Ахиран дар Тоҷикистон шаҳрвандон бештар бо табу сулфа ва хастагии музмин ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд. Баъзе сокинон гумон доранд, ки зукоми ҳозира як зернавъи коронавируси ХЕС аст, зеро аломатҳои монанд дорад. Аммо дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин маълумотро рад карда, ба "Азия-Плюс" хабар доданд, ки овозаҳо асоси воқеӣ надоранд.
"Дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироят бо штамми нави коронавирус — ХЕС сабт нагардида, айни замон дар кишвар зукоми мавсимӣ мушоҳида мешавад, — хабар доданд дар вазорат. - Ҳама озмоишгоҳҳо фаъол буда, тестҳо барои COVID-19 дастрасанд, аммо ягон ҳолати беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо бисёре аз беморон аз тести коронавирус нагузашта, гумон мекунанд аз коронавирус сироят ёфтаанд, аз ин рӯ, овозаҳо ҳам аз ҳамин ҷо пайдо мешаванд”.
Дар Вазорати тандурустӣ зикр карданд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ ваксинаи зидди коронавирус нест ва маълум ҳам нест, ки кай ворид мешавад.
Ҳамзамон Вазорат аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки чораҳои пешгирӣ, тозагӣ ва гигиенаро риоя намуда, дастҳоро дақиқкорона бишӯянд ва ҳамчунин хонаҳоро салқин нигоҳ доранд. Дар ҳолати баланд шудани ҳарорат ва пайдо шудани сулфа, Вазорат тавсия медиҳад, ки ба табиб муроҷиат кунанд, ва ҳангоми табобати амбулаторӣ дар хона бимонанд.
Дар дигар кишварҳо вазъият чӣ хел аст?
Дар Русия то имрӯз 7 ҳолати сироят аз штамми нави коронавирус — ХЕС ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Роспотребнадзор, варианти асосӣ дар кишвар то ҳол хатти JN.1 боқӣ мемонад.
Ҳафтаи гузашта дар Русия зиёда аз 32 ҳазор ҳолати сироят ошкор шуд, ки ин нисбат ба ҳафтаи қаблӣ 29,8% зиёдтар аст. Вазири тандурустӣ Михаил Мурашко афзоиши бемориро тасдиқ карда, аммо итминон дод, ки доруҳои мавҷуда самараноканд.
Варианти нави коронавируси ХЕС бо вариантҳои пешина аломатҳои монанд дорад: табларза, дарди гулӯ, сулфа, гумшавии ҳисси бӯй ва хастагӣ.
Паҳншавии варианти нави ХЕС дар ҷаҳон моҳи май оғоз гардид. Аввалин маротиба он дар Италия, моҳи июн дар Олмон ва баъдтар дар ИМА, Британияи Кабир, Дания ва дигар кишварҳо низ ошкор шуд. Коршиносон бар ин назаранд, ки ХЕС як зернавъи варианти омикрон аст ва аз гибриди KS.1.1 ва KP.3.3 иборат буда, метавонад базудӣ ба навъи асосии коронавирус табдил ёфта, навъҳои қаблиро иваз кунад.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 17 сентябри соли 2024 гузориши тозаи худро дар бораи вазъи бемориҳо дар ҷаҳон нашр кард. Дар давраи аз 22 июл то 18 августи соли 2024 шумораи ҳолатҳои нави беморӣ ва фавт нисбат ба давраи қаблии 28-рӯза (аз 24 июн то 21 июл) мутаносибан 23 ва 44% афзудааст.