Давоми соли 2024 тибқи қонун як қатор мамнӯъиятҳои ҷиддӣ ва пурсарусадо дар Тоҷикистон ҷорӣ шуд. Аз ҷумла, идгардаки кӯдакон ва хариду фурӯш ва дар макони ҷамъиятӣ пӯшидани “либосҳои бегона” расман манъ гардида, миёни ҷомеа вокунишҳои гуногунро дар пай овард. Инчунин, дар асоси қонун барои хонандагон баъд аз хатми синфи 9-ум тарк кардани мактаб мамнӯъ гардид. “Азия-Плюс” дар охири сол ҳама тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишварро ҷамъ овард, ки ба шаҳрвандон мамнӯъиятҳои навро пешбинӣ мекунад.
Манъи идгардаки кӯдакон
Пурсарусадотарин мамнӯияти сол ин манъи идгардаки кӯдакон буд. Парлумони кишвар моҳи майи имсол лоиҳаи нави Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пазируфт, ки дар асоси моддаи 9-и ин қонун дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “тақдими ширинӣ ва тӯҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”.
Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ин тағйирот “бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо” гирифта шуд.
Маъмулан дар идҳои Рамазон ва Қурбон кӯдакон ба хонаҳои хешовандону ҳамсояҳо барои табрик мерафтанд ва ҳар гуна тӯҳфа мегирифтанд.
Шӯрои уламои Тоҷикистон бори нахуст соли 2017 мухолифи исрофкорӣ ва идгардак изҳори назар карда буданд. Он замон Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон изҳор дошт, ки расми идгардак дар ҳадисҳои паёмбар (с) зикр нашуда, гузашта аз ин, барои кӯдакон хатарнок ҳам ҳаст: онҳо ба ҷойҳои ношинос мераванд, аз роҳҳои мошингард мегузаранду дар хонаҳои баландошёна равуо мекунанд.
Аммо ду соли ахир мавзӯи идгардак басо доғ гардид. Мақомот ҳам дар ин замина маҳдудиятҳо ҷорӣ карда, ҳатто барои ба идгардак нарафтани кӯдакон аз волидонашон забонхат гирифтанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештари сокинон зидди манъ кардани идгардак ибрози назар мекарданд.
Баъд аз қабули қонун ҳам сокинин вокунишҳои гуногун карда, гуфтанд, ки беҳтар буд кӯдаконро аз хурсандӣ маҳрум накунанд. Аммо сарфи назар аз ҳама вокунишҳо идгардак дар кишвар расман манъ гардид.
Хариду фурӯш ва пӯшидани “либосҳои бегона”
Мамнӯияти дигари пурсарусадои соли 2024 расман манъ гардидани “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо” буд.
Ин маҳдудият ҳам моҳи майи имсол дар асоси моддаи 18-и Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” расман ҷорӣ шуд, вале масъулин истилоҳи “либоси бегона”-ро ба таври гуногун шарҳ доданд.
Вакили парлумон Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, зери мафҳуми “либоси бегона” дар баробари ҳиҷоб ва сатр, инчунин, “абаяҳо”-и дароз ва сиёҳ, ки аз кишварҳои арабӣ омадаанд, ҷинсҳои дарида ва либосҳои хеле кӯтоҳ ва нимурён дохил мешаванд, ки дар асоси қонуни нав пӯшидани онҳо манъ аст.
Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг, дар як нишасти матбуотӣ, ки худ шиму костюм ба бар карда буд, кӯтоҳ гуфт, “либоси аврупоӣ ба фарҳанги мо бегона аст”.
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯраи уламои Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи “либоси бегона” ҳимоят карда, гуфт, ки либоси миллӣ ҳам бояд мувофиқи муқаррароти ислом бошад.
Баъдтар Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо судури як фатво аз либоси миллӣ ҳимоят намуда, ба занону духтарон тавсия додааст, ки “аз пӯшидани ҳар гуна либосҳои ба фарҳангу мазҳабу миллати мо бегона ва ғайриахлоқӣ, ки бо ҳадафҳои ғаразнок тарғиб мешаванд, худдорӣ намоянд”.
