Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонунеро, ки бар асоси он фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои ин кишвар қабул намешаванд, имзо кард. Он 1-уми апрели соли 2025 ба иҷро медарояд.
Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар дода, навиштаанд, ки санад рӯзи 28-уми декабр ба имзо расида, дар махзани иттилооти ҳуқуқии Русия гузошта шудааст.
Ҳамчунин, бар асоси ин қонун, ҳангоми қабул ба мактаб, санҷиши қонунӣ будани ҳузури кӯдак дар қаламрави Русия низ ҳатмӣ хоҳад шуд.
Имтиҳони забони русӣ барои пазируфтани кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия дар муассисаҳои давлатӣ ё шаҳрдорӣ ройгон гузаронида мешавад. Дар қонун гуфта мешавад, ки агар онҳо аз имтиҳон нагузаранд, ба мактаб пазируфта намешаванд.
Думаи давлатии Русия онуни мазкурро даҳаи аввали моҳи декабр қабул кард ва ба ҷонибдории он 409 вакил овоз дода, танҳо як нафар муқобил баромада буд.
Дар ҳамин ҳол чанд пеш як санҷиши Вазорати маорифи Русия нишон дода буд, ки зиёда аз 58% кӯдакони муҳоҷирон забони русиро хуб медонанд.
Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Ҳамчунин, баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд.
Танҳо дар моҳи октябр ба навиштаи расонаҳои русӣ панҷ лоиҳаи қонун ба Думаи давлатӣ ворид шудааст, ки будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар мушкил мекунад.
Вакилони Дума ислоҳотеро роҳандозӣ карданд, ки дарёфти иҷозаи иқомати доими Русияро тариқи издивоҷ бо шаҳрвандони ин кишвар маҳдуд мекунад. Ҳамчунин, дар ин кишвар низоми нави махсуси ихроҷи муҳоҷирон ҷорӣ шуд.
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста