия дигар имтиҳон аз забони русиро дар ташкилотҳои тиҷоратӣ супорида наметавонанд. Тавре ки “Газета.ру” менависад, 12 мактаби олие, ки ба гузаронидани санҷиш ваколат доштанд, ҳамаи қарордодҳояшонро бо шарикон бекор карданд.
“Ба ин тариқ, қабули имтиҳонҳо аз номи муассисаҳои таълимӣ дар ташкилотҳои тиҷоратӣ қатъ шуд. Акнун имтиҳонҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ танҳо дар донишгоҳҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ ва мақомоти шаҳрҳо қабул карда мешаванд. Дар ҳамаи минтақаҳо шароит муҳайё мешавад. Донишгоҳҳои ваколатдор расмиёти созишномаҳои дахлдорро ба анҷом мерасонанд”, - гуфта мешавад дар хабари Вазорати маориф ва илм.
Дар Русия ба баргузории имтиҳон аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ 9 донишгоҳи зертобеъи Вазорати маориф ва илм, 2 донишгоҳи ҳукумат, 1 мактаби олии Вазорати омӯзишу парвариш ва 1 ташкилоти ҳукумати Маскав ҳуқуқ доранд.
Вазири илм ва таҳсилоти олии Русия Валерий Фалков дар ҷаласаи рӯзи 18 апрел изҳор дошт, ки баргузории имтиҳонҳоро аз ҷониби донишгоҳҳо дар заминаи ташкилотҳои шарики онҳо қатъитар назорат кардан лозим аст.
То дастури Фалков хориҷиён метавонистанд имтиҳон аз забони русиро дар 12 муассисаи таълимии олӣ ва як ташкилоти ҳукумати Маскав, инчунин фирмаҳои тиҷоратии дорои созишномаҳо бо мактабҳои олии ваколатдор супоранд.
Тавре ки РБК хабар медиҳад, байни онҳо бюроҳои тарҷумаи ҳуҷҷатҳо ва марказҳои кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон буданд. Шумори дақиқи онҳо маълум нест.
Ба иттилои «Mash на Мойке», охири моҳи март кормандони пулиси иқтисодӣ барои кофтуков ба яке аз чунин марказҳо - ширкати “Аксиома”-и Петербург омаданд.
Ин ширкат бо пардохти 15 ҳазор рубл ба муҳоҷирон гувоҳнома (сертификатҳо)-и супоридани имтиҳон аз забони русиро медодааст. Тибқи маълумоти Telegram-канал, дар як моҳ тариқи ин ширкат ҳудуди 500 нафар муҳоҷирон гувоҳнома мегирифтаанд, ки ба ширкат наздики 7,5 млн рубл даромад меовардааст. Ба ин амал кормандони мактабҳои олии Петербург низ ҷалб шуда будаанд.
Қазияи ба ин марбут дар Донишкадаи Пушкин
Қарори таҳвияти назорат аз болои сифати баргузории имтиҳон аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия посухе буд ба қазия дар Донишкадаи давлатии забони русии ба номи Пушкин.
Аввали моҳи апрел Кумиттаи тафтишоти Русия хабар дод, ки як гурӯҳи шахсон, аз ҷумла кормандони муассиса ғайриқонунӣ дар бораи гузаштан аз санҷиш гувоҳнома (сертификат) медодаанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ панҷ нафарро боздошт карданд.
Бино ба маълумоти тафтишот, гумонбарон ба таъмини будубоши ғайриқонунии 464 шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Русия кумак кардаанд.
Яке аз иштирокчиёни амали ҷинояткорона - Геннадий Тарасенкоро боздошт ва дигарӣ - собиқ кормнади Донишкада Марина Балабуроваро зери ҳабси хонагӣ гирифтаанд.
Пас аз ин, Нозирот дар соҳаи маориф (Рособрнадзор) ба панҷ мактаби олӣ ҳушдор дод, ки дар вақти гирифтани имтиҳонизабони русӣ ба муҳоҷирон ба қонуншиканиҳо роҳ надиҳанд.
Дар худи Донишкадаи ба номи Пушкин баъди ин моҷрао ректор - Наталя Трухановская бо фармони Вазорати маориф ва илм барои “назорати ғайриқаноатбахш ба баргузории имтиҳонҳо барои хориҷиён” аз мансабаш барканор шуд.