Шӯрои уламо бо судури ин фатво пӯшидани “либосҳои танг”, “сиёҳ”, “ҳарир” ва дигар навъи либос, ки узвҳои баданро намоён мекунад, ғайриахлоқӣ ва бегона хонда, тавсия дод, ки занону духтарони тоҷик аз пӯшидани онҳо худдорӣ кунанд. Зеро, ба гуфтаи Шӯрои уламо, “ранги сиёҳ аз назари мазҳаби мо ҳатмӣ набуда, бо хусусиятҳои миллӣ ва шароити ҷуғрофии мо низ созгор нест”. Аммо дар ин фатво мушаххас гуфта нашудааст, ки манзур аз “либоси сиёҳ” ва “ба фарҳанги мо бегона” чист.
Тасмими манъи пӯшидани либоси бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб дар ҷомеа вокуниши гуногунро ба миён овардааст. Аз ҷумла, дар шабкаҳои иҷтимоӣ наворҳое пахш шуд, ки кормандони номаълум бархе занонро боздошт ва маҷбур мекунанд, то сатрашонро гиранд ва ё онро ба “усули тоҷикӣ” банданд.
Фурӯшандагоне, ки солҳо ба фурӯши сатру ҳиҷоб ва либосҳои арабӣ машғул буданд, ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло аз фурӯши ин гуна либосҳо худдорӣ мекунанд. Гурӯҳи дигари ҷомеа аз қабули ин қонун ҳимоят карданд.
Гуселу пешвози ҳоҷиён ҳам расман манъ шуд
Дар асоси моддаи 13-и Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи оила гузарондани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон пешбинӣ гардида, тақсими тӯҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шуд.
Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, “солҳои охир шумораи умракунандагон афзуда, аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ҳангоми пешвози умракунандагон ба зиёдаравию исрофкориҳо роҳ дода мешавад”.
Ба ҳоҷиён ва умракунандагон ҷойи маъракаҳои манъшуда имкони анҷом додани корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод шудаанд.
Бадъи синфи 9-ум аз мактаб баромадани хонанда манъ гардид
Яке мамнӯъиятҳои дигари соли 2024, ки бар хилофи се маҳдудияти боло бесарурсаро ва бисёр хуб пазируфта шуд, ҳатмӣ шудани таҳсили хонандагон дар синфҳои 10 ва 11-ум буд.
Дар асоси тағйироте, ки моҳи феврал ба Қонун “Дар бораи маориф” ворид шуд, таҳсили хонандагон дар синфҳои 10 ва 11 (таҳсилоти миёнаи умумӣ) ҳатмӣ гардид. Дар сурати қатъи таҳсил, хананда бояд омӯзишро дар колеҷу техникумҳо идома диҳад.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи қонун дар назди вакилон гуфт, “ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ барои баланд бардоштани имкониятҳои низоми маориф ва раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунад”.
Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ (синфи 1 то 4) ва умумӣ (сифни 5 то 9) барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ буд ва онҳо метавонистанд баъди хатми синфи 9 таҳсилро қатъ кунанд.
Масъалаи тарки мактаб кардани хонандагон, махсусан духтарон баъди хатми синфи 9 солҳо ба ин сӯ доғ буд. Созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон нигаронӣ мекарданд, ки волидон баъди синфи 9 аксар духтаронро иҷборӣ аз мактаб бароварда, хонашин мекунанд ё ба шавҳар медиҳанд.
Бо мошин ба мактаб омадани хонандагон ҳам манъ шуд
Дар асоси тағйирот дар моддаи 16-и Қонун “Дар бораи маориф”, ки 1-уми марти соли 2024 ворид шуд, бо воситаҳои нақлиёт ба мактаб ҳозир шудани хонандагон ҳам расман манъ гардид.
Аз Бозрасии давлатии автомобилии ВКД рӯзи 27-уми декабр ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки шаҳрвандон аз 16-солагӣ ҳуқуқ доранд, ки шаҳодатномаи ронандагии категорияи “А” бигиранд. Аз ин рӯ, то кунун бархе хонандагон бо мототсикл, сукутер ва дигар навъи нақлиёти дучарха, ки расман ҳуқуқи ронандагӣ доштанд, ба мактаб мерафтанд.
Ғайр аз ин, бархе хонандагон ғайриқонунӣ бо воситаҳои нақлиёти волидонашон ба мактаб ҳозир мешуданд. Баъд аз қабули тағйирот ба Қонун “Дар бораи маориф” ҳамакнун бо ҳама гуна нақлиёт ба мактаб рафтани хонандагон манъ гардид.
Аз Вазорати маориф ва илм ҳам имрӯз ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин тасмим пас аз гузаронидани рейдҳои муштарак бо БДА қабул шуд. Дар он рейдҳо ошкор шудааст, ки хонандагон бо воситаҳои нақлиёти, ҳатто гаронарзиш ба мактаб ҳозир мешудаанд.
“Дар натиҷаи рейдҳо ошкор шуд, ки вақте хонанда бо воситаи нақлиёт ба мактаб меравад, аксаран аз дарсҳо мегурезад, ба ҳарфи омӯзгор гӯш намедиҳад ва ҳатто боиси аз дарсҳо фирор кардани дигар ҳамсинфонаш мешавад. Ба ин хотир, дар асоси қонунгузорӣ бо ҳама гуна воситаи нақлиёт ба мактбар рафтани хонандагон манъ карда шуд”, - шарҳ доданд аз Вазорати маориф ва илм.
Аз ин пеш, соли 2010 пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз рафтори донишҷӯён ва аз ҷумла ронандагии онҳо, дар асоси Қонун “Дар бораи маориф” омадани донишҷӯён ба донишгоҳ бо мошинро манъ шуда буд.
Аз мактаб хориҷ кардани хонанда ҳам манъ шуд
Дар асоси тағйиру иловаҳои воридшуда ба Қонун “Дар бораи маориф”, ки моҳи марти 2024 қабул гардид, тасмим гирифта шуд, ки аз ин ба баъд хонандагони синфҳои 10 ва 11-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои кирдорҳои номатлуб ё риоя накардани низомномаи муассисаҳои таълимӣ аз мактаб хориҷ карда нашаванд.
Ин тасмим барои таъмини ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба таҳсил равона шудааст. Акнун дар мактабҳо бояд роҳҳои дигари ислоҳи рафтори хонандагонро ҷустуҷӯ намоянд, ба монанди кор бо равоншинос, машварат бо волидон ва чораҳои тарбиявии дигар. Ба гуфтаи масъулин, ин тағйирот имкон медиҳад, ки ҳар як хонанда таҳсили миёнаи пурраро ба итмом расонад.
То қабули ин тағйирот, хонандагони синфҳои 10 ва 11-ум барои кирдори ношоиста аз мактаб хориҷ мешуданд.
Ба клубҳо рафтан ва ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани ноболиғон ҳам манъ гардид
Охири моҳи октябри имсол Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як изҳорот бозиҳои компютерии “Counter Strike”, “Grand Theft Auto” (GTA) ва монанди инҳоро дорои хусусияти зӯроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ номида, гуфт, барои машғул шудани ноболиғон бо он, волидон муҷозот хоҳанд шуд. Агар хонандагони мактаб дар вақти дарс ба ин бозиҳо машғул шаванд, муаллимон низ ҷазо дода мешаванд.
“Тибқи хулосаи экспертизаи таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, бозиҳои “Counter Strike” ва “Grand Theft Auto” (GTA), дорои хусусияти зӯроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ мебошанд”, - гуфта буд сухангӯи РВКД Душанбе Сироҷиддин Шакурӣ.
Ба гуфтаи ӯ, таҳлилҳои мақомоти милитсия нишон додаанд, ки баъзе аз ҷавонону наврасон, дар натиҷаи мунтазам ба чунин бозиҳо машғул гардидан, зери таъсири манфии ин бозиҳо қарор гирифта, ҷиноятҳои гуногун содир кардаанд. Аммо ӯ аз ҳодисаи мушаххас ном нагирифт